Дар бораи эҳё ва навзосии кори пойгоҳҳои сейсмикию геофизикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархор, Балҷувон ва Сангвор
Бинобар набудани таҷҳизотҳои сейсмикӣ ва корношоямии таҷҳизотҳои сейсмикии замони Шуравӣ беш 30 сол аст, ки аксари пойгоҳҳои сейсмикию геофизикии Институти геология, сохтмони ба заминыунбь тобовар ва сейсмологияи АМИТ аз фаъолят боз монда буданд.
Боиси хушнудист, ки ин мушкил пайваста дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Щоло имконе фарощам омадааст, ки ибтикору дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Бонки Умумиҷаҳонӣ ин пойгоҳҳо дубора ба фаъолият пардозанд.
Дар доираи зербанди 2.4. “Мустаҳкамкунии база барои таъмин намудани устувории конструксионӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” ба мақсади омӯзиши нишондодҳои динамикии биноҳои ҷамъиятиву истиқоматӣ ва иншооти зерсохтҳои (пулҳою эстакада) шаҳри Душанбе ҳангоми заминҷунбиҳои сахт, таҷҳизоти нави рақамии сейсмикӣ ба Институт ворид карда шуданд. Ин орзуи деринаи олимону пажуҳиҳгарони Институт буд, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ сохт.
Дар доираи амалисозии зербанди 2.4.-и ин тарҳи бунёдӣ корҳои васлу насб ва мавриди корбурд қарор додани воситаҳои нави сейсмикӣ дар пойгоҳҳои сейсмикии Фархор (н. Фархор), Боғи зоғон (н. Балҷувон) ва Иштион (н. Сангвор)-и Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд ва ин пойгоҳҳо ба Маркази мониторинги сейсмикии Институт пайваст карда шуданд.
Корҳои анҷомшуда аз ҷониби мутахассисони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Муродқулов Ш.Я, Ёқубзода Ш.А.) бо дастгирии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. ва таҳти роҳбарии директори Институт Сафарализода Н.С. амалӣ карда шуданд.
Барои нишондодҳои динамикии биноҳои ҷамъиятиву истиқоматӣ корҳои васлкунӣ дар бинои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикиситон (РТСУ), бинои истиқоматии баландошёнаи Мерос ва Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз ҷониби кормандони Институт низ ба анҷом расонида шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти пойгоҳи сейсмикии Фархор, Боғи Зоғон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардида буд ва ҳоло дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои азнавсозию ободонӣ ва насби таҷҳизоти рақамии сейсмикӣ аз нав ба кор дароварда шуданд. Барқарорсозии кори пойгоҳҳо сейсмикию геофизикӣ ба олимони Институт имконият медиҳад, ки мушоҳидаҳои доимии сейсмологӣ дар минтақа аз нав ба роҳ монда шуда, параметрҳои асосии заминларзаҳо ва дигар равандҳои геодинамикӣ бо корбурд аз технологияҳои нави рақамӣ сабт, коркард ва таҳлилу мониторинг карда шаванд.
Ҳамчуноне болотар ишора шуд, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии пойгоҳҳои сейсмикии Институт дар доираи ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кумаки техникии Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Ҳадаф аз ин тадбирҳо устуворсозии заминаҳои модию техникии мониторинги доими сейсмикӣ, бехатарии сейсмикии кишвар, баланд бардоштани самаранокии мушоҳидаҳои абзории сейсмологӣ, пажӯҳиши равандҳои геодинамикӣ ва фароҳам овардани имконияти ҷамъоварии додаҳои сейсмикии боварибахш оид ба таъсири заминҷунбиҳои сахт ба шумор рафта, дар ин замина мутахассисон ва олимони ҷавон омода карда шуда ва дар ояндаи наздик рӯи кор хоҳанд омад. Яъне мушкилоти омодасозии кадрҳои ҷавони соҳаи геофизика ва сейсмология низ ҳали худро то як дараҷаи муайян ёфт.
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пайваста ва устуворсозии робитаи илм бо истеҳсолот, омода намудани мутахассисони ҷавон, муҷаҳҳазгардонӣ ва эҳёи пойгоҳҳои сейсмикӣ ва пеш аз ҳама, арзёбии сатҳи бехатарии сейсмикии аҳолии кишвар миннатдории амиқи худро изҳор менамояд.
Бо эҳтиром,
Сафарализода Н.С.
Аксҳо аз рафти васлу насби таҷҳизоти нави рақамии сейсмикӣ дар пойгоҳҳои дурдасти сейсмикии Фархор, Боғи зоғон ва Иштион, соли 2026











