preloader

интизор шавед...

Самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат: ҳимояи рисолаи доктор PhD дар яке аз институтҳои бузурги илмии кишвари Чин

  • 02-май-2026
  • 4 дидани саҳифа

Боз як рӯзи таърихӣ (26.04. соли 2026.) барои илми геологияи тоҷик: Муродов Азамҷон Ҳукуматшоевич, дастпарвари Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи (ИГСЗТС) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар яке аз марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳон – Институти геокимиёи Гуанҷоуи Академияи илмҳои Чин рисолаи доктории худро дар сатҳи баланд ҳимоя намуд.

Ин муваффақияти илмӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи дастгириҳои бевосита ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо шарофати талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар самти таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистон ва Чин, имрӯз барои ҷавонони тоҷик имконияти беназири таҳсил ва пажуҳиш дар муассисаҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам омадааст.

Муродов Азамҷон, ки соли 2021 бо роҳхати ИГСЗТС АМИТ ба Чин фиристода шуда буд, яке аз ҳазорон ҷавононест, ки аз ин имкониятҳои фароҳамсохтаи Пешвои муаззами миллат баҳра бурда, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Пажущиши илмии ӯ таҳти роҳбарии олими шинохта, профессор Гонг-Ҷиан Танг (Gong-Jian Tang) сурат гирифта, ба мавзуи «Гудохташавии пӯстлох ва эволютсияи Помири Ҷанубӣ аз Палеотетис то коллизияи континенталии кайнозой: маҳдудиятҳо аз рӯи геохронология ва изотопҳои Nd-Hf» бахшида шудааст.

Дар рисолаи илмии Муродов Азамҷон Ҳукуматшоевич як қатор натиҷаҳои бунёдӣ ба даст омадаанд, ки назарияҳои пештараро доир ба сохти геологии минтақа такмил медиҳанд:

 1. Муайян кардани «Чоки асосӣ»-и Палеотетис. Пажуҳишҳои Муродов А.Ҳ. собит намуд, ки басташавии уқёнуси қадимаи Палеотетис дар натиҷаи субдуксияи давомдори шимолӣ сурат гирифтааст. Ӯ бо далелҳои геокимиёвӣ исбот кард, ки минтақаи Рӯшон-Пшарт маҳз ҳамон «чоки асосӣ» (suture zone) мебошад, ки бархӯрди плитаҳоро нишон медиҳад, вале минтақаи Танимас на ҳамчун чок, балки ҳамчун ҳавзаи пасиқавсӣ (back-arc basin) тафсир карда мешавад. Ин кашфиёт ба харитаи тектоникии Помир навигарӣ ворид месозад.

 2. Даврабандии коллизияи плитаҳо. Муаллиф муайян кард, ки раванди коллизияи Помири Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳанӯз дар давраи Триаси миёна (тахминан 240 миллион сол пеш) оғоз ёфтааст. Ин марҳила бо метаморфизми шадид ва магматизми пасоколлизионӣ ҳамроҳ буд, ки таҳкурсии кӯҳҳои имрӯзаи Помирро гузоштааст.

 3. Ошкорсозии механизми «анатексис» ва бавуҷудоии гумбазҳои гнейсӣ. Дар давраи кайнозой (аз 35 то 11 миллион сол пеш) раванди асосӣ дар Помир – ин гудохташавии давомдори пӯстлохӣ (crustal melting) мебошад. Муродов А.Ҳ. исбот кард, ки дар ин давра дар натиҷаи анатексис (гудохташавии сангҳои кӯҳӣ дар жарфи замин) гумбазҳои азими гнейсӣ, ба монанди гумбази Шоҳдара, пайдо шуданд. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки Помири Ҷанубӣ дар ин давра яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати тектоникӣ фаъолтарини сайёра будааст.

 4. Иштироки пӯстлохи қадимии архей ва протерозой Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини изотопӣ (Nd-Hf) ин аст, ки дар бавуҷудоии маводҳои магмавии Помир нақши асосиро пӯстлохи қадимии (протерозой-архей) минтақа бозидааст. Саҳми маводи мантиявӣ маҳдуд буда, бештар ҷалби пӯстлохи зерихобидаи (underthrusted) Ҳиндустон ба чашм мерасад. Ин ба олимон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳаҷм ва жарфи зери ҳам рафтани қитъаи Ҳиндустон ба зери Помир хулосаҳои нав бароранд.

 5. Марҳилаҳои пайдоиши конҳои пегматитӣ. Пажуҳиши системаҳои пегматит-гнейсӣ ду марҳилаи асосиро нишон дод:

 - Магмавӣ (12.9–11.0 млн сол): ҳангоме ки гудозаҳои бой аз элементҳои камёфт бавуҷуд омаданд.

 - Гидротермалӣ (11–10 млн сол): ҳангоме ки тақсимоти дубораи элементҳо ва кристаллизатсияи минералҳо ба амал омад. Ин натиҷаҳо барои геологҳо ҳангоми ҷустуҷӯи конҳо дар минтақаи Помири Ҷанубӣ аҳамияти калон доранд.

Рисолаи Муродов Азамҷон Ҳукуматшоевич як пажуҳиши мукаммалест, ки аз «басташавии уқёнуси қадим» то «баландшавии кӯҳҳои Помир»-ро бо рақамҳо ва далелҳои дақиқи лабораторӣ исбот намудааст. Ин асар на танҳо барои илми Тоҷикистон, балки барои фаҳмидани геологияи тамоми низоми кӯҳии Ҳимолой-Тибет-Помир саҳми бузург мебошад.

Ҳимояи муваффақонаи ин рисола бори дигар собит намуд, ки робитаҳои илмию техникии Тоҷикистон ва Чин, ки таҳти назорати доимии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, самараҳои воқеӣ медиҳанд. Ин дастовард на танҳо саҳм дар геологияи ҷаҳонӣ, балки туҳфаи арзандаи олимони ҷавон ба рушди илми ватанӣ ва уствори тавоноии илмии кишвар мебошад.

Роҳбарияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосса ба ҷавонони илмпеша, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои таҳсил ва пажуҳиш дар марказҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос менамоянд.

Ҳамзамон, роҳбарияти Институт Муродов Азамҷонро бо ин муваффақияти дурахшон ва ҳимояи рисолаи доктор PhD дар Чин табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар ҷодаи таҳкими тавоноии илмии кишвар зафарҳои нав ба нав таманно доранд!

Аксҳо аз ҷараёни ҳимояи рисолаи илмии Муродов Азамҷон, Чин, соли 2026.

Сафарализода Н.С.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту