
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти касбӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии Шабакаи мониторинги сейсмикӣ дар пойгоҳи сейсмикии Ғарм, воқеъ дар ноҳияи Рашт, корҳои таъмиру ободонӣ ва навсозӣ анҷом дода шуданд.
Дар доираи корҳои анҷомдодашуда таъмири асосии бинои пойгоҳ гузаронида шуда, дарвоза, болопӯш ва намои бино рангубор гардиданд.
Ҳамчунин, деворҳои дохилию берунӣ ва утоқҳои корӣ таъмиру рангубор шуда, ҳудуди пойгоҳ бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва техникӣ ба тартиб дароварда шуд.
Иҷрои корҳои ободонӣ ва таъмирӣ дар пойгоҳ барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, нигоҳдории зерсохти мавҷуда ва фароҳам овардани муҳити муносиб ҷиҳати анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва техникӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пойгоҳи сейсмикии Ғарм яке аз зерсохтҳои муҳимми Шабакаи мониторинги сейсмикии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар анҷом додани мушоҳидаҳои мунтазами сейсмикӣ, бақайдгирии заминҷунбиҳо, ҷамъоварии маълумоти сейсмологӣ ва омӯзиши равандҳои геодинамикии минтақа нақши муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру ободонӣ дар пойгоҳи сейсмикии Ғарм ва дигар пойгоҳҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии пайвастаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода ва директори Институт Носир Сафарализода амалӣ мешавад.

Таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институт ба рушди зерсохти илмӣ, таҳкими заминаи моддию техникии пойгоҳҳои сейсмикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.
Анҷом додани чунин корҳои созандагиву ободонӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи сиёсати созандагӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи илм ва таҳкими зерсохтҳои илмии кишвар мебошад.



Ш. Ёқубзода,
мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ
Расмҳо аз ҷараёни корҳои таъмиру ободонӣ дар пойгоҳи сейсмикии Ғарм, ноҳияи Рашт.