
31 – уми октябри соли 2026 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии намояндагони институт Директори Институт н.и.г.-м. Сафарализода Н.С., муовини идректор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ Лоиқзода М.Л. ва котиби илмии Институт Ҳоҷиев А.К. бо мутахассисони маркази Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мутахассисони маркази Сиан - Luo Yanjun, Wang Bin, Zhang Haidi ва Lyu Pengrui (сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Геологияи Шимолу Ғарб»), иштирок намуданд.
Мақсади асосии мулоқот таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои илмӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва баррасии имкониятҳои роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ дар соҳаҳои геология, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар буд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи имкониятҳои илмӣ-техникӣ, табодули иттилооти тахассусӣ ва ҷалби тавоноии илмии муҳаққиқон ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати илму технология густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами муассисаҳои илмии хориҷӣ ва татбиқи усулҳои муосири таҳқиқотӣ барои баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аҳаммияти махсус дорад. Аз ҷумла, ҳамкориҳо дар самти омӯзиши сохтори геологии минтақаҳо, таҳлили равандҳои геодинамикӣ, таҳқиқи зуҳуроти сейсмикӣ ва арзёбии хавфҳои вобаста ба заминҷунбӣ метавонанд дар рушди минбаъдаи ин соҳаҳо нақши муҳим дошта бошанд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои илмӣ-нашриявӣ ва имкониятҳои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти олимону муҳаққиқони тоҷик дар нашрияҳои илмии байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Дар ин замина, иштироки сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Геологияи Шимолу Ғарб» барои баррасии имкониятҳои таҳкими робитаҳои нашриявӣ, табодули дастовардҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои касбӣ байни муҳаққиқони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои илмӣ-нашриявӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи муаррифии дастовардҳои илмӣ, густариши мубодилаи афкори илмӣ ва ворид гардидани натиҷаҳои таҳқиқоти ватанӣ ба фазои илмии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти идомаи робитаҳои мутақобилан судманди илмиро таъкид намуда, рушди ҳамкориҳои минбаъдаро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳим арзёбӣ карданд.

Вохӯрии мазкур дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, рушди робитаҳои муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва фароҳам овардани имкониятҳои нави табодули таҷриба қадами муҳим ба шумор меравад.
Бешубҳа, густариши чунин робитаҳо ба таҳкими тавоноии илмӣ-таҳқиқотии Институт, рушди илмҳои геология ва сейсмология, инчунин муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон