preloader

интизор шавед...

Мулоқот бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон

  • 01-июл-2026
  • 52 дидани саҳифа

Рӯзи 23-уми июни соли равон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони JICA дар Тоҷикистон Нишио Масая, Мизугучи Юта, корманди барномавии  JICA дар кишвари мо Ҷаъфар Файзибоев, Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Носир Сафарализода, муовини директори Институт Мустафо Лоиқзода, мудири лабораторияи зилзилатобовари биноҳо ва иншоот Ҷаҳонгир Низомов, котиби илмӣ Амриддин Ҳоҷиев, ходими пешбари илмии лабораторияи канданиҳои фоиданок Субҳонқул Мавлонӣ, ходимони илмӣ Фирӯз Раҳимов ва Хуршед Раҳимов ширкат карданд.  

Гуфтанист, ки ин вохӯрӣ ҳамчун идомаи мулоқоти расмии ҷонибҳо аз таърихи 23 – уми апрели соли 2026 буд, ки дар идораи JICA дар Тоҷикистон доир гардида буд. Ҳадафи асосии ин боздиди ҷавобӣ шиносоии наздик бо зерсохтҳои илмӣ, зарфиятҳои техникии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва баррасии амалии самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ташкилоти JICA буд.

Дар доираи ин сафари корӣ, ҳайати меҳмонон бо фаъолияти зерсохтҳои асосии Институт шинос шуда, аз шароити кории мутахассисон бохабар гардиданд.

Ба меҳмонон дар Маркази мониторинги сейсмикӣ системаҳои муосири дарёфт, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти сейсмикӣ дар вақти воқеъ шудани он муаррифӣ карда шуд. Зикр гардид, ки Институт барои мониторинги фаъолияти сейсмикӣ дар минтақа иқтидори зарурӣ дорад.

Дар Осорхонаи геологӣ меҳмонон аз коллексияҳои васеи геологӣ ва маълумоти таърихии ҷамъоваришуда дидан намуданд. Ин фондҳо ҳамчун заминаи бойи илмӣ барои таҳқиқоти ояндаи геологии Тоҷикистон аҳамияти калон доранд.

Дар лабораторияи таҳлили физикӣ-кимиёвӣ намояндагони JICA бо методологияҳои муосири таҳлилӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи лабораториявӣ, ки дар таҳқиқоти илмӣ истифода мешаванд, шинос шуданд.

Зимни боздид аз лабораторияи зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот онҳо пойгоҳи озмоишии марбут ба устувории сейсмикии иншоотро, ки дар он усулҳои нави таъмини бехатарии биноҳо ва иншооти муҳим мавриди таҳлил қарор мегиранд, аз назар гузаронданд.

Дар суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои илмию амалиро баррасӣ карданд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат буданд:

Омӯзиши падидаҳои маъдани ва конҳо: Таҳлили омилҳои омӯзиши амиқи минералҳо, ашёи хоми муҳим, унсурҳои камёфт ва потенсиали нафту гази Тоҷикистон ҳамчун омили рушди иқтисодӣ.

Сейсмология: Тақвияти фаъолияти шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ ва Маркази мониторинги сейсмикӣ барои беҳтар намудани сифати мониторинг.

Рақамикунонии додаҳо: Ҳайати Институт таъкид намуд, ки китобхона ва базаи бузурги гузоришҳо, маълумот ва таҳқиқоти геологии Институт, ки дар давоми солҳо ҷамъ оварда шудааст, ба рақамикунонии ниёз доранд. Ҷониби JICA ба ин ташаббус таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, омодагии худро барои дастгирӣ баён дошт.

Навсозии таҷҳизот: Масъалаи навсозии таҷҳизоти мавҷуда ва харидории дастгоҳҳои муосири таҳлилӣ ва андозагиранда баррасӣ гардид. Дар ин замина, намояндагони JICA таваҷҷуҳи худро ба ин ниёзҳо изҳор дошта, қайд намуданд, ки имкониятҳои мусоидат ба ин равандро дар доираи барномаҳои эҳтимолии ҳамкорӣ хоҳанд омӯхт.

Табодули таҷриба: Намояндагони JICA оид ба лоиҳаҳои гузашта ва самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ маълумот доданд. Тарафайн махсусан оид ба барномаҳои омӯзишии такмили ихтисос барои кормандони Институт гуфтугӯ намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо муҳим мебошад.

АЗ ИН МУЛОҚОТ ЧӢ НАТИҶА МЕТАВОН БАРДОШТ?

Ҳайати JICA таваҷҷуҳи хоссаи худро ба фаъолияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ зоҳир намуда, зикр кард, ки ин дидор ва ин суҳбат барои дарки беҳтари ниёзҳо, дастовардҳо ва тавоноии илмии Институт хеле муфид буд. Намояндагони JICA тасдиқ карданд, ки протоколи мулоқот аллакай ба идораи марказии JICA ирсол гардидааст ва онҳо нақша доранд, ки дар ояндаи наздик раванди ҳамкориҳоро бо Институт оғоз намоянд.

Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда метавонад ба рушди бахшҳои муҳими илм ва саноати Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад.

Хуршед Раҳимов,

ходимии хурди илмии ИГСЗТС АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту