preloader

интизор шавед...

Барарсии таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди технологияи муосир ва таъсиси озмоишгоҳи нав дар мулоқоти роҳбарияти Институт бо донишмандони Чин

  • 30-окт-2026
  • 35 дидани саҳифа

27 – уми октябри соли 2026 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти директори Институт Сафарализода Носир Саидҷалол бо ҳайати олимону намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю баргузор гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати шашнафараи меҳмонон ва аз ҷониби Институт директори муассиса, муовини директор оид ба илм ва таълим ва котиби илмии Институт иштирок намуданд.

Мулоқоти мазкур дар заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, ҳадафи асосии он баррасии имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳкими робитаҳои мустақими муассисаҳои илмӣ, мубодилаи таҷрибаи касбӣ, татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ ва технологӣ, инчунин муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда буд.

Дар оғози вохӯрӣ директори Институт Сафарализода Носир Саидҷалол меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои ба роҳ мондани муколамаи судманди илмӣ ва баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус бо муассисаҳои илмии кишварҳои дӯст, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани тавоноии илмӣ, такмили заминаи моддию техникии таҳқиқот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси эҳтироми мутақобила, эътимод, манфиатҳои муштарак ва ҳамкориҳои судманд пайваста рушд ёфта, дар баробари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тиҷорат, энергетика ва зерсохтҳо, самти илм ва технология низ дар ин раванд мавқеи муҳим дорад.

Дар ин замина, нақши сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони олии ду давлат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки фароҳам омадани фазои мусоиди ҳамкорӣ барои муассисаҳои илмии ду кишвар имконият медиҳад, ки робитаҳои мустақими касбӣ тақвият ёфта, лоиҳаҳои муштараки илмӣ амалӣ ва таҷрибаи пешқадами илмӣ-техникӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ ДАР СОҲАҲОИ ГЕОЛОГИЯ ВА СЕЙСМОЛОГИЯ

Дар идомаи мулоқот директори Институт оид ба самтҳои асосии фаъолияти илмии муассиса, вазифаҳои муҳими таҳқиқотӣ ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумот пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки геология, омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, таҳқиқи сохтори геологии минтақаҳо, арзёбии равандҳои геодинамикӣ ва омӯзиши хатарҳои сейсмикӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои рушди устувори иқтисодиёт, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ аҳаммияти хосса доранд.

Бо дарназардошти хусусиятҳои мураккаби сохти геологии Тоҷикистон ва ҷойгиршавии кишвар дар минтақаи дорои фаъолияти баланди сейсмикӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои дорои таҷрибаи пешқадам метавонад барои такмили равишҳои таҳқиқот, истифодаи таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани дурустии натиҷаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар ин робита, зарурати роҳандозии таҳқиқоти муштарак, муқоисаи натиҷаҳои бадастомада, мубодилаи маълумоти илмӣ ва истифодаи равишҳои муосири таҳлилӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҷонибҳо муҳим ба будани таҳкими ҳамкориҳоро дар самти омӯзиши равандҳои геологӣ, хусусиятҳои таркибӣ ва сохтории ҷинсҳои кӯҳӣ, таҳқиқи хусусиятҳои петрологию геокимиёвии ҷинсҳои кӯҳӣ, инчунин такмили равишҳои арзёбии хавфҳои геологӣ ва сейсмикӣ таъкид намуданд.

Дар навбати худ, муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю доир ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва технологӣ, таҷрибаи муассисаҳои илмӣ ва марказҳои инноватсионии Чин ибрози назар намуд.

Ӯ ба аҳаммияти таҳкими робитаҳои мустақими байни муассисаҳои илмӣ, ташкили ҳамкориҳои амалӣ ва фароҳам овардани шароит барои мубодилаи дониш ва таҷрибаи мутахассисонро таъкид кард. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи илм дар сурати ба роҳ мондани робитаҳои мустақими байни олимон, пажӯҳишгарон ва озмоишгоҳҳои соҳавӣ метавонанд барои густариши таҳқиқоти муштарак, истифодаи имкониятҳои техникию технологӣ ва пешбурди лоиҳаҳои дорои аҳаммияти амалӣ мусоидат намоянд.

Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати омӯзиши имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқот ва ҷалби мутахассисони соҳавиро ба татбиқи ташаббусҳои муштарак муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки табодули таҷрибаи илмӣ, шиносоӣ бо равишҳои муосири ташхису таҳлил ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ метавонанд ба баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва рушди иқтидори кадрии муассисаҳо мусоидат намоянд.

Зимни барарсӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди таҳқиқоти бунёдию амалӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, самтҳои зерин ҳамчун соҳаҳои дорои имкониятҳои васеи ҳамкорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд:

- анҷом додани таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои геология, петрология, геокимиё ва геофизика;

- омӯзиши таркиб, сохтор, хусусиятҳои физикию химиявӣ ва пайдоиши ҷинсҳои кӯҳӣ;

- такмили равишҳои таҳқиқ ва арзёбии сарватҳои табиӣ, инчунин мусоидат ба истифодаи дуруст ва самараноки онҳо;

- густариши таҳқиқоти сейсмологӣ, мониторинги равандҳои геодинамикӣ ва такмили равишҳои арзёбии хатарҳои сейсмикӣ;

- омӯзиши масъалаҳои вобаста ба сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, истифодаи мавод ва технологияҳои муосири сохтмонӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии биною иншоот;

- ҷорӣ намудани равишҳои нави таҳлилӣ, рақамикунонии равандҳои коркарди додаҳои илмӣ ва омӯзиши имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти геологию сейсмологӣ;

- ташкили мубодилаи таҷриба байни олимон, пажуҳишгарон ва мутахассисони соҳавӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар ин самтҳо метавонанд барои баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ, истифодаи имкониятҳои таҷҳизоти муосир, такмили равишҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ва тақвияти робитаи илм бо талаботи амалии соҳаҳои дахлдор заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Ҳамчунин, масъалаи ташкили конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳои корӣ бо иштироки олимону мутахассисони ду кишвар баррасӣ гардид. Чунин чорабиниҳо барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот, муҳокимаи масъалаҳои мубрами илмӣ, пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ ва таҳияи ташаббусҳои муштараки илмӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

 ТАЪСИСИ ОЗМОИШГОҲИ МУОСИР - ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР УСТУВОРСОЗИИ ТАВОНОИИ ИЛМИИ ИНСТИТУТ

 Яке аз масъалаҳои калидӣ ва дорои аҳаммияти амалии мулоқот баррасии имкониятҳои бунёд ва мавриди корбурд қарор додани озмоишгоҳи нави кунунӣ дар заминаи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Зимни муҳокимаи ин масъалаи калидӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои бунёди озмоишгоҳи замонавӣ ва устворгардонии заминаи моддию техникии Институт ҳамкориҳои минбаъдаро тақвият бахшанд. Ин иқдом яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои амалии илмӣ арзёбӣ гардида, метавонад дар рушди имкониятҳои таҳқиқотии муассиса нақши назаррас дошта бошад.

Таъкид гардид, ки созмон додани озмоишгоҳи наву замонавӣ барои фароҳам овардани шароити зарурии гузаронидани таҳқиқоти амиқу ҳамаҷонибаи геологӣ, минералогӣ, петрологӣ ва геокимиёвӣ, анҷом додани ташхису таҳлилҳои озмоишгоҳӣ ва корбурди равишҳои пешрафтаи илмӣ аҳаммияти махсус дорад. Мавҷудияти заминаи муосири озмоишгоҳӣ имкон медиҳад, ки намунаҳои геологӣ бо истифода аз таҷҳизоти аналитикӣ ва ченкунанда дар дохили кишвар бе хароҷоти иловагӣ таҳқиқ гардида, хусусиятҳои таркибӣ ва сохтории онҳо дақиқтар муайян ва натиҷаҳои таҳлилӣ бо сатҳи баланди эътимоднокӣ ба даст оварда шаванд.

Дар баробари ин, рушди заминаи озмоишгоҳӣ метавонад барои васеъ намудани доираи корҳои таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати натиҷаҳои илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва тақвияти ҳамкориҳои амалӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад. Таъкид шуд, ки истифодаи таҷҳизоти муосир дар якҷоягӣ бо ҷорӣ намудани равишҳои пешрафтаи таҳлилӣ барои такмили раванди таҳқиқот ва мутобиқ намудани фаъолияти илмӣ ба талаботи муосир аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамчунин, таъсиси чунин озмоишгоҳ метавонад ба густариши фаъолияти илмии пажуҳишгарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак мусоидат намояд.

Дар ин замина, зарурати муайян намудани имкониятҳои техникӣ, интихоби таҷҳизоти мувофиқ ба самтҳои фаъолияти илмии Институт ва истифодаи таҷрибаи муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъда арзёбӣ гардид.

РУШДИ ПОТЕНСИАЛИ КАДРӢ ВА ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ

Дар мулоқот ба масъалаи таҳкими потенсиали кадрии Институт ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рушди касбии олимону пажӯҳишгарон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо муҳимияти мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ, ташкили сафарҳои илмӣ ва шиносоии олимони ҷавонро бо дастовардҳои муосири илм ва технология таъкид намуданд.

Қайд гардид, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бояд на танҳо ба тавсеаи робитаҳои муассисавӣ, балки ба таҳкими заминаҳои амалии фаъолияти илмӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки пажуҳишгарон дар лоиҳаҳои муштараки илмӣ равона карда шавад.

Дар ин раванд, ташкили ҳамкориҳои мунтазам байни гурӯҳҳои илмӣ, мубодилаи натиҷаҳои таҳқиқот ва истифодаи имкониятҳои озмоишгоҳию техникии тарафайн метавонад барои баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ ва густариши таҷрибаи байналмилалии пажуҳишгарон мусоидат намояд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷалби олимони ҷавон ба таҳқиқоти муштарак ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди фаъолияти илмии онҳо яке аз омилҳои муҳими таъмини пайдарпайии наслҳои илмӣ ва таҳкими иқтидори таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба зарурати идомаи муколамаи созанда, тақвияти робитаҳои мустақими илмӣ ва муайян намудани имкониятҳои амалии татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои вохӯрӣ барои таҳкими ҳамкориҳои байни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур ва дигар муассисаҳои илмии соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои илмӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир барои такмили равишҳои таҳқиқот, истифодаи самараноки захираҳои илмӣ, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳо ва баланд бардоштани сифати натиҷаҳои илмӣ аҳаммияти рӯзафзун дорад. Ҳамкориҳои судманд дар ин самт метавонанд барои пешбурди таҳқиқоти бунёдию амалӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳои дахлдор мусоидат намоянд.

Мулоқоти мазкур қадами муҳимм дар самти таҳкими робитаҳои илмии Тоҷикистон ва Чин буда, аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар рушди илми муосир ва баланд бардоштани иқтидори таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ бозгӯ менамояд. Бунёди озмоишгоҳи муосир, густариши таҳқиқоти муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва истифодаи дастовардҳои нави технологӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки метавонанд ба рушди минбаъдаи фаъолияти илмии Институт ва тавсеаи робитаҳои байналмилалии он мусоидат намоянд.

Институт минбаъд низ рушди ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки илмӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии таҳқиқотро аз самтҳои муҳими фаъолияти худ арзёбӣ намуда, барои густариши робитаҳо бо муассисаҳои илмии кишварҳои дӯст ва шарик талош хоҳад кард.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту