
Ҳамаи ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.
Муддати бештар аз се даҳсола аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Конститутсия санади олии ҳуқуқист, ки самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян карда, барои татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Агар ба таърих назар андозем, Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уминоябрисоли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Сипас, бо мақсади мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир, се маротиба - 26 сентябрисоли 1999, 22 июнисоли 2003 ва 22 майисоли 2016 ва боз ҳам бо раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки барои таҳкими низоми президентӣ, ҳуқуқи инсон ва рушди низоми парлумонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Маврид ба таъкиду ёдоварист, ки Конститутсия бо муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, салоҳияти мақомоти давлатӣ ва принсипҳои фаъолияти онҳо, инчунин самтҳои муҳимми рушди давлат ва ҷомеаро муқаррар мекунад. Дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон ба масъулияти наслҳо дар назди гузашта, имрӯз ва оянда ва ҳадафи бунёди ҷомеаи адолатпарвару демократӣ ва ҳуқуқбунёд таъкид шудааст. Ин арзишҳо ишора ба он доранд, ки давлатдорӣ танҳо фаъолияти мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти муштарак барои ҳифзи ҳуқуқ, таъмини адолат ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи инсон мебошад.
Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи шаҳрвандон қобили зикр мебошад. Сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонмеҳвари роҳбарияти давлат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори ҷомеа нақши муҳим бозидааст.
Бояд гуфт, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим ва ҳифз карда мешаванд.
Маврид ба таъкид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин танҳо як санади олии ҳуқуқӣ набуда, заминаву пояҳои асосии ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Татбиқи воқеии кафолатҳои ҳуқуқӣ Конститутсия метавонад ба такягоҳи устувори эътимоди ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва зиндагии шоистаи инсон табдил ёбад.
Бидуни шак, эҳтиром ба Конститутсия ин дар навбати аввал риояи қонун, эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини баробарҳуқуқӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аст, ки ин ҳама бдар маҷмуъ аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мебошанд.
Як бори дигар якояки Шумо азизонро, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод меакунам. Бигзор хуршеди осудагиву амонӣ дар кишвари азизамон ҳамеша нурпошӣ кунад,
Бо эҳтиром, Носир Сафарализода,
директори Институти геология,
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар
ва сейсмологияи АМИТ