
Ҳамасола рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 62 сол пеш бо қарори Анҷумани Шурои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё ҳамчун иди ҳифзи кӯдакон таҷлил гардида буд. Ин сана мо – калонсолонро вазифадор менамояд, ки масъулиятро доир ба саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёт ва тайёр намудани онҳоро ба зиндагии оянда ба дӯши худ гирем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, “Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон” ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор гузошта истодааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад. Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагонӣ мекунанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлоли давлатӣ “Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, “Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон” ва дигар асноди байналмиллалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон мувофиқи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 дарсади сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеа буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубин ва парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудааст.
Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. Дар айни замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилот пурра ба роҳ монда шудааст. Вале дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳои зикршуда аз тарафи баъзе наврасону ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноят, ҳатто ҷиноятҳои вазнин ба назар мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои ноболиғон ба иллати назорати сустии волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, ширкат дар марказҳои дилхушӣ ва истеъмоли шаробу маводи мухаддир сар задаанд. Яке аз ҳадафҳои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳамин аст, ки дар баробари давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк намоянд ва вазифаҳои ба зиммаашон гузошта шударо иҷро намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмиллалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин дар асоси меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад. Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии ӯ фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯза мебошад, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобастагӣ дорад. Инро бояд ҳар яки мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода намоем. Ӯро бояд дар рӯҳи ватандустӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем.
Дар хотима ҳамаи кӯдаконро бо чунин рӯз табрику таҳният намуда, ба онҳо дар навбати аввал саломатӣ, меҳрубонӣ ба волидайн, умри дароз ва хӯшиҳои зиндагиро таманно намуда, бо суханони Абдураҳмон Сулаймонӣ чунин гуфтаниям:
Дуруду хам саломи мо,
Сафову хам каломи мо,
Ба рўзи хифзи кўдакон,
Нисоратон паёми мо.
Салом ба модарони чон,
Ба хоҳару бародарон,
Саломи калби поки мо,
Ба хамдамону ворисон.
Ба обу хоки ин диёр,
Ба чашмахои бегубор,
Дуруди мо саломи мо,
Ба мардуми ба нангу ор.
 |
|
Оймаҳмад Оев,
ходими калони илмии озмоишгоҳи
зилзилатобоварии иншоотҳои
гидротехникии Институти геология, сохтмони
ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ
|