
Имрӯз, 18-уми сентябри соли 2026, дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Озмоишгоҳи канданиҳои фоиданок семинари илмӣ таҳти унвони “Нақши сарватҳои табиӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор гардид. Нишасти илмӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами омӯзиши захираҳои минералӣ, имкониятҳои рушди заминаи ашёи хоми кишвар, таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданок ва арзёбии иқтидори захиравии онҳо равона гардид.
Дар шароити муосир омӯзиш, арзёбӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои гуногунҷабҳаи минералӣ, металлӣ ва ғайриметаллӣ, инчунин имкониятҳои муайян дар соҳаи нафту газ мебошад, ба таҳқиқоти ҳамаҷонибаи илмӣ ҷиҳати муайян намудани иқтидори воқеии захираҳои зеризаминии худ ниёз дорад.
Дар ин замина, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқоти олимону муҳаққиқон, табодули таҷриба, таҳлили масъалаҳои мубрами геология ва минералогия ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Семинари илмиро муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои геологию минералогӣ Мустафо Лоиқзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати баргузории чорабинии илмӣ хайрамақдам гуфт.

Дар оғози семинар таъкид гардид, ки омӯзиши сарватҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданок на танҳо аз нигоҳи муайян намудани захираҳои мавҷуда, балки барои дарёфти манбаъҳои нави ашёи хом, таҳияи усулҳои муосири таҳқиқ ва арзёбии имкониятҳои истифодаи онҳо аҳаммияти хос дорад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки рушди таҳқиқоти геологӣ ва минералогӣ, истифодаи усулҳои муосири ташхис ва таҳлил, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши конҳо ва зуҳуроти минералӣ барои такмили заминаи илмии истифодаи сарватҳои табиии кишвар муҳим мебошад.

Тибқи барномаи кории семинар як қатор маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд, ки доираи васеи масъалаҳои марбут ба геология, минералогия, канданиҳои фоиданок, конҳои металлӣ ва нафту газ, инчунин иқтидори минералӣ-ашёи хоми Тоҷикистонро фаро гирифтанд.
Нахуст, доктори илмҳои геологию минералогӣ, профессор Файзизода Ф.А. дар мавзӯи “Вижагиҳои типоморфии тиллои худрӯй ва магнетит аз конҳои пошхӯрдаи минтақаи Рангкул (Помири Шарқӣ, Тоҷикистон): робитаҳо ва арзёбии манбаъҳои эҳтимолии аввалия" («Типоморфные особенности самородного золота и магнетита из россыпей района Рангкуль (Восточный Памир, Таджикистан): взаимосвязь и оценка возможных коренных источников») маъруза намуд.
Дар маъруза масъалаи омӯзиши хусусиятҳои типоморфии тиллои худруй ва магнетит аз пошхӯрдаҳои минтақаи Рангкул дар Помири Шарқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба муайян намудани хусусиятҳои минералҳо, робитаи байни онҳо ва арзёбии сарчашмаҳои эҳтимолии решагӣ равона гардида, аҳаммияти чунин таҳқиқот барои дарки равандҳои геологӣ ва ҷустуҷӯи манбаъҳои эҳтимолии маъдантӯдаҳои аввалия таъкид гардид.
Сипас, номзади илмҳои геологию минералогӣ Носир Сафарализода дар мавзӯи “Тағйироти полиморфии магнетит аз кони маъдани оҳани Харангони Миёна” («Полиморфные модификации магнетита железорудного месторождения Средний Харангон») маъруза пешниҳод намуд.

Дар рафти баромад масъалаҳои вобаста ба шаклҳои полиморфии магнетит, хусусиятҳои минералогии он ва омӯзиши кони маъдани оҳани Харангони Миёна мавриди таҳлил қарор гирифт. Маъруза аҳаммияти таҳқиқи амиқи хусусиятҳои минералогии маъданҳоро дар муайян намудани шароити ташаккул ва арзёбии хусусиятҳои кони мазкур нишон дод.
Яке аз масъалаҳои муҳими семинар ба омӯзиши захираҳои нафту газ бахшида шуд.
Номзади илмҳои геологию минералогӣ Мавлони С.Р. дар мавзӯи “Кони нафту гази Нефтобод ва таҳқиқоти ҷадид ҷиҳати бозсозии он” маъруза намуда, масъалаҳои марбут ба кони нафту гази Нефтободро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар маъруза зарурати гузаронидани таҳқиқоти нави илмӣ, истифодаи маълумоти муосири геологӣ ва арзёбии имкониятҳои минбаъдаи омӯзиши кони мазкур таъкид гардид. Таҳқиқоти иловагӣ дар чунин самтҳо метавонад барои муайян намудани имкониятҳои бозсозии маълумоти мавҷуда ва арзёбии иқтидори захиравии кон заминаи илмӣ фароҳам оварад.
Масъалаи дигари муҳими семинар ба имкониятҳои Тоҷикистон дар самти таъмини талаботи рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба минералҳои муҳим бахшида шуд.

Номзади илмҳои геологию минералогӣ Фозилзода М.М. дар мавзӯи «Минерально-сырьевой потенциал Таджикистана в системе обеспечения глобальной потребности в критических минералах» маъруза намуд.
Дар рафти баромад масъалаи иқтидори минералӣ-ашёи хоми Тоҷикистон дар заминаи талаботи ҷаҳонӣ ба минералҳои муҳим ва стратегӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, энергетика ва истеҳсолоти саноатӣ омӯзиши захираҳои минералӣ ва муайян намудани имкониятҳои кишвар дар самти минералҳои дорои аҳаммияти стратегӣ метавонад яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти геологӣ ба ҳисоб равад.

