Дар идомаи ташаббусҳо барои ободонии пойгоҳҳои сейсмикӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолияти касбӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии шабакаи мониторинги сейсмикӣ, дар пойгоҳи сейсмикии Иштион корҳои ободонӣ ва таъмиру тармим анҷом дода шуданд.
Натиҷаи арзёбии ҳолати техникии бино нишон дод, ки дар давоми солҳои охир қисми муайяни иншоот бинобар фарсуда шудани қисмҳои сохтмонӣ ба таъмир ниёз доштанд. Баъзе утоқҳои корӣ комилан ғайри қобили истифода шудаанд ва ин ба фаъолияти мунтазами кормандон монеа эҷод менамуд.
Зарур омад утоқҳои корӣ пурра таъмир ва рангубор гардида, намои дохилӣ ва берунии бино ба тартиб оварда шавад. Ҳоло бино рангу намуди дигар гирифт ва ба талаботи рӯз мувофиқ шуд.
Ҳамзамон бо ин, як силсила корҳои поксозии атрофи бино, ободонӣ ва беҳсозии ҳудуди пойгоҳ низ анҷом дода шуд, ки барои фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ мусоидат мекунад.
Ободу зебо гардондани муҳити корӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон ва нигоҳдории зерсохти илмӣ ба шумор меравад. Пойгоҳи сейсмикии Иштион ҳамчун яке аз зерсохторҳои муҳими Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ дар самти мониторинг ва сабти равандҳои сейсмикӣ нақши муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки корҳои ободонӣ ва таъмир бо дастгирии пайвастаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода ва директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарзода амалӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Академия ва Институт барои рушди зерсохтҳои илмӣ ва беҳтар намудани шароити фаъолияти пойгоҳҳои сейсмикӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Расмҳо аз рафти корҳои ободонӣ дар пойгоҳи сейсмикии Иштион: пеш аз таъмир ва пас аз таъмир
Мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии ИГСЗТС АМИТ
Ёқубзода Ш.А.