
Ҳамдиёрони азиз, сокинони босаодати кишвар!
Бо камоли ифтихор шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, рӯзгори обод, саодати хонаводагӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту шукуфоии рӯзафзунро орзу менамоям.
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик, заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари маҳбубамон роҳи пурифтихори рушду созандагиро тай намуда, ба марҳилаи нави тараққиёти устувор ворид гардид.
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои маъруфи байналмилалӣ равобити худро густариш дод. Донишмандони тоҷик дар пуровозатарин конфронсу семинарҳо ва тарҳҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд ва ҳамзамон бо омӯхтани таҷрибаи дигарон таҷрибаи илмии худро низ мубодила мекунанд.
Ин гуна ҳамкориҳо имкониятҳои дастрасӣ ба таҷрибаи нав, технологияҳои муосир, захираҳои иттилоотӣ ва мактабҳои илмии пешрафтаро зиёд мекунад. Ҳамзамон шароиту имконе фароҳам меояд, ки бо истифода аз он донишмандони тоҷик натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба гӯшу самъи оламиён мерасонанд. Гувоҳи ин чопи даҳҳо мақолаҳои хуби илмӣ дар беҳтарин маҷаллаҳои илмии олам аст. Шиносоӣ ба ҳавзаҳои илмии олам, бахусус барои рушду тавсеаи илмҳои техникиву дақиқ мусоидат менамояд.
Мо медонем, ки дар олами муосир доштани дониш, таҷрибаи корӣ, пеш бурдани таҳқиқотҳои илмӣ бо пешрафтатарин шеваҳои таҳқиқу баррасӣ нақш мебозад. Маҳз дониш асту таҷриба ва заковати илмӣ, ки инсон бо пешрафтатарин омилҳои рушд метавонад муносибат дошта бошад ва аз комёбиҳои илмии оламиён ба нафъи кишвар истифода кунад.
Бидуни шаку тардид Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази муҳими таҳқиқоти илмӣ дар ин раванд нақши мушоҳидашаванда дорад. Муассисаҳои илмии он ва дар ин росто Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар самтҳои гуногун таҳқиқот анҷом медиҳанд, натиҷаи таҳқиқоти худро барои истифода дар рушди саноат ва сохтмон ироа мекунанд.
Истиқлолт барои мо танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, озодии давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯз ва фардои миллат мебошад.
Бовар дорам, ки ходимони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ваҳдату якдилӣ дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда, сулҳу ваҳдати миллӣ устувор, Ватани маҳбубамон ҳамеша ободу осуда ва мардуми шарафманди тоҷик сарбаланду саодатманд бошанд!
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!