
Бо мақсади иҷроиши амри Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода аз 7-уми апрели соли 2026 таҳти рақами 30001/23-125, барои гузарондани барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия) ва арзёбии ҳолати воқеии нигоҳдорӣ ва истифодабарии молу амвол, инчунин таъмини риояи талаботи меъёриву техникии амалкунанда, таҳти роҳбарии директори Институти геология, схтмони ба заминҷунебӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарализода дар ҳайати зерин гурӯҳи корӣ созмон дода шуд:
Сафарализода Н.С. - директори Институт;
Каримов Р.Ш. - муовини директор оид ба корҳои умумӣ;
Ясинова Ш. - сармуҳосиби Институт;
Ёқубзода Ш.А. - мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ;
Элҷибекова А. - мудири анбори Институт;
Норанҷова И. - муҳосиби молу амволи Институт;
Маҳмудов М.Ю. - ходими илмии Институт;
Нуров Қ. - муҳандиси пешбари гурӯҳи тадқиқоти экспременталӣ;
Ҷураев Раимҷон Усманович - сардори Маркази мониторинги сейсмикӣ;
Бахтиёрӣ Сайтоҷзод - ходими калони илмии Озмоишгоҳи баҳодиҳии хатари сейсмикӣ.

Дар ҷараёни барӯйхатгирӣ вазъи умумии инфрасохтори пойгоҳҳо, ҳолати нигоҳдории молу амвол, сатҳи таъминоти техникӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ мавриди таҳлилу арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Натиҷаҳои таҳлил нишон доданд, ки фаъолияти пойгоҳҳо дар маҷмуъ ба талаботи муқарраргардида ҷовобгӯст. Бо вуҷуди ин, баъзе ҷанбаҳои фаъолият такмили минбаъдаро тақозо менамоянд. Чунончӣ:

Бехатарӣ аз сӯхтор. Ба масъалаи риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳолати мавҷуда ва омодагии воситаҳои аввалияи сӯхторхомушкунӣ санҷида шуда, зарурати назорати мунтазам ва навсозии саривақтии онҳо таъкид гардид. Ба кормандон дастур дода шуд, ки тадбирҳои омӯзиширо оид ба бехатарии техникӣ ва зиддисӯхтор густариш диҳанд.
Зерсохт ва ободонӣ. Сатҳи тозагӣ, тартиботи дохилӣ ва ҳолати иҳотабандии (деворбандии) ҳудуди пойгоҳҳо мавриди санҷиш қарор гирифт. Қайд гардид, ки таъмини муҳити кории мутобиқ ба меъёрҳои беҳдоштӣ ва зебоӣ (эстетикӣ) омили муҳими беҳдошти шароити корӣ мебошад.

Истифодаи замин. Масъалаи истифодаи самараноки порчаҳои замини вобасташуда баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки захираҳои замин бояд танҳо мувофиқи мақсад истифода шаванд.
Дар натиҷаи барӯйхатгирӣ дар пойгоҳи муҳандисӣ-сейсмикӣ 192 адад воситаҳои асосӣ ошкор гардид, ки нисбат ба рӯйхати баҳисобгирии муҳосибӣ 139 адад зиёд мебошад. Сабаби пайдо шудани ин фарқият дар он аст, ки давоми солҳои 2005-2011 ҳангоми гузаронидани инвентаризатсия таҷҳизоти мазкур ба ҳисоб гирифта нашудаанд.
Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки пойгоҳҳои сейсмикии НБО Норак ва Норак (Лангар) деформографҳо ба таҷҳизоти нави сейсмикии рақамӣ ва таъмир ниёз доранд. Барои таъмини пойгоҳҳо бо таҷҳизоти муосири сейсмикӣ ва ченкунанда, роҳбарияти ИГСЗТС АМИТ ҳамкориро бо бонки Ҷаҳонӣ идома дода истодааст.

Дар рафти кор ба масъулони пойгоҳҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, тақвияти интизоми меҳнат, нигоҳдории дурусти молу амвол ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Иҷрои супоришҳои додашуда зери назорат гирифта мешаванд.
Сафарализода Н.С.,
Ёқубзода Ш.А.