preloader

интизор шавед...

Конститутсия - бахтномаи миллат ва роҳнамои давлатдории миллӣ

  • 04-ноя-2026
  • 28 дидани саҳифа

«Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро тавассути қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия дар таърихи ҳар як давлат санади сарнавиштсоз ба шумор рафта, асосҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро муайян менамояд. Он на танҳо қонуни олии кишвар, балки таҷассумгари иродаи халқ, арзишҳои миллӣ, ормонҳои давлатдорӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва роҳнамои боэътимоди рушди давлатдории миллӣ мақоми хос дошта, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муассир мебозад.

6 – уми ноябри соли 1994 бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар марҳалаи навро оғоз бахшида, барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ заминаи устувор гузошт. Аз ҳамон сол инҷониб 6 – уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Конститутсия дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, ташкили фаъолияти мақомоти ҳокимият ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. Моддаи якуми он Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон менамояд. Ин хусусиятҳо на танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки принсипҳои бунёдии давлатдорӣ ва арзишҳое мебошанд, ки рушди минбаъдаи ҷомеа бар онҳо асос меёбад.

Соҳибихтиёрӣ ифодагари мустақилияти давлат дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии он буда, демократия иштироки халқро дар идоракунии давлат таъмин менамояд. Ҳуқуқбунёдӣ бошад, волоияти қонун, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва масъулияти мақомоти давлатӣ дар назди ҷомеаро тақозо мекунад. Хусусияти дунявии давлат барои таъмини озодии виҷдон ва эътиқод, ягонагии давлат барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллӣ, иҷтимоӣ будани он бошад, барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ замина мегузорад.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Дар ин санади бунёдӣ ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ, таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон муқаррар гардидаанд. Ҳифзи ин ҳуқуқҳо, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ва таъмини адолати иҷтимоӣ аз вазифаҳои муҳимми давлат ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд низ уҳдадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром намуда, меъёрҳои қонунгузориро риоя кунад.

Конститутсия ҳамчунин сохтор ва тартиби фаъолияти ҳокимияти давлатиро муайян менамояд. Тибқи принсипи таҷзияи ҳокимият, ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо карда шудааст. Ҳар яке аз ин шохаҳо дар доираи салоҳияти конститутсионӣ фаъолият намуда, дар таъмини фаъолияти муназзами давлат, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва татбиқи сиёсати давлатӣ саҳм мегузоранд. Ин принсип барои таъмини мувозинати ҳокимият, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии ислоҳот ва дигаргуниҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ хидмат намуд. Бо такя ба меъёрҳои он Тоҷикистон дар самти таҳкими сохтори давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Албатта, ин роҳи пуршараф аз мушкилоту монеаҳо холӣ набуд, вале иродаи устувори халқ, сиёсати созанда ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ барои таҳкими давлатдорӣ ва таъмини рушди кишвар мусоидат карданд.

Бо мақсади такмили низоми ҳуқуқии мамлакат ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба талаботи замони муосир 22 –уми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин иқдом ба таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, такмили низоми давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди ҷомеа равона гардид.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ омӯзиш ва дарки моҳияти Конститутсия аҳамияти бештар пайдо мекунад. Хусусан, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ огоҳ бошанд. Маърифати ҳуқуқӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки мавқеи шаҳрвандии худро дуруст муайян намуда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона иштирок кунанд. Зеро ҷомеаи пешрафта аз шаҳрвандони донишманд, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ташаккул меёбад.

Донистан ва эҳтиром намудани Конститутсия танҳо маънои шиносоӣ бо моддаҳои он ва меъёрҳои ҳуқуқиро надорад. Ин пеш аз ҳама, дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа мебошад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва кори мақомоти давлатӣ роҳнамои асосӣ бошад. Риояи талаботи он ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва фароҳам овардани муҳити солими иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот шоистаи зикр мебошад. Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва дастгирии мардуми кишвар пояҳои истиқлоли давлатӣ таҳким ёфта, барои рушди устувори Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Имрӯз, дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд қадру қимати истиқлол ва аҳаммияти Конститутсияро дарк намояд. Зеро истиқлол, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бузурги таърихӣ мебошанд, ки ҳифзи онҳо масъулияти умумии ҷомеа ба шумор меравад. Махсусан, насли ҷавон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҳифзи ин арзишҳо саҳми фаъол гузорад.

Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки бахтномаи миллат, таҷассумгари иродаи халқ ва рамзи соҳибихтиёрии давлат мебошад. Он роҳи рушди ҷомеаро муайян намуда, барои таҳкими адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти давлатдории миллӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ, арҷгузорӣ ба истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан бояд шиори зиндагии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Зеро эҳтиром ба Конститутсия — эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Сафаров Л.Ҷ. – и.в. мудири озмоишгоҳи петрология ва геокимиёи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, х.к.и.,

Назарбекова Н.Д. – магистри соли 2 – и Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту