preloader

интизор шавед...

Адолати таърих

  • 22-май-2026
  • 7 дидани саҳифа

Бозгардондани хоки Қаҳарамонони миллат ба Ватан арҷгузорӣ ба бузургон ва эҳтиром ба гузаштагон аст. Аз сӯи дигар иқдоми наҷиб ва бесобиқаву беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Таърихи ҳар миллате бо номи фарзандони фидокораш рақам мезанад. Тоҷикистон низ дар дафтари таърихи худ саҳифаҳои зарринеро дорад, ки бо хуни поки мардони ватандӯст навишта шудаанд. 19 майи соли 2026 санаест, ки барои тамоми тоҷикистониён арзиши баланди таърихӣ дорад: бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушти хоки се тан аз шахсиятщои маъруф, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад - ба ватани азизашон бозгашт ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шуданд.

Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо амали рамзии эҳтиром ба цащрамонони миллат ва шахсиятщои баруманди миллатсоз аст, балки ифодаи амиқи хирад ва масъулияти таърихии давлат дар назди насли гузашта ва оянда мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, имрӯз арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва маънавии халқи тоҷик эҳё гардида, саҳифаҳои муҳими таърихи давлатдории миллӣ аз нав бозшиносӣ мешаванд.

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ: МЕЪМОР ВА ПОСБОНИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев), ки солҳои 1881-1937 умр ба сар бурд, яке аз бунёдгузорони давлати тоҷикон ва аввалин Раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ барои ташкили сохторҳои давлатӣ, тараққии маориф ва рушди фарҳанги миллӣ хидматҳои шоён анҷом додааст.

Яке аз ҷасуртарин иқдомҳои Нусратулло Махсум эъломи забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ мебошад. Ҳамагӣ 21 рӯз пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6-уми апрели соли 1925 - ӯ фармони таърихии №19-ро имзо намуд, ки тибқи он тамоми коргузории давлатӣ бояд расман ба забони тоҷикӣ гузаронида мешуд. Ин аввалин санади давлатиест, ки мақоми забони тоҷикиро дар коргузории давлатии Тоҷикистон расмияти ҳатмӣ мебахшид.

Ин иқдоми ҷасуронаи ӯ дар он давра боиси эътирозу муқовимати шадиди намояндагони ҳизбиву давлатии шуравӣ гардид ва дар ниҳоят ба парвандаи ҷиноӣ бар зидди ӯ табдил ёфт. Гарчӣ пас аз чор моҳ ин фармон аз «боло» маҷбуран тағйир ва  пас аз қатли Нусратулло Махсум он умуман бекор карда шуд, забони тоҷикӣ танҳо соли 1989 дубора ба ҷойгоҳи расмии худ баргашт. Аммо бегумон, ин иқдом чун як саҳифаи заррини муборизаҳои таърихии халқи тоҷик барои ҳифзи ҳувийяту асолати миллӣ ҷовидон монд.

Нусратулло Махсум дар солҳои сиюм, дар авҷи саркӯбиҳои сталинӣ, ба ҷурми бофтаю бардурӯғ гирифтор ва эъдом гардид. Баъдтар бегуноҳии ӯ расман исбот шуда, имрӯз ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз аст.

ШИРИНШО ШОТЕМУР: МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Шириншо Шотемур (1899-1937) аз оилаи камбағал дар деҳаи Поршиневи Шуғнон ба дунё омадааст. Ӯ ҳаёти пурзаҳмати кӯдакиро пушти сар гузоштааст, чун аз хурдӣ аз навозиши волидайн маҳрум шудааст. Аз кӯдакӣ меҳнат мекард ва бо заҳмат дониш омӯхт, забонҳои русӣ ва ӯзбекиро аз худ кард ва ба саҳнаи сиёсии кишвар омада, яке аз пешгомони ҳаракати миллии тоҷикон гардид.

Дар синни 24-солагӣ ҳифзи обрўю шараф, қадру иззат ва шўҳрати миллати кўҳанбунёди зери фишори пантуркҳо ба дами нобудӣ расида, аз нав гирд овардани қисматҳои парокандаи миллат ва барқарор сохтани давлатдории ҳазор сол пеш барҳамхўрдаи тоҷиконро мақсади ҳаёташ қарор дод.

Хизматҳои таърихии Шотемур барои Тоҷикистон бенaзир аст. Ӯ яке аз ташаббускорони асосии аз ҳайати Ӯзбекистон ҷудо шудани Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфтани он дар соли 1929 буд. Ин қадами бузург барои ташаккули давлатдории тоҷикон сарнавиштсоз гардид. Дар масъалаи ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ шудани вилояти Суғд низ Шотемур нақши муассир дошт: агар ин талошҳо намебуданд, қисми муҳими шимоли Тоҷикистон эҳтимол имрӯз дар ҳайати кишвар намемонд.

Шотемур ҳамзамон ба рушди маориф ва илм аҳамияти зиёд медод. Дар давраи фаъолияти ӯ мактабҳо, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ таъсис ёфтанд ва ӯ барои тайёр кардани кадрҳои миллӣ саҳми фаъол гузошт. Ба ин хотир бисёр таърихшиносон Шириншо Шотемурро «меъмори давлатдории тоҷикон» меноманд. Бо вуҷуди ин ҳама хидматҳо, соли 1937 ӯ низ қурбонии саркӯбиҳои сиёсии СССР гардид. Баъдтар бегуноҳии ӯ расман исбот шуда, ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардид.

