
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уминоябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шурои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи тулонии худ, инсоният вобаста ба шароиту ҳолатҳои гуногун ва саъю кушиш рамзҳои зиёдеро эҷод кардааст ва гуфтан мумкин аст, ки дар ин миён парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта, таърихи дерину рангинтареро дорост. Истифодаи онро таърихнигорон ҳанӯз дар солҳои то милод собит намудаанд. Бо гузашти давру замон парчам ҳамчун рамз мавқеашро он чунон мустаҳкам кардааст, ки имрӯз ҳеч як давлатеро бидуни он тасаввур кардан номумкин аст.
Парчам дар саросари ҷаҳон чун рамзи муҳимму калидӣ ва бостонӣ буда, бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ маъруфу машҳур гаштааст. Парчам ифодагар ва мавқеъгузини сарлашкар ва нерубахши ҳидоятгари лашкарон ба пирӯзӣ маҳсуб меёфт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорату ҳимоят мешуд ва ин анъана то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандории ҳар як фарди сарзаминро фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меорад.
Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.
Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассумгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ҳамчун омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, “Имрӯзҳо барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи неруву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад”.
Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки сарзамини муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.
Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар саросари гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.
Месозад зикр намуд, ки қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки имрӯз ба Парчами давлатӣ - рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари мустақилият ва волоияти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон буда, эҳтироми он ва расидан ба қадри он вазифаи асосӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи тоҷик ба шумор меравад.
Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби парчам буда, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром ва аз он ифтихор намоянд. Ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
ОДИНАЕВ ШАРИФҶОН АҲТАМҶОНОВИЧ,
номзади илмҳои геология, ходими пешбари
илмии озмоишгоҳи палеонтология ва
стратиграфияи Институти геология, сохтмони
ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
ЛАТИФОВ УМЕД ҲАЁТОВИЧ,
ходими илмии озмоишгоҳи палеонтология
ва стратиграфияи Институти геология,
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва
сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.