
Зарфи ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ дар понздаҳ пойгоҳи сейсмикӣ ва сейсмикию геофизикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ таҷҳизоти нави сейсмикӣ насб карда шудаанд.
*** **** ***
Навсозии пойгоҳҳои сейсмикӣ дар доираи ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ, аз рӯи зербанди 2.4-и барномаи «Мустаҳкамкунии пойгоҳ барои таъмин намудани устувории конструксионӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии ин тадбирҳо устоворсозии заминаи техникии мониторинги сейсмикӣ, бехатарии сейсмикии кишвар, баланд бардоштани самаранокии мушоҳидаҳои абзории сейсмологӣ, пажуҳиши равандҳои геодинамикӣ ва фароҳам овардани имконияти ҷамъоварии додаҳои сейсмикии боварибахш оид ба таъсири заминҷунбиҳои сахт мебошад.

Дар доираи ин барнома, аз рӯи нақшаи пешбинишуда, маҷмуи таҷҳизоти рақамии сейсмикии нав барои омӯзиши нишондиҳандаҳои динамикии биноҳои ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ, инчунин иншооти муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла пулҳо ва эстакадаҳо, ҳангоми таъсири заминҷунбиҳои сахт васлу насб карда мешавад. Додаҳои сейсмикии бадастомада барои арзёбии рафтори динамикии иншоот, муайян намудани хусусиятҳои таъсири сейсмикӣ ва фароҳам овардани заминаи илмӣ ҷиҳати баланд бардоштани устувории сейсмикии онҳо аҳаммияти муҳим доранд.
Ҳамзамон, дар оянда дар асоси додаҳои сейсмикии ҷамъоваришуда аз пойгоҳҳои сейсмикӣ ва сейсмикию геофизикӣ, инчунин бо истифода аз натиҷаҳои таҳқиқоти геофизикӣ ва муайян намудани нишондиҳандаи VS30, пажуҳишгарони Институт имконият пайдо мекунанд, ки вобастагии эмпирикии сустшавии амплитудаи мавҷҳои сейсмикиро ҳангоми паҳншавӣ дар ҷинсҳои кӯҳӣ омода намоянд.
Бо ин мақсад, Институт нақша дорад, ки дар мавзеъҳои ҷойгиршавии пойгоҳҳои сейсмикӣ ва сейсмикию геофизикӣ корҳои таҳқиқоти геофизикиро барои муайян намудани суръати миёнаи паҳншавии мавҷҳои арзӣ дар қабати болоии 30-метраи ҷинсҳои кӯҳӣ (VS30) гузаронад. Натиҷаҳои ин пажуҳиш барои муайян намудани хусусиятҳои инженерию геологии майдонҳо, арзёбии шароити маҳаллии сейсмикӣ ва такмили моделҳои ҳисобии таъсири сейсмикӣ заминаи илмӣ фароҳам меоранд.

Дар асоси барномаи навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии пойгоҳҳои сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии Тоҷикистон бо таҷҳизоти рақамии сейсмикӣ, дар пойгоҳҳои сейсмикии Кангурт ва Кӯлоб корҳои васлу насб ва корбурди воситаҳои нави илмӣ ба анҷом расонида шуданд.
Гуфтанист, ки ин корҳо аз ҷониби мутахассисони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода ва таҳти роҳбарии директори Институт Носир Сафарализода амалӣ гардиданд.
Пойгоҳҳои сейсмикии Институт, ки қисме аз онҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд, аз солҳои 1996-1997 инҷониб бинобар сабаби набудани таҷҳизоти кунунии сейсмикӣ аз кор бозмонда, сӣ сол инҷониб мавриди корбурд қарор нагирифта буданд. Дар натиҷа, гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазами сейсмикӣ дар ин пойгоҳҳо қатъ гардида, онҳо амалан аз низоми фаъоли мушоҳидаҳои сейсмологӣ берун монда буданд.

