preloader

интизор шавед...

Арзёбии шиддат ва шаклдигаркунии сарбандҳои хокӣ ҳангоми заминҷунбиҳо

  • 29-ноя-2023
  • 240 дидани саҳифа

  Ин мавзуъ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи олимон бо сарварии номзади илмҳои техникӣ Ядгоров Ё.Х. анҷом шудааст.

 

  Соли ҷорӣ кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли ҷорӣ ба таҳқиқи шиддат ва шаклдигаркунии сарбанди хокӣ ҳангоми заминларзаҳои идома доданд.  Маълум шуд, ки дар нимсолаи аввал хадамоти муҳандисӣ-сейсмометрии НБО-и Сарбанд чор заминҷунбӣ, яке бо шиддатнокии 2 балл (05.01.2023) ва боқӣ бо шиддатнокии 3-4 балл (23.02.23, 21.03.23, 23.03.23) ба қайд гирифта шуд. Хадамоти муҳандисӣ-сейсмометрии НБО-и Норак низ чор заминҷунбиро ба қайд гирифт, ки шиддатнокиашон мутаносибан ба 4 балл (21.02.23), 3 балл (05.01.23, 23.03.23) ва 2 балл (23.02.2023) баробар буд. Барои ҳамаи заминҷунбиҳои сабтшуда коркарди аввалияи маълумотҳои ба даст омада, ки ба онҳо чен кардани басомади максималӣ ва давраҳои ба онҳо дахлдор дохил мешаванд, иҷро карда мешавад.

  Чуноне таҳқиқот нишон дод, андозаи ҷойивазкунии уфуқии аломатҳои мушоҳидашуда дар галереяҳо барои соли 2022 баёнгари он аст, ки дар маҷмӯъ аломатҳои мушоҳидашуда тамоили ба самти қисмати поёнӣ ҳаракат карданро (нишонаҳое, кидар қисмимобайнигалерея ҷойгиранд) ҳангоми сатҳи об дар обанбор баландтар будан, дорад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту