Дар ҳудуди Тоҷикистонмониторинги сейсмологии доимӣ бо истифода аз таҷҳизоти пешинаи сейсмикии аналогӣ ва ҳам аз таҷҳизотисейсмикии ҳозирамонирақамӣ бурда шуда истодааст.
Дар асоси маълумотҳои сабтшуда ва бо усулҳои унификатсионӣ коркардшуда ва дар базаҳои маълумотҳои сейсмикии дохилӣ ва байналмиллалӣ ҷамъоварӣ карда шуда, арзёбии хатари сейсмикии эҳтимоли ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи таҳлилгарони байналмиллалӣ маъқул дониста шуд, иҷро мешавад.
Лоиҳаҳои «Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави ҶумҳурииТоҷикистон», «Баҳодиҳии хатари сейсмикии ҳудуди шаҳрҳои Тоҷикистон», «Тадқиқоти ҳолати шиддатнокӣ ва деформатсияшавии бино ва иншоот бо назардошти ҳамтаъсирии онҳо бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» ва «Баҳодиҳии ҳолатишиддатнокию шаклдигаркунӣ вафилтратсиявии сарбанди хокӣ ҳангоми заминҷунбиҳо» бевосита ба тараққиёти назария ва амалияи ба зилзила тобовар будани бино ва иншоот алоқамандии зич доранд. Яке аз натиҷаҳои иҷрои лоиҳаҳои мазкур алоқамандии илм бо истеҳсолот низ мебошад.
Натиҷаҳои дар пойгоҳҳои сейсмогеокимиёвии муассиса ба даст овардашуда, бевосита ба ҷустуҷӯи аломати пешакии заминҷунбиҳо вобастагӣ доранд ва ба коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо мусоидат менамоянд.
Лоиҳаҳои «Минералогияи конҳои маъдании ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Помир)» ва «Системаҳоигранитоидии маъданӣ-магмавииоҳанватиллотавлидкунандаиТоҷикистон», ки бо истифода аз усулҳои физикию кимиёвии муосир иҷро шуда истодаанд, бевосита ба рушди ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок вобаста мебошанд.
Лоиҳаи «Паҳншавӣ ва бўҳрони биотикӣ дар тараққиёти ҳайвонот ва набототи фанерозойи Тоҷикистон ва иқтидори стратиграфии онҳо» ба рушди самти палеонтология ва стратиграфия дар соҳаи геология вобаста мебошад.