Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар, зиндаги кардан бас аст…
Рӯзи Ғалаба ҳар сол 9 - уми май ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Рӯзест, ки дар гузашта басо ботантана ҷашм гирифта мешуд ва ин анъана то кунун дар аксар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ ва фидокории миллионҳо инсонест, ки барои озодӣ ва сулҳ мубориза бурданд. Дар солҳои ҷанг ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон ба фронт рафта, бо душман ҷангидаанд ва бисёриҳо ҷони худро барои ҳимояи Ватан нисор карданд. Қаҳрамониву далерии онҳо то имрӯз дар хотираи мардум зинда аст. Дар имрӯз дар тамоми кишвар маросимҳои ёдбуд баргузор мегарданд: гулчанбаргузорӣ, ҷамъомадҳо, баромадҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанг.
Солҳои ҷанг фидокорӣ ва қаҳрамонии аскарону афсарони шўравиро назире набуд. Имрӯз ҳам оламиён қаҳрамонии муҳофизони қалъаи Брест, ҳимоятгарони Ленинград, Сталинград, Киев, Маскав ва ғайраро фаромўш накардаанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарўз давом кард. Тибқи оморҳо дар мубориза ба муқобили ишғолгарони фашистӣ қариб 27 миллион нафар қурбон шуд, ки дар ин қатор ҳамватанони мо ҳам буданд. Аз корномаи онҳо баъдҳо садҳои шеъру достону повесту романҳо ва хотираҳо навишта шуданд.
Ин ҷо овардани иқтибос аз як суханронии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷоиз медонам, ки фармуданд: “Нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд.Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Хотиррасон менамоям, ки дар он солҳо заҳмату машаққати ақибгоҳ асосан бар дӯши кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд.
Онҳо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуҷуди маҳрумияту машаққатҳои сангин фидокорона заҳмат кашида, ҳам мардуми кишварро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд ва ҳам дар таъминоти муҳофизони озодии халқҳо саҳми арзишманд гузоштанд”.
Рӯзи Ғалаба на танҳо як иди таърихӣ, балки дарси бузурги сулҳ, ваҳдат ва қадршиносии гузаштагон аст. Он моро водор месозад, ки сулҳро ҳифз кунем ва барои ояндаи ором ва шукуфон талош намоем.
Рӯзи Ғалаба барои ҳар яки мо на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи сулҳ, ваҳдат ва эҳтиром ба гузаштагон мебошад. Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки оромии имрӯза бо қимати бузург ба даст омадааст. Шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд» моро водор месозад, ки хотираи қаҳрамононро пос дорем ва барои ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа саҳмгузор бошем. Танҳо бо эҳтиром ба гузашта ва ғамхорӣ ба оянда мо метавонем ҷомеаи орому пешрафта бунёд намоем.
Ба ин муносибат ҳама ҳамкоронам дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, кулли сокинони кишварро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ муборакбод намуда, барояшон сулҳу субот, пешрафтҳои назарраси илмиро таманно менамоям.
Ватан яктост, модар ҳамрадифи ӯ агар донӣ?!
Ба Яздон саҷда кардан, дар Ватан ҳам бегумон фарз аст!
Ходими озмоишгоҳи петрология ва геокимиёи ИГСЗТС АМИТ Ачелдиева М.Ш.