
Рӯзҳои истироҳат барои кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзҳои маъмулӣ набуданд. Рӯзҳое буданд, ки сарҷамъона барои поку озода кардани коргоҳу атрофи он талош карданд. Аслан ин ташаббуси нав нест, ин анъанаи хеле қадимист, ки тақрибан ҳар рӯзи шанберо кормандон рӯзи низофату покӣ медонанд ва гоҳо бонавбат ва гоҳи дигар ҳамагӣ, сарҷамъ ба коргоҳ ҳозир мешаванд ва даст ба поккориҳо мезананд.
Аммо шанбеи гузашта як рӯзи хос буд. Бо даъъвати директори Институт Носир Сафарализода ҳама ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Ин рӯзро рӯзе номиданд, ки Ваҳдати миллиро бо дастовези тоза истиқбол гиранд.



Расму таомули мардуми мост, ки поккориҳоро ҷузъе аз талошҳо барои истиқболи ин ё он ҷашнвора медонанд. Ваҳдати миллӣ низ аз зумраи ҳамон ҷашнвораҳоест, ки арзиши воло дорад.
Ҳудуди сӣ сол аст, ки сокинони кишвар 27-уми июнро чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Бахшида ба ин рӯзе, ки ҷангро дар кишвар хотима бахшидааст, ҳар гуна ҷамъомадҳо, семинару конфронсҳо, ҳамоишу нишастҳо доир мекунанд. Ин рӯзро ситоиш мекунанд, аз гузашта ёд меоранд ва мегӯянд, ки барои расидан ба чунин рӯзе, ки ҳаёти осиштаро армуғон овард, таконе ба худшиносии миллӣ шуд, поляҳои Истиқлолро мустаҳкам намуд, барои шукуфоии ояндаи Тоҷикистони азиз заминаҳоро фароҳам овард, миллат чӣ рӯзҳои сангину мудҳишро пушти сар гузошт.



Дар ин рӯз аз талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд меоранд, ки бо азхудгузаштанҳо, ҷасорати бемисл, миллатдӯстиву ватанпарастӣ ба сӯи мухолифони мусаллаҳ дасти оштӣ дароз кард, то Тоҷикистони азизро аз парешонӣ, нобудӣ наҷот диҳад. Ин аст, ки мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши миллату ватан меномем.
Ду рӯз қабл ба муносибати Рӯзи Ваҳдат дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ семинари илмӣ баргузор шуда буд ва дар он чанд мавзуе, ки ахиран пажӯҳиш рӯи онҳо анҷом шуда буд ва ё дар садади поён ёфтан аст, баҳсу баррасӣ сурат гирифт. Донишмандони Институт дар остонаи ин ҷашни фархунда аз кашфиётҳои илмии худ хабар доданд.
Аммо рӯзи шанбе рӯзи дигар буд. Поккории бино ва атрофи он. Бо ташаббуси директори Институт Носир Сафарализода бори аввал зарфи ин чанд соли охир ин поккориҳо бунёдӣ ва ҳамаҷониба сурат гирифт. Акнун танҳо ба рӯбучини атрофи бино, нигоҳубини долу дарахтон маҳдуд нашуда, кормандон дару дувори биноро оро доданд. Деворҳое, ки аз боду борон рангашон паридаву андоваашон рехта буд, андова карданд, рангубор намуданд.


Боз ҳам лозим омад бехи дарахтон нарм карда шавад, ҷӯйборҳо аз ҳар гуна хасу бодовардаҳо тоза карда шавад, то агар борони шадид борад, об роҳи ба осонӣ бурун рафтан дошта бошад. Ҳарчанд тобистон аст, вале мо шоҳиди боронҳои шадиди селовар ҳам шудаем.
Директори Институт Носир Сафарализода мегӯяд: Институт ба истиқболи ҳар иду ҷашнвора аз қабл омодагӣ мегирад. Имсол мо сивупанҷумин соли Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунем ва аз ҳоло чорабиниҳои ҷашнӣ тарҳрезӣ шудаву омодагиҳо барои истиқболи сазовор аз ин ҷашнвора идома доранд.
Аз ҷумлаи ин тадорукот баргузории ҳамоиши калони илмӣ аст, ки дастранҷи илмии донишмандону пажӯҳишгарони Институт дар мавзуъҳои мухталифи илмии то кунун мавриди таҳқиқот қароргирифта мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.