
Ҳамватанони азизу гиромӣ!
Якояки шуморо ба фаро расидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям.
Ифтихор дорем, ки миллати азизи мо ва кишвари биҳиштосоямонро шахсияти беназире чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд. Ин рӯз на танҳо барои арҷгузорӣ ба ниҳоди президентӣ, балки барои андеша кардан дар бораи роҳи тайкардаи давлат, арзишҳои истиқлол, нақши шаҳрвандон дар пешрафти ҷомеа ва масъулияти наслҳои имрӯз дар назди ояндаи Ватан имконият фароҳам меорад.
Ҷашни Рӯзи Президент моро водор месозад, ки ба таърихи навини Тоҷикистон дидаи ибрат дӯзем, дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро қадр намоем ва дарк кунем, ки пойдории давлат пеш аз ҳама ба сулҳу субот, қонунмеҳварӣ, маърифати сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон вобаста аст.
Бояд гӯям, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 – уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, бо марҳалаи муҳимми ташаккули давлатдории муосири тоҷикон алоқаманд аст. Арзиш ва моҳият ин рӯз танҳо дар баргузории нишасту маҳфилҳои идона набуда, дар дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода меёбад.
Мо ҳамагон шоҳиди он рӯзҳое будем, ки пас аз ба даст омадани истиқлоли давлатӣ кишвари моро гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба майдони тохтутозҳои ҳарбӣ табдил доданд, майдонбозиҳои нодурандешона сабаби рехтани хуни бегуноҳон шуд. Кишвар ҳазорон нафар беҳтарину арзандатарин фарзандони худро аз даст дод, хонаҳо, шаҳрҳо, деҳаҳо вайрону валангор шуданд. Сокинонро як рӯҳияи ноумедӣ фаро гирифт, Тоҷикистон ҳамчун давлат дар ҳоли нобудӣ ва қисмат шудан қарор ёфт.
Дар чунин рӯзҳои наумедӣ марде аз табори хираду андеша бархост ва сарафроз эълон кард: МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ!
Ва он сулҳи деринтизорро барои миллати пуршараф, куҳанбунёд ва сарзамини азизаш овард! Ҳисс мекунем ҳамон лаҳзаҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сареҳан дарк карда буданд, ки шукуфоии ояндаи кишвар маҳз дар ҳамин СУЛҲ аст!
Имрӯз ҳамин фазои сулҳу субот боис шудааст, ки Тоҷикистони азиз рӯ ба шукуфоӣ оварад.
Хидматҳои ин марди хирадманд беназиранд ва дар як саҳифаи табрикотӣ наметавон он ҳама талошҳоро ҳатто баршумурд. Танҳо мегӯям, таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба илм азалӣ буд. Аз нахустин рӯзҳои по ба арсаи роҳбарӣ ниҳоданд ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар карданд.
Имрӯз мо шоҳидем, ки дар муддати бештар аз 30 сол мамлакат соҳиби даҳҳо пажӯҳишгоҳҳои илмии нав шуд, донишкадаву донишгоҳҳо дарҳои худро ба рӯи донишҷӯёну пажуҳишгарони илм боз карданд, ҳазорон мактабу синфхонаҳои нав барои насли наврас кушода шуд.
Дарҳои илм бозанд ва танҳо онҳоеро интизоранд, ки бо дасту дили боз, ба нияти хидмати арзанда кардан дар кори пажӯҳишҳои илмӣ ворид мешаванд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин фархундарӯз пеш аз ҳама саломатӣ ва хушрӯзиҳо орзумандам!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама сокинони кишвари азиз хуҷаставу фархунда бод!
Бо эҳтиром Носир САФАРАЛИЗОДА, Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.