Пойгоҳи сейсмикии Кангурт ва Кӯлоб аз шумораи чунин пойгоҳҳоеанд, ки то кунун аз кор монда буданд. Пойгоҳи сейсмикии Кангурт аз соли 1996 ва пойгоҳи сейсмикии соли Кӯлоб аз соли 1997 аз кори доимӣ боз монда буданд.
Дар рафти корҳои навсозию ободонӣ ва насби таҷҳизоти рақамии сейсмикӣ рӯзҳои 3-ум ва 4-уми ноябри соли равон аз ҷониби Директор ва мутахассисони Институт ин пойгоҳҳо аз нав ба кор давроварда шуданд. Барқарорсозии кори пойгоҳҳо имконият медиҳад, ки мушоҳидаҳои мунтазами сейсмологӣ дар минтақаи Хатлон аз нав ба роҳ монда шуда, параметрҳои асосии заминларзаҳо ва дигар равандҳои геодинамикӣ бо корбурд аз технологияҳои нави рақамӣ сабту таҳлил карда шуда, пайваста мониторинги сейсмикӣ гузаронида шавад.
Дар васлу насби таҷҳизоти рақамии сейсмикӣ (Nanometrics TitanSMA) кормандони илмии Институт, дар пойгоҳҳои Кангурт ва Кӯлоб таҳти роҳбарии директори Институт Сафарализода Н.С., мудири озмоишгоҳи баҳодиҳии хатарҳои сейсмикӣ Муродқулов Ш.Я. ва мудири шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Ёқубзода Ш.А. иштирок намуданд.
Таҷҳизоти насбгардида ба системаи ягонаи сейсмикии онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваст карда шудаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки тайи ду сол аст, ин корҳо дар пойгоҳи сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо суръат идома доранд. То кунун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ дар понздаҳ пойгоҳи сейсмикӣ ва сейсмикию геофизикӣ аз ҷониби кормондаи Институт таҷҳизоти нави сейсмикӣ насб карда шудаанд. Ин пойгоҳҳо:
1. Пойгоҳи сейсмикии Хуҷанд;
2. Пойгоҳи сейсмикии Офтобрӯ (ш. Исфара);
3. Пойгоҳи сейсмикии Истаравшан;
4. Пойгоҳи сейсмикии Ҳисор
5. Пойгоҳи сейсмикии Ванҷ;
6. Пойгоҳи сейсмикии Хоруғ;
7. Пойгоҳи сейсмикии Ҳазорчашма (н. Рашт);
8. Пойгоҳи сейсмикии Ҷиргатол (н. Лахш)
9. Пойгоҳи сейсмикии Боғи ҷудга (н. Шаҳритус);
10. Пойгоҳи сейсмикии Сарбанд (ш. Левакант);
11. Пойгоҳи сейсмикии Фархор;
12. Пойгоҳи сейсмикии Боғи Зоғон (н. Балҷувон);
13. Пойгоҳи сейсмикии Иштион (н. Сангвор);
14. Кангурт (н. Темурмалик);
15. Кӯлоб
Бо воситаи навсозии пойгоҳҳо, Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳо ба яке аз пешсафтарин давлатҳое табдил ёфтааст, ки пойгоҳҳояш навсозӣ шуданд.

Маврид ба таъкиду ёдоварист, ки соли 2025 дар ҳашт пойгоҳи сейсмикию геофизикии Институт таҷҳизоти сейсмикии рақамӣ васлу насб карда шуд ва дар соли 2026 бошад ин иқдом идома ёфт ва ҳафт пойгоҳи дигари фарсудашудаи Институт бо насби таҷҳизоти сейсмикии рақамӣ навсозӣ шуда, ба Маракази мониторинги сейсмикии Институт пайваст карда шуданд. Мувофиқи нақша Институт корҳои васлу насбкунии таҷҳизоти нави сейсмикии рақамиро дар пойгоҳҳои сейсмикӣ ва сейсмикию геофизикӣ пурра ба анҷом расонид.
Навсозии техникии пойгоҳҳои сейсмикӣ ва созмондиҳии шабакаи ягонаи рақамии мониторинги сейсмикӣ дар самти устуворсозии тавоноии илмӣ кишвар қадами муҳим ба шумор рафта, барои рушди минбаъдаи илми геофизика, такмили низоми мониторинги равандҳои сейсмикӣ, бехатарии сейсмикии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба таъсири офатҳои табиии вобаста ба заминҷунбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.