preloader

интизор шавед...

Баргузории семинари илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

  • 20-июн-2026
  • 37 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори семинар кормандони илмӣ, мутахассисон, омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими рушди соҳаи сейсмология ва сохтмони ба зилзила тобовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба омӯзиши фаъолиятҳои сейсмикии минтақа, мониторинги заминларзаҳо ва роҳҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир дар сохтмон, аз ҷумла татбиқи арматураҳои композитӣ ва базалтопластикӣ дар иншооти сохтмонӣ баҳсу баррасӣ шуданд.         

Зикр гардид, ки ин намуди арматураҳо бо сабаби устувории баланд ба зангзанӣ, вазни сабук, мустаҳкамии зиёд ва дарозумрӣ метавонанд самаранокии таркиботи сохтмониро баланд бардоранд ва бехатарии онҳоро дар минтақаҳои сейсмикӣ таъмин намоянд.

Дар анҷоми семинар аҳаммияти рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи геология, сейсмология ва муҳандисии сохтмон таъкид гардида, зарурати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амалия барои рушди устувори кишвар қайд карда шуд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту