
24.11.2026 06.00
шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозтоби таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва омили таҳкимбахши худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад, самимона табрик мегӯям.
Парчами давлатӣ гувоҳи равшани ҳастиву устувории давлат, таҷассуми сарҷамъиву ҳамбастагии миллат ва тантанаи сулҳу ваҳдати пойдор мебошад.
Он моро ба пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саъйу талош ба хотири ободиву пешрафти минбаъдаи Ватан ҳидоят менамояд.
Парчами давлатӣ аз давраҳои бостонӣ ҳамқадами сарнавишти миллати тоҷик ва давлатҳои тоҷикон буда, анъанаҳои неки давлатдорӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳанги миллии моро дар гузаштаи тӯлонӣ таҷассум кардааст ва дар ҷаҳони имрӯз муаррифӣ менамояд.
Яъне анъанаи парчамдорӣ ва эҳтиром гузоштан ба парчам ҳамчун омили иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фарҳанги мардуми мо таърихи қадима дорад.
Дирафши коваёнӣ, ки асоси парчамдории мардумони ориёӣ, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик мебошад, то ба имрӯз чун рамзи муборизаву истиқлолхоҳӣ, нангу номуси миллӣ ва пирӯзиву адолат ба шумор меравад.
Онро метавон пайванди устувори таърихи пурифтихор бо имрӯзи ободу босаодат ва фардои дурахшони миллати фарҳангсолори тоҷик унвон кард.
Имрӯз парчами давлатӣ дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон парафшонӣ намуда, аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мужда медиҳад.
Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ парчами давлатӣ на танҳо василаи таъмини сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик, балки омили асосии таҳкими худшиносӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.
Имрӯз оламиён парчами миллии тоҷиконро мешиносанд, эътироф менамоянд ва дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву маънавии моро ба он пайванд медиҳанд.
Ҷилову шукӯҳи онро мо имрӯз дар минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ бо ифтихору сарбаландӣ мушоҳида мекунем.
Парчами давлатӣ имрӯз ҳамрадифи давлату миллат ва дигар муқаддасоти миллии мо буда, аз сарҷамъиву иттиҳод, пешрафту ободӣ, суботи сиёсӣ ва қудрату имкониятҳои азими созандагии миллати тоҷикро дар ҳама гӯшаву канори олам муаррифӣ менамояд.
Ҷавонони мо бояд хуб донанд, ки парчам танҳо як матои рангаву муҷалло нест, балки он дар худ таъриху тамаддуни оламшумул, фарҳанги пурғановат, озодиву ободӣ ва ормонҳои неки мардуми шарафманди тоҷикро таҷассум менамояд.
Вобаста ба ин, ҷавононро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз парчамдориву соҳибдавлатӣ ва оромиву ободии Ватан барои аз худ намудани донишҳои муосир, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ талоши бештар намоянд.
Мо бояд эҳтиром гузоштан ба парчами давлатиро дар зеҳну андешаи насли наврас ба амали ҳаррӯзаи маънавию маърифатӣ табдил диҳем.
Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба миллату давлатро омӯзонем.
Дар ин самт бояд оила, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, аҳли илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар нақши фаъол дошта бошанд.
Мо ҳамеша ба неруи созанда ва масъулияти баланди ватанпарваронаи мардуми тоҷик эътимоди қавӣ дорем ва бовар дорем, ки онҳо то ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд.
Дар ин ҷода моро парчами миллӣ ҳамчун ифодаи муҳаббату садоқати бепоён ба давлату миллат, эҳтироми шоиста ба таърихи гузашта ва масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда раҳнамо мебошад.
Бори дигар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, орзу менамоям, ки ин олитарин муқаддасоти миллӣ ва рамзи ватандориву худшиносии миллӣ дар фазои орому осудаи Ватани аҷдодиамон ҷовидона парафшон бошад ва миллату давлати моро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун созад.
Рӯзи парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
МАНБАЪ: Сомонаи Президенти ҶТ