
13 -уми ноябри соли 2026 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Бехатарии экологӣ ва рушди абзору олоти рақамии сейсмикӣ” баргузор гардид. Ин ҳамоиши илмӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба баррасии масъалаҳои рушди сейсмология, бехатарии экологӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва арҷгузорӣ ба рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи давлатдории тоҷикон равона гардид.
Дар семинар роҳбарият, олимон, кормандони илмӣ ва мутахассисони Институт, инчунин намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд. Мавзуъҳои рушди зерсохти сейсмикӣ, корбурди технологияҳои рақамӣ, таъмини бехатарии экологӣ ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди илми миллӣ баррасӣ шуданд.
Семинар бо сухани ифтитоҳии директори Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Носир Сафарализода оғоз ёфт.
Директори Институт иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба аҳаммияти таърихии ин санаҳоро дар ташаккули давлатдории кунунии тоҷикон, барқарорсозии сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаи рушди устувори кишвар таъкид намуд.

Зикр шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ рушди илм, корбурди технологияҳои инноватсионӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими тавоноии муассисаҳои илмӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд фаъолияти Институт дар омӯзиши равандҳои геологӣ, таҳқиқоти сейсмологӣ, арзёбии хатари заминҷунбӣ ва таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ аҳамияти хос дорад.
Таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ барои мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа мусоидат мекунанд.
РУШДИ ПОЙГОҲҲОИ СЕЙСМИКӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Дар бахши илмии семинар директори Институт Сафарализода Н.С. маърузаи “Навсозии пойгоҳҳои сейсмикии Институт дар замони Истиқлол”-ро пешниҳод намуд.

Дар маъруза рушди шабакаи мушоҳидаҳои сейсмикӣ, навсозии пойгоҳҳо, ҷорӣ намудани абзору олоти рақамӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои техникии таҳқиқоти сейсмологӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи сейсмологияи кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, технологияҳои кунунӣ имкониятҳои муассисаҳои илмиро дар мушоҳида, сабт, коркард ва таҳлили додаҳои сейсмикӣ васеъ мекунанд.
Институт дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро дар робитаи зич бо истеҳсолот ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амал, аз ҷумла, дар самти омӯзиш, арзёбӣ ва таъмини устувории сейсмикии бинову иншооти дар даврони Истиқлол бунёдгардида ва бунёдшаванда, ба роҳ мондааст.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон”, зербанди 2.4 “Мустаҳкам намудани замина барои таъмини устувории конструксионӣ ва сейсмикӣ”, маҷмӯи таҷҳизоти рақамии муосири сейсмикӣ дастрас гардида, аз ҷониби мутахассисони Институт васлу насб ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Таҷҳизоти мазкур барои мониторинги доимии нишондодҳои динамикии бинову иншоот ҳангоми заминҷунбиҳои шадид дар биноҳои баландошёнаи истиқоматию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин дар 15 пойгоҳи сейсмикии Институт насб гардидааст.

