preloader

интизор шавед...

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст...

  • 24-июн-2026
  • 49 дидани саҳифа

Инак, 29 сол аз имзои Созишномаи сулҳ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифони мусаллаҳи он мегузарад. Ба маънии дигар Ваҳдати мо ба сисолагии худ наздик мешавад. 29 соли ҳамзистӣ зери як парчам, 29 соли дасти ҳам гирифтану ба сӯи ояндаи неку дурахшон роҳ пеш гирифтан. 29 соле, ки таҷрибаи сулҳои тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва кишвари моро чун як давлати сулҳталаб ва сулҳпарвар дар ақсои олам муаррифӣ кардааст. 29 сол аст, ки Тоҷикистони азиз аз ҳавои беғубори сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбари фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафас мекашад.

29 соли созандагӣ, 29 соли таҳкими музаффариятҳои сулҳи ба дастомада, 29 соли қатъи як ҷанги таҳмилие, ки барои нобудсозӣ ва пора кардани Тоҷикистони азиз аз ҷониби душманони миллату давлат тарҳрезӣ шуда буд.

Таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон тавонистанд исбот кунанд, ки миллати соҳибтамаддунанд ва метавоннад миёни ҷангу сулҳ маҳз сулҳи созандаро интихоб намоянд.

Барои расидан ба сулҳи ҳамешагиву пойдор моро лозим омад 8 даври музокарот бо мухолифонро пушти сар гузорем. Наметавон дар остонаи ҷашни Ваҳдат аз  ин таърих ёд накард. Даври якум аз 5-умто 19 уми апрели соли 1994 дар Маскав, даври дуюм аз 18-ум то 28-уми июни соли 1994 дар Теҳрон, даври сеюм аз 20-умиоктябрто 2-юминоябрисоли 1994 дар Исломобод, даври чорум аз 22-юми май то 1-уми июни соли 1995 дар Алмаато, даври панҷум аз 30-юминоябрисоли 1995 то 21-умииюлисоли 1996 дар се марҳалаитӯлонӣ дарАшқобод, даври 6-ум аз 5-умто 19-умиянвари соли 1997 дар Теҳрон, даври ҳафтум аз 26-умифевралто 8-умимарти соли 1997 дар Маскав, даври 8-ум (марҳалаи 1-умаз 9-умто 16 умиапрелисоли 1997, марҳалаи 2-юмаз 22-юмто 28-умимайисоли 1997) дар шаҳриТеҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Ва ниҳоят 29-уми июни соли 1997 созишномаи ниҳоии сулҳи тоҷикон дар шаҳри Москав ба имзо расид.

Ҳанӯз ҳам ин мисраҳои таърихии машҳуртарин шоири тоҷик устод Лоиқ Шералӣ, ки дар нахустин рӯзи имзои созишномаи сулҳ иншо шуду, ба назарам бори аввал дар маросими истиқболи ҳайати сулҳи Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Пешвои миллат дар фурӯдгоҳи Душанбе қироат шуд, аз ёдҳо нарафтааст:

Раҳми Парвардигори мо омад.

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадори мо омад...

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Қайд карда бомаврид аст, ки раванди ба эътидол овардани авзои ногувори сиёсиву ҳарбӣ танҳо баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҷиддӣ ва ҳамаҷониба шуруъ гардид. Раиси ҷавон дар аввалин суханронии худ гуфта буданд: “То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худамро ором намеҳисобам.” Ва ба ҳарфи худ содиқ монданд, овораҳо баргардонда шуданд, манзили харобшудаашон таъмир гардид, ҳаёти осоиштаро барояшон давлат таъмин намуд.

Баробари имзои созишномаи сулҳи пойдор Тоҷикистони азиз ба марҳалаи нав – марҳалаи бунёдкориву созандагӣ қадам гузошт ва ин қадами хеле боэътимоду қотеъ буд. Тули ин муддат миллат на танҳо тавонист вайронаҳову харобаҳои ҷанги таҳмилиро бартараф созад, бали аз сол ба соли дигар барои гул-гулшукуфии кишвари азиз гомҳои устувор бардорад. Бунёди роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиву ҷаҳонӣ дошта, рушди саноат, барномарезиҳои муҳиму арзишманди тавсеаи соҳаи маориф, барномарезиҳои бунёдӣ барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ғайра моро қадам ба қадам ба расидан ба ҳамон орзуи шукофон дидани Тоҷикистони азиз наздик кард. 

Ҳадафҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергитикӣ қадам ба қадам иҷро мешаванд ва давлату Ҳукумати кишвар ҳоло барномаи бунёдии саноатикунонии Тоҷикистонро амалӣ  менамояд. Кишвари мо дар гузашта ва имрӯз ҳам як кишвари кишоварзист, ки бештар маҳсулоти хоми худро ба бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд. Аммо Ҳукумат таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин натиҷа расид, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил дода шавад. Ин як ҳадафи бузургест, ки намешавад дар як ё ду сол амалӣ гардад. Тарҳрезии ин иқдом барои шукуфоии ояндаи Тоҷикистон талошҳои даҳсолаву бистсола мехоҳад.

Ҳоло мебинем, ки Тоҷикистон бо бунёди бузургтарин корхонаҳои саноатӣ ва тарҳрезии ояндабинона ба сӯи ояндаи неки саноатӣ гомҳои устувор мегузорад. 

Барои расидан ба ҳадафи асосии саноатикунонии Тоҷикистон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифаҳои муҳимми рушди илм ва наздик кардани саноат бо кашфиётҳои илмӣ нақши сазовор бояд ифо кунанд. Ин аст, ки ҳоло дар АМИТ даҳҳо лоиҳаҳои илмӣ тарҳрезӣ шудаанд, ки маҳз барои иҷрои ҳадафи саноатикунонии кишвар равона шудаанд. Яъне, олимони мо ҳамеша аз иҷрограону татбиқкунандагони идеяҳои рушди ҳамаҷорнибаи Тоҷикисиони азиз буданд ва бо кашфиёти таҳқиқоти пурарзиши худ дар шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми шоиста мегузоранд.

Ваҳдат калиди ҳама гуна пирӯзиҳост. Тавре Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Баргусозикоинотазваҳдатаст,

Андариноламҳаётазваҳдатаст.

 

Носир САФАРАЛИЗОДА,

Директори Институти геология, сохтмони

ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту