
25-уми июни соли 2026 с. дар Институти геолоия, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бо ташаббуси озмоишгоҳи петрология ва геокимиёи Институт семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Комплексҳои магматикӣ-ишқории Тиёншони ҷанубӣ ва маъдандории онҳо» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои геология ва минералогия М.Лоиқзода ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорону меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар муҳокима ва музокирот фаъолона иштирок намоянд. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар арафаи таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намудани чунин семинарҳои илмӣ худ арҷгузорӣ ба ҷашнҳои зикргардида мебошад.
Магистри соли 1-уми Институт Назарбекова Н.Д. дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-чун омили асосӣ ва калидии дастовардҳои навин” маърӯза намуд. Вай қайд намуд, ки Ваҳдат яке аз арзишҳои олии инсонӣ ва асоси пешрафту тараққиёти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, имсол мардуми сарбаланди Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу субот, оромӣ ва пешрафт ҷашн мегиранд. Дар тули 29 сол Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо ва дастоварди бузурги таърихӣ барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии осоиштаи мардум хизмат намуда, Тоҷикистонро ба сӯи ободиву шукуфоӣ раҳнамоӣ кардааст.

Ходими хурди илмии озмоишгоҳи мазкур Назирзода Р.Э. дар мавзуи “U/Th дар танаҳои карбонатитии Тоҷикистон”, баромад намуда, қайд намуд, ки дар замони имрӯзи пешрафти иқтисоди кишвар ба пайдоишоти карбонатитӣ диққати махсус ва муҳим зоҳир мегардад. Уран дар таркиби танаҳои карбонатитии Тоҷикистон ба миқдори гуногун: аз 44 то 49 г/т ва торий бошад, аз 55 то 120 г/т тағйир меёбад.
Мудири озмоишгоҳ, доктори илмҳои геология ва минералогия Фарҳод Ғафурзода дар мавзуи “Оид ба хусусиятҳои калсити карбонатитҳои мавзеи Ёсуман (Туркистону Олой)” изҳор дошт, ки тавре аз диаграммаҳо бармеояд, ҷинсҳои мавриди таҳқиқ асосан ба калсиокарбонатитҳо тааллуқ дошта, танҳо нишонаҳои маҳдуди ғанишавӣ бо оҳанро нишон медиҳанд. Ин натиҷаҳо бо маълумоти изотопӣ ва минералогию геокимиёвӣ мувофиқ буда, ба пайдоиши мантиявии гудохтаи карбонатитӣ ва коркарди минбаъдаи пас аз магматии он ишора менамоянд.

Баъдан риштаи сухан ба ходими калони илмии озмоишгоҳ Ҳоҷиев А.К. дода шуд, ки дар мавзуи “Хусусиятҳои петрогеохимияии марҳилаи габбро- плагиогранитоидҳои Помири шимолӣ” ибрози ақида намуд. Мавсуф қайд кард, ки таҳқиқоти петрологӣ-геокимиёвии гузаронидашудаи силсилаи плагиогранитоидии Помири шимолӣ имкон доданд, ки таркиб, шароити ташаккул, табиати геодинамикӣ ва потенсиали маъдандории он ба таври назаррас дақиқ карда шаванд.
Ходими калони илмии озмоишгоҳ Сафаров Л.Ҷ. дар мавзуи “Сулфатҳо дар маъданҳо ва ҷинсҳои маъданҷокунандаи кони магнетит-полиметаллии Оқтош (Қарамазори ғарбӣ)” баромад намуда, дар бораи маъданҳо ва ҷинсҳои дарбаргиранди кони магнетитӣ-полиметаллии Оқтош (Қарамазори ғарбӣ), ки бори аввал минералҳои сулфатии ангидрит, барит ва англезит ба таври муфассал омӯхта шудаанд, маълумоти бештар дода шуд.

Сипас, мудири озмоишгоҳ Ғафурзода Ф.Ғ. дар маърузаи дуюми худ, ки ба “Элементҳои камёфт дар танаи маъдании Ёсуман (Туркистону Олой)” бахшида шуда буд, иброз дошт, ки барои пайдоишоти карбонатитии мавзеи Ёсуман бартарии чандинкаратаи лантаноидҳои сабук нисбат ба лантаноидҳои миёна ва вазнин дар таркиби элементҳои камёфт, инчунин бартарии лантан нисбат ба иттербий ва арзиши баланди таносуби ΣCe:ΣY хос мебошад. Ҳамаи гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки карбонатитҳои мавзеи Ёсуман аз ҷиҳати генетикӣ ва фазоӣ бо ҷинсҳои ишқорӣ алоқаманд мебошанд.

Миқдори элементҳои камёфт дар карбонатитҳои мавзеи маъдании Ёсуман нисбат ба карбонатитҳои комплекси ишқории Дараи Пиёз бо нишондиҳандаҳои пасттар тавсиф мешавад.
Воқеан, солҳои охир бо дастгириву кушишҳои директори Институт Сафарализода Н.С. баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ мунтазам ва дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар умум, семинари илмӣ-амалӣ дар сатҳи баланди илмӣ ҷараён гирифт. Дар фарҷоми кори семинар баҳсу музокироти доманадор сурат гирифтанд ва баъзе пешниҳоди ҷолиб низ садо доданд, ки дар оянда ҳангоми пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муфид хоҳанд буд.





