preloader

интизор шавед...

РӮЗИ ГЕОЛОГҲО БА ҲАМКОРОНУ ҲАМКАСБОН МУБОРАК БОД!

  • 08-дек-2023
  • 156 дидани саҳифа

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ба инҷониб ҳамасола рӯзи 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи геологҳо таҷлил мешавад. Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ аҳли кормандони соҳаи геологияро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, хонаи обод, дар корҳояшон комёбиҳои беназирро таманно дорад.


Маврид ба таъкид ва ёдоварист, ки дар замони муосир пешрафти иқтисоду саноатро бе дарназардошти рушди соҳаи геология тасаввур кардан аз имкон берун аст. Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда қабл аз ҳар каси дигар маҳз кашшофони қаъри замин нақши муассир доранд. Кишвари мо бо сарватҳои табиии худ ҳамеша шӯҳрат дошту дорад. 


Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон геология чун илм рушд ёфт ва тадриҷан ба як соҳаи муҳими хоҷагии халқ табдил шуд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ин соҳаро чун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ намуда, ҷиҳати пешрафт ва рушду нумӯи он чораҳои заруриро меандешанд.


Тӯли ин солҳо геологҳо дар ҷустуҷӯ ва дарёфти конҳои нав, истихроҷ ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу масолеҳи сохтмон хеле заруранд, бештар аз