
Ҷавонон қувваибузургҳастандваҳармиллатдарҳардаврузамоназ ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.
ЭмомалӣРаҳмон
Оре, кишвари азизу соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед дорад. Чунки ҷавонон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми босазо гузошта метавонанд. Ҷавонон ояндаи ҳар миллату давлат мебошанд. Пешрафти ҷомеа, рушди илму фарҳанг, ободии кишвар аз дониш ва фаъолияти ҷавонон вобаста аст.
Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои миллатанд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи зиёди аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар ҳар суханронии худ таъкид менамоянд, ки созандагию ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва онҳо ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу равони тоза гирифта, ба Модар –Ватан хидмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
Бояд зикр намуд, ки 35 сол мешавад, миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол парафшонӣ мекунад. Ҷавонони соадатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлоли миллӣ, бо пуштибонии сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои устуворона пеша намуда истодаанд.
Бахусус, дар Паёми имсолаи худ ба ҷавонон Пешвои муаззами миллат бори дигар ба илмомӯзии ҷавонон ишорданд ва фармуданд: “Вале таъкид менамоям, ки бо дарназардошти суръати рушди илму техника ва талаботи замона ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Дар чунин шароит омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории инноватсионӣ барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷавонон бояд донанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта вобастагии мустақим дорад.
Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки дар ин марҳала бо иродаи мустаҳкам ба фаъолияти самарабахши илмиву таҳқиқотӣ ва эҷодкориву навоварӣ машғул шаванд”.
Ҳамин тариқ, ҷавононро мебояд амнияту давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намуда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд.
 |
|
ЯДГОРОВ ЁДГОР ХУРШЕДОВИЧ - мудири озмоишгоҳи зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбї тобовар ва сейсмологияи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон
|