Корҳои ёдоваршуда дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии сейсмикӣ” амалӣ шуда, ба ташкили низоми мониторинги доимии сейсмикӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба заминҷунбиҳои шадид ва коҳиш додани хавфҳои сейсмикӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд.
Навсозии пойгоҳҳои сейсмикӣ ва корбурди абзору олоти рақамӣ ба баланд шудани дақиқии мушоҳидаҳо, сари вақт муайян кардани хусусиятҳои фаъолияти сейсмикӣ ва таҳкими заминаи илмии арзёбии хатари заминҷунбӣ мусоидат менамоянд.
Рушди зерсохти сейсмикӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини амнияти аҳолӣ, ҳифзи иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.
БЕХАТАРИИ ЭКОЛОГӢ ВА КОРБУРДИ АБЗОРУ ОЛОТИ РАҚАМИИ СЕЙСМИКӢ
Мудири озмоишгоҳи баҳодиҳии хатарҳои сейсмикӣ, номзади илмҳои геологию минералогӣ Муродқулов Ш.Я. дар мавзуи “Бехатарии экологии абзору олоти рақамии сейсмикӣ” маъруза кард.
Дар маъруза аз ҷиҳати экологӣ бехатар будани абзору олоти сейсмикӣ ҳангоми корбурд, хусусиятҳои техникии дастгоҳҳои рақамӣ, бехатарии таъсири онҳо ба муҳити зист ва риояи талаботи экологӣ дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ таҳлил гардид.
Зикр шуд, ки абзору олоти рақамии сейсмикӣ имкониятҳои нави мушоҳидаҳои илмиро фароҳам оварда, самаранокии таҳқиқот ва дақиқии додаҳоро баланд мебардоранд. Ҳамзамон, корбурди масъулиятноки технологияҳо, риояи меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист бояд дар маркази таваҷҷуҳи мутахассисон қарор дошта бошад.
Таъмини бехатарии экологӣ ҳангоми истифода ва нигоҳдории таҷҳизоти рақамӣ, муносибати оқилона ба захираҳои техникӣ ва баланд бардоштани маърифати экологию техникии кормандон аз масъалаҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои илмӣ арзёбӣ гардид.
Маъруза зарурати ҳамоҳангсозии рушди технологӣ бо принсипҳои ҳифзи муҳити зист ва амнияти инсон, инчунин идомаи таҳқиқот дар ин самтро таъкид намуд.
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ, РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ИЛМИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Котиби илмии Институт Амриддин Ҳоҷиев дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: нақши таърихӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди илми миллӣ” суханронӣ кард.
Дар маъруза таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд - Қасри Арбоб баргузор шуд, яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мебошад. Иҷлосия дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ баргузор гардида, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян кардани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар замина гузошт.
Қарорҳо ва иқдомҳои дар ин иҷлосия қабулшуда дар ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ нақши муассир бозиданд. Иҷлосия ҳамчун оғози марҳалаи нави давлатсозӣ дар хотираи миллӣ ҷойгоҳи хос дошта, аҳаммияти он имрӯз низ боқӣ мемонад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ баррасӣ гардид. Таҷлили ин сана имкон медиҳад, ки ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими сулҳу субот ва рушди кишвар, инчунин масъулияти шаҳрвандон дар назди Ватан таваҷҷуҳ зоҳир шавад.
Амриддин Ҳоҷиев таъкид намуд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла илм, маориф, фарҳанг ва иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар шароити устувори сиёсиву иҷтимоӣ имкониятҳои муассисаҳои илмӣ барои анҷоми таҳқиқот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва татбиқи дастовардҳои илмӣ васеъ гардиданд.
Ӯ саҳми муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияро дар пешрафти илми миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институт дар омӯзиши равандҳои геологӣ, таҳқиқи фаъолияти сейсмикӣ, арзёбии хатари заминҷунбӣ, рушди пойгоҳҳои мушоҳидавӣ, корбурди абзори рақамӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ барои таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ аҳамияти амалӣ дорад.
Ҳамчунин зарурати таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, корбурди натиҷаҳои таҳқиқот дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҷалби ҷавонон ба илм ва баланд бардоштани тавоноии кадрии соҳа таъкид гардид.
Дар фарҷоми маъруза гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо фаъолияти созанда, масъулияти шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан ва саҳми воқеӣ дар рушди илму технологияи миллӣ ҳамоҳанг бошад. Олимон ва кормандони илмӣ метавонанд бо фаъолияти самаранок, дастовардҳои илмӣ ва тарбияи насли ҷавон дар таҳкими тавоноии илмии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТИ МИЛЛӢ
Маърузаи ҷамъбастии семинарро сардори Шуъбаи кор кадрҳо ва коргузории Институт Кароматуллои Ю. таҳти унвони “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик”пешниҳод намуд.
Дар маъруза Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳимми сиёсиву таърихӣ ва рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ шарҳ дода шуд.
Таъкид гардид, ки таҷлили ин рӯз барои бознигарии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории миллӣ ва таҳкими масъулиятшиносиву ватандӯстии шаҳрвандон имконияти муносиб фароҳам меорад.
Эҳтиром ба давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти содиқона дар соҳаҳои гуногун аз омилҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ мебошанд.
Саҳми олимону муҳаққиқон дар рушди илм, омода намудани мутахассисони ҷавон, татбиқи технологияҳои кунунӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа ҷузъи муҳимми масъулияти шаҳрвандӣ ва касбӣ арзёбӣ гардид.
ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАР ВА АҲАМИЯТИ ОН

Семинари илмӣ-амалӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои баррасии масъалаҳои рушди илм, корбурди технологияҳои кунунӣ, бехатарии экологӣ ва таҳкими маърифати таърихию сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Маърузаҳо масъалаҳои илмӣ, техникӣ, экологӣ ва таърихиро фаро гирифта, аҳамияти ҳамоҳангсозии рушди илм бо ҳадафҳои стратегии давлат ва ниёзҳои ҷомеаро нишон доданд.
Баргузории чунин нишастҳои илмӣ ба баланд бардоштани дониш ва маърифати касбии кормандон, таҳкими ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва масъулияти олимон дар назди ҷомеа мусоидат мекунад.

Институт минбаъд низ семинарҳои илмӣ-амалӣ, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмиро идома дода, барои рушди таҳқиқоти сейсмологӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ ва таъмини амнияти сейсмикии аҳолӣ талош хоҳад кард.
Семинар бори дигар нишон дод, ки рушди илм, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти аҳолӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ самтҳои ба ҳам пайванди фаъолияти муассисаҳои илмии кишвар буда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ аҳамияти рӯзафзун доранд.
Дар муҳокимаи мавзӯи семинар н.и.г.м., х.п.и. Мавлонӣ С.Р., директори Институт Сафарализода Н.С., д.и.ф.м., мудири озмоишгоҳи таҳқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ Каримов Ф.Ҳ., н.и.т. Негматов Т.А., Олимов Б. ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Валиев иштирок намуданд.
Пешниҳод шуд, ки машварати илмӣ оид ба корбурди пойгоҳҳои сейсмикӣ баргузор карда шавад. Дар он кормандони техникии пойгоҳҳо низ иштирок намуда, бо тарзи корбурди додаҳои сейсмикӣ шинос шаванд.
А. Ҳоҷиев, котиби илмии Институт