М.Фозилзода дар маърузаи худ инчунин аҳаммияти таҳқиқоти минбаъдаи захираҳои минералии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши геологӣ ва истифодаи усулҳои муосири илмиро дар арзёбии иқтидори ашёи хом мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар идомаи семинар Абдулов Ш.Б. дар мавзӯи "Хусусиятҳои геологӣ ва сохтории кони нуқра-полиметаллии Нуҳчашма (Токузбулоқ, Помири Ҷанубӣ)" («Геолого-структурные особенности серебро-полиметаллического месторождения Нухчашма (Токузбулак, Южный Памир)» маъруза пешниҳод намуд. Дар он хусусиятҳои геологӣ-сохтории кони нуқра-полиметаллии Нуҳчашма, воқеъ дар минтақаи Токузбулаки Помири Ҷанубӣ, баррасӣ гардид. Омӯзиши сохтори геологӣ ва хусусиятҳои ҷойгиршавии маъдан дар чунин конҳо барои муайян намудани шароити пайдоиш, паҳншавии маъданшавӣ ва арзёбии имкониятҳои минбаъдаи таҳқиқот аҳаммияти муҳим дорад.

Дар қисми дигари семинар Боронов У.Ҷ. дар мавзӯи “Оид ба минералогияи пошхӯрдаҳои тиллодори водии дарёи Яхсу”баромад намуд.
Дар маъруза масъалаҳои минералогияи пошхӯрдаҳои тиллодори водии дарёи Яхсу, хусусиятҳои таркиби минералогии онҳо ва аҳаммияти омӯзиши чунин объектҳои геологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзиши пошхӯрдаҳои тиллодор дар маҷмӯъ барои муайян намудани хусусиятҳои паҳншавии минералҳои қиматбаҳо, таҳлили манбаъҳои эҳтимолии онҳо ва арзёбии равандҳои геологии ташаккули конҳои пошхӯрда аҳаммияти илмӣ дорад.
Пас аз шунидани маърузаҳо баррасиҳои илмӣ баргузор гардид. Дар муҳокима Мавлони С.Р., Оспанова Н.К., Одинаев Ш.А., Наҷибуллои Рузӣ, Фозилзода М.М., Нарзиев Ҷ. ва дигарон фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаҳои дар маърузаҳо матраҳгардида андеша ва пешниҳодҳои илмии худро баён карданд.

Зимни ин барарсиҳо таваҷҷуҳи иштирокчиён ба масъалаҳои мубрами таҳқиқоти геологӣ, минералогӣ, аҳаммияти омӯзиши муфассали конҳои канданиҳои фоиданок, истифодаи усулҳои муосири таҳлил ва зарурати идомаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардид.
Ҳамзамон, мубодилаи афкор миёни муҳаққиқон имкон фароҳам овард, ки натиҷаҳои бадастомада аз ҷанбаҳои гуногуни илмӣ баррасӣ гардида, масъалаҳои минбаъдаи таҳқиқоти геологӣ ва минералогӣ муайян карда шаванд.
Семинари илмии мазкур дар баробари муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти олимону муҳаққиқон, барои таҳкими ҳамкории илмӣ, табодули таҷриба ва густариши муҳокимаҳои касбӣ дар самти омӯзиши сарватҳои табиии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошт.
Мавзуъҳои баррасишуда нишон доданд, ки таҳқиқоти сарватҳои зеризаминӣ доираи васеи самтҳоро дар бар мегирад: аз омӯзиши хусусиятҳои минералогӣ ва сохтори геологии конҳои алоҳида то арзёбии иқтидори умумии минералӣ-ашёи хоми кишвар ва мавқеи он дар заминаи талаботи муосири ҷаҳонӣ ба захираҳои минералӣ.
Дар ин раванд истифодаи усулҳои муосири таҳқиқ, коркарди маълумоти нави геологӣ, омӯзиши таркиби минералогӣ ва сохтории конҳо ва густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши захираҳои табиии кишвар мусоидат намояд.

Дар маҷмӯъ, семинари илмӣ дар мавзӯи “Нақши сарватҳои табиӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон”бо иштироки олимону муҳаққиқон дар сатҳи зарурии илмӣ баргузор гардида, ба баррасии як қатор масъалаҳои муҳимми геология, минералогия, канданиҳои фоиданок ва иқтидори минералӣ-ашёи хоми кишвар бахшида шуд.
Баргузории чунин нишастҳои илмӣ дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хос дошта, барои муаррифии дастовардҳои илмӣ, таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот ва муайян намудани самтҳои нави омӯзиши сарватҳои табиии кишвар мусоидат менамояд.

Таҳқиқ ва арзёбии илмии захираҳои минералӣ, омӯзиши конҳои металлӣ, нафту газ ва дигар канданиҳои фоиданок, инчунин муайян намудани имкониятҳои истифодаи самараноки онҳо аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки метавонанд дар рушди минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳкими заминаи илмии иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дошта бошанд.
А. Ҳоҷиев,
котиби илмии Институт