
Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамватанони муҳтарам!
Самимона ҳамаи Шуморо ба фаро расидани ҷашни бузурги Меҳргон муборакбод мекунам.
Меҳргони меҳроин яке аз ҷашнҳои бошукўҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим, аз гузаштагони бонангамон ба мо мерос мондааст. Пешиниён онро бо шукўҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қиммати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардид ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Ба дигар маънӣ Истиқлоли давлатӣ ба ҷашни Меҳргон умри дубора бахшид.
Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукўҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосугзори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ дар тамоми кишварамон бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Тавре дар китобҳо омадааст ва пажӯҳишгарони расму оин мегӯянд, мувофиқи расми гузаштагонамон дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Ва ин ба истироҳати кишоварзон ҳам замони муносиб будааст.
Имрӯз ҳам таҷлили Меҳргон ёди гузашта мекунад. Моҳест, ки ҳосили ба заҳмат парвардаи деҳқон ҷамъоварӣ мешавад, моҳе, ки анборҳо пур мекунад, зиндагии моро нурониву зебо мегардонад.
Бигзор таҷлили Меҳргон абадиву ҳамешагӣ бошад!
Як бори дигар Шумо, ҳамдиёрони гиромиро ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон аз самими қалб муборакбод мекунам ва бароятон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Дастурхонатон пурнеъмату пурбаракат бод!
РӯзимеҳрумоҳимеҳруҷашнифаррухМеҳргон,
Меҳр биафзо, эй нигар, меҳри чеҳри меҳрубон.
Масъуди Саъди Салмон
Бо эҳтиром, Носир САФАРАЛИЗОДА, Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