
Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 23-уми майҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтирому эътимод ба ҷавонон буда, инъикосгари он аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба неруи созанда, ақлу заковат ва ташаббусҳои ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Пешрафти ҳар як кишвар аз дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонони он вобастагии калон дорад.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун - илму маориф, тиб, варзиш, фарҳанг ва технология — бо дастовардҳои назарраси худ обрӯю мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Дар даврони истиқлол барои ҷавонон имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шуданд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, ҷудо намудани бурсияҳо, дастгирии ҷавонони болаёқат ва баргузор намудани озмунҳои гуногун далели ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад. Ин ҳама некназариҳо ҷавононро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ барои ободии Ватан саҳмгузор бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид намудаанд: «Мо ба ҷавонон ҳамчун неруи бузурги созанда ва идомадиҳандаи кори насли калонсол эътимоди комил дорем».
Ҷавонон бояд ҳамеша барои аз худ кардани донишҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои муосир талош намоянд. Зеро танҳо ҷавонони босавод, худогоҳ ва фаъол метавонанд ҷомеаро ба сӯи пешрафт раҳнамоӣ кунанд. Ҳамзамон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳанги аҷдодӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як ҷавон ба шумор меравад.
Рӯзи ҷавонон барои ҳар як ҷавон рӯзи ифтихор ва масъулият аст. Ин рӯз ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, омӯзишу эҷодкорӣ ва хидмати содиқона ба миллат ҳидоят мекунад. Дар ҳақиқат, ҷавонон ояндаи миллатанд ва фардои дурахшони Тоҷикистон аз фаъолияти созандаи онҳо вобаста мебошад.
Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро ҳамчун неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуда, ба онҳо эътимоди калон зоҳир мекунанд. Дар сиёсати давлатии ҷавонон масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву фаъолияти ҷавонон ҷойгоҳи махсус доранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик бо ҳисси баланди худшиносӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Ин суханон нишон медиҳанд, ки ҷавонон на танҳо ояндаи миллат, балки такягоҳи устувори давлат мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд барои сазовор будан ба ин боварӣ кӯшиш намояд, дониш омӯзад, ахлоқи ҳамида дошта бошад ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузорад.
Ҳамчунин Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи андешаҳои бегона нагарданд ва ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя намоянд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд нуфузу мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик бо неруи созанда, тафаккури нав ва рӯҳи баланди ватандӯстӣ барои ободии Ватан талош мекунанд. Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки ояндаи давлат дар дасташон аст. Танҳо бо меҳнати софдилона, донишандӯзӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавон Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кишвари боз ҳам пешрафта ва обод табдил дод.
Мо ҷавонони саодатманди Тоҷикистон бояд ҳамеша аз фазои сулҳу оромӣ, истиқлоли давлатӣ ва имкониятҳое, ки имрӯз бароямон фароҳам гардидааст, шукргузор бошем. Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии хирадмандона ва заҳматҳои содиқонаи фарзандони ватандӯст рӯз то рӯз ободу пешрафта мегардад. Дар чунин Ватани соҳибистиқлол зиндагӣ кардан барои ҳар як ҷавон мояи ифтихор аст. Мо вазифадорем, ки бо донишандӯзӣ, меҳнати ҳалол, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи ваҳдату сулҳ ба ин сарзамини муқаддас содиқона хидмат намоем. Зеро маҳз ҷавонон идомадиҳандаи роҳи созандагӣ ва бунёдкории миллат мебошанд.
Шукр аз он мекунем, ки дар Ватани тинҷу озод умр ба сар мебарем, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон аст ва барои ҳар як ҷавон шароити илмомӯзӣ ва рушду камол фароҳам мебошад. Бигзор ҳамеша сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва хушбахтӣ дар Тоҷикистони азиз пойдор бошад ва ҷавонони кишвар бо дастовардҳои нав обрӯи миллатро боз ҳам баланд бардоранд.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки Рӯзи ҷавонон на танҳо як ҷашн, балки рӯзи қадршиносии нерӯи ҷавонӣ, рӯзи умед ба фардои дурахшон ва рӯзи масъулияти бузурги ҷавонон дар назди Ватан мебошад. Бигзор ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша сарбаланду муваффақ бошанд ва барои шукуфоии кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд.
Назарбекова Нозукмо Дилдорбековна
магистри курси 1-уми
Институти геология,
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар
ва сейсмологияи АМИТ