Имрӯз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, кӯчаҳо ва муассисаҳои зиёде номи ӯро доранд.

НИСОР МУҲАММАД: ПОЯГУЗОРИ МАОРИФ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ

Нисор Муҳаммад (Юсуфзай), ки соли 1897 дар Пешовар таваллуд шудааст, шахсияти нодире буд, ки заминаи фарҳангию сиёсии мутафовут дошт. Ӯ аслан аз муҳити Афғонистон буд, яке аз иштирокчиёни Ҷанги сеюми Англия ва Афғонистон (1919) ба шумор мерафт ва баъдтар ба Осиёи Марказӣ омада, бо зиёиёни тоҷик ҳамкорӣ кард ва ба яке аз шахсони калидии ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Нисор Муҳаммад аз наздиктарин ҳамсафони Шириншо Шотемур буд ва дар баланд шудани мақоми Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Автономӣ ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ дар соли 1929 саҳми калон гузошт. Аммо аҳамияти талошҳои ӯ пеш аз ҳама дар соҳаи маориф ва бедории фикрии миллат зоҳир мешавад. Ҳангоми комиссари халқии маориф буданаш мактабҳои аввалин таъсис ёфтанд, китобҳои дарсӣ нашр шуданд ва тайёр кардани донишҷӯёни тоҷик дар Москва, Ленинград ва Тошканд оғоз гардид.

Нисор Муҳаммад худ забоншинос ва маорифпарвар буд - забонҳои пушту, форсӣ, русӣ ва ӯзбекиро медонист ва дар донишгоҳҳо дарс мегуфт. Таърихшиносон мегӯянд: агар Шотемур ва Нусратулло Махсум пояи сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистонро гузошта бошанд, Нисор Муҳаммад пояи маориф ва бедории фикрии миллатро мустаҳкам кардааст.

 Мисли дигар ҳамроҳонаш, соли 1937 ӯ низ бо туҳмат боздошт карда шуда, дар Москва ба қатл расид. Баъдтар бегуноҳии ӯ исбот шуд. Имрӯз дар Душанбе кӯчае ба номи ӯ гузошта шуда, дар бораи ӯ ҳунарманд ва коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ филми мустанади “Нисор”- ро офарид. 

Бозгардонидани мушти хоки ин бузургон ба ватан рӯйдодест, ки дорои маъноҳои амиқи таърихӣ, тарбиявӣ ва миллӣ мебошад.

Аввалан, ин нишонаи адолати таърихист. Давлат ӯҳдадории худро дар назди кӯшишу фидокории гузаштагон эътироф мекунад ва ба мероси онон арзиши шоиста мегузорад. Сониян, ин паёми тарбиявист барои насли ҷавон: ҷавонони имрӯза бояд бидонанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пешрафта бар дӯши онҳост. Солисан, ин тасдиқи пайванди гусастанопазири гузашта, ҳол ва оянда аст: миллате, ки таърихашро мешиносад ва қадрдони гузаштагонаш аст, ояндаи дурахшон хоҳад дошт.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи сиёсию фарҳангии ҷаҳон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омӯзиши таърихи воқеии миллат аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Аз ин рӯ, ҷомеаи илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тамоми зиёиёни кишварро зарур аст, ки дар тарғибу ташвиқи мероси таърихӣ ва фаъолияти ин шахсиятҳои бузурги миллӣ саҳми фаъол гузоранд.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХӢ

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала нишонаи амиқи дарки масъулияти таърихист. Солҳои истиқлол давраи аз нав кашфи шахсиятҳои таърихие гардид, ки замоне аз хотираи миллат зуран маҳв карда шуда буданд. Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди худшиносии ҷомеа заминаи устувор фароҳам меоранд.

Имрӯз дар хоки Лучоб на танҳо бузургони миллат оромгоҳ ва хонаи охират ёфтаанд, балки он ба як зиёратгоҳе табдил шуда, ки инсонҳо мераванд, гузаштагонро ба ёд меоранд, аз нақши онҳо дар ҳаёт, пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз ёд мекунанд.

Оромгоҳест, ки пур аз хотираҳои таърихӣ.

ХУЛОСА

Бозгашти хоки муқаддаси Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад ба ватан рӯйдодест, ки ба таърихи нави Тоҷикистон ҳарфи тиллоӣ менависад. Ин се тан - меъмори давлати навин, ҷонибдори забону ҳувийяти миллӣ ва поягузори маорифи тоҷик - умри худро барои сарбаландии халқи тоҷик сарф намуданд. Ин амал ба мо ёдовар мешавад, ки адолат ҳамеша пойдор аст, дер аст ё зуд, адолати фаромӯшшуда рӯи об мебарояд. Миллат ҳафизаи таърихии худро ба якбор хат намезанад, балки ба ёд меорад, хотираи неки азизонашро пос медорад. 

Биёед мо ҳам - ҳар кадоме дар ҷойгоҳи худ - ин мероси гаронбаҳоро нигоҳ дорем, ба ҷавонон бирасонем ва садои ин қаҳрамононро ҳамеша дар гӯши таърих зинда нигоҳ дорем.

Арҷгузорӣ ба Қаҳрамонони миллат - ин арҷгузорӣ ба таърих, давлатдорӣ, истиқлол ва ояндаи миллат мебошад.

 

Абдулзода Шерзод Балаҷон

Ходими калони илмии озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (ИГСЗТС АМИТ)

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту