preloader

интизор шавед...

Семинари илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ. Таҳлили зоҳиршавӣ ва пасомадҳои заминҷунбиҳои сахт дар Тоҷикистон»

  • 29-авг-2026
  • 21 дидани саҳифа

28  - уми августи соли 2026 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони «Таҳлили зоҳиршавӣ ва пасомадҳои заминҷунбиҳои сахт дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии семинар баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши заминҷунбиҳои сахт, таҳлили зуҳуроти макросейсмикӣ, арзёбии пасомадҳои заминларзаҳо, инчунин муаррифии усулҳо ва технологияҳои муосири коркарду таҳлили маълумоти сейсмикӣ буд.

Дар кори ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, кормандони илмӣ ва намояндагони сохторҳои Институт иштирок намуда, масъалаҳои мубрами сейсмология ва омӯзиши равандҳои геодинамикии ҳудуди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Семинарро директори Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Сафарализода Носир Саидҷалол ифтитоҳ намуда, иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Директори Институт дар суханронии муқаддимотии худ таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла геология ва сейсмология, имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар ин давра заминаҳои илмӣ ва техникии омӯзиши сохтори геологӣ, равандҳои геодинамикӣ ва сейсмикии кишвар таҳким ёфта, зарурати таҳқиқоти мунтазам дар самти арзёбии хатари сейсмикӣ боз ҳам бештар гардид.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи географӣ ва сохтори тектоникӣ дар минтақаи фаъоли сейсмикии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, омӯзиши заминҷунбиҳо ва оқибатҳои онҳо яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, таҳлили заминҷунбиҳои гузашта барои муайян намудани қонуниятҳои зоҳиршавии онҳо, арзёбии дараҷаи осебпазирии минтақаҳо ва таҳияи чораҳои муассири коҳиши хатари сейсмикӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи семинар роҳбари Маркази мониторинги сейсмикӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия Р.У. Ҷураев бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Пайомадҳои заминларзаи Мурғоб дар таърихи 23-уми феврали соли 2003 ба Помир” баромад намуд.

Дар маърӯза хусусиятҳои заминҷунбии Мурғоб, ки 23 феврали соли 2003 дар минтақаи Помир рух дода буд, оқибатҳои он ва зуҳуроти сейсмикии он мавриди таҳлил қарор гириф. Таъкид гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи чунин заминҷунбиҳои сахт барои муайян намудани хусусиятҳои сейсмикии минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ва такмили усулҳои арзёбии хатари сейсмикӣ аҳамияти хос дорад.

Сипас, номзади илмҳои геология ва минералогия А.В. Шварц дар мавзуи «Ярчи Бойғозӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” маърӯза намуда, масъалаҳои пайдоиш ва рушди ярчи Бойғозӣ, омилҳои геологию геоморфологии таъсиррасон ва роҳҳои омӯзишу назорати ин равандро баррасӣ кард.

Зикр гардид, ки дар шароити мураккаби кӯҳии Тоҷикистон равандҳои экзогении геологӣ, аз ҷумла ярчҳо, метавонанд ба инфрасохтор, аз ҷумла иншооти гидротехникӣ НОБ-и Бойғозӣ таъсири ҷиддӣ расонанд. Аз ин рӯ, мониторинги мунтазам ва омӯзиши илмии чунин равандҳо барои пешгирии оқибатҳои эҳтимолии онҳо аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи ҳамоиш ходими илмии Маркази мониторинги сейсмикӣ Шарифов Умед Амиргулхонович дар мавзуи “Зуҳуроти макросейсмикии заминҷунбии Мастчоҳ дар таърихи 22 – уми марти соли 2023” маърӯза намуд.

Дар маърӯза хусусиятҳои зоҳиршавии макросейсмикии заминҷунбии Мастчоҳ, дараҷаи таъсири он ба маҳалҳои аҳолинишин ва натиҷаҳои омӯзиши оқибатҳои заминларза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки маълумоти макросейсмикӣ дар муайян намудани шиддатнокии заминҷунбӣ дар маҳалҳои гуногун ва арзёбии таъсири воқеии он ба аҳолӣ ва биною иншоот нақши муҳим дорад.

Яке аз маърӯзаҳои дигари семинар ба истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар таҳқиқоти сейсмологӣ бахшида шуд. Муҳандис геофизики Маркази мониторинги сейсмикӣ Ҳоҷимоҳ Ҳикматова дар мавзуи «Истифода аз SeisComP барои коркард ва таҳлили пешрафтаи маълумоти сейсмикӣ дар сейсмологияи минтақавӣ"  баромад намуда, имкониятҳои низоми SeisComP-ро дар самти қабули маълумоти сейсмикӣ, коркарди фаврӣ, муайян намудани параметрҳои заминҷунбӣ ва таҳлили маълумоти сейсмологӣ муаррифӣ кард.

Зикр гардид, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар мониторинги сейсмикӣ имкон медиҳад, ки маълумоти бадастомада сари вақт ва бо дақиқии бештар коркард шуда, барои таҳқиқоти илмӣ, муайян намудани хусусиятҳои заминҷунбиҳо ва арзёбии хатари сейсмикӣ истифода гардад.

Дар бахши музокира иштирокдорони семинар — директори Институт Сафарализода Н.С., доктори илмҳои физикаю математика Каримов Ф.Ҳ.Раҳимов Ф.БазаровАзимов А.Мамадҷонов Ю.Файзиев Ф.А.Муродов Д. ва дигар олимону муҳаққиқон - доир ба мавзуъҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мубодилаи афкор таъкид гардид, ки таҳқиқи заминҷунбиҳои сахт, омӯзиши оқибатҳои онҳо, рушди низоми мониторинги сейсмикӣ ва истифодаи усулҳои муосири таҳлили маълумот аз самтҳои муҳими илмӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ, такмили арзёбиҳои хатари сейсмикӣ ва таҳияи чораҳои коҳиши таъсири заминҷунбиҳо саҳми назаррас гузоранд.

Дар фарҷоми семинар директори Институт Носир Сафарализода зикр намуд, ки рушди илми сейсмология ва геология дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, таҳқиқоти илмӣ дар ин самт барои ҳифзи аҳолӣ, рушди устувори инфрасохтор ва таъмини амнияти сейсмикии кишвар аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст.

Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои табодули таҷриба, муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқот, таҳкими ҳамкории илмӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавон заминаи мусоид фароҳам оварда, дар рушди минбаъдаи сейсмологияи ватанӣ нақши муҳим мегузорад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту