preloader

интизор шавед...

Корҳои таъмиру ободонӣ дар пойгоҳҳои сейсмикии Ғарм ва шаҳри Хуҷанд

  • 11-май-2026
  • 82 дидани саҳифа

Бо мақсади беҳтар намудани шароити кор, фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолияти касбӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии шабакаи мониторинги сейсмикӣ, дар пойгоҳҳои сейсмикии Ғарм ва шаҳри Хуҷанд  корҳои ободонӣ ва таъмири асосӣ анҷом дода шуданд.

Дар доираи тадбирҳои анҷомдодашуда таъмири асосии бино ва  хоначаҳои сейсмологӣ ба анҷом расонида шуда, деворҳои дохиливу берунӣ, утоқи корӣ рангубор гардиданд.

Муҳити атроф мутобиқ ба меъёрҳои муосири беҳдоштӣ ва техникӣ ба тартиб дароварда шуд.

Фароҳамсозии фазои муносиб барои фаъолияти кормандон яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ ва техникии Шабакаи мониторинги сейсмикӣ дониста мешавад.

Пойгоҳҳои сейсмикии Ғарм ва шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи зерсохтҳои муҳими низоми ягонаи мониторинги сейсмикии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар омӯзиш ва сабти равандҳои геодинамикӣ  ва сейсмикӣ нақши калидӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру ободонӣ бо дастгирии пайвастаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода  ва директори Институт Носир Сафарализода  амалӣ мешавад.

Таваҷҷуҳ ва мусоидати доимии онҳо ба рушди зерсотҳои илмӣ, барои пешрафт ва барқарорсозии пойгоҳҳои сейсмикӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

 

Расмҳои аз ҷараёни корҳои таъмиру ободонӣ дар ду пойгоҳи сейсмикии ёдшуда:

Расмҳои корҳои ободонӣ аз пойгоҳи сейсмикии Ғарм

Расмҳои корҳои ободонӣ аз пойгоҳи сейсмикии шаҳри Хуҷанд

Мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Ёқубзода Ш.А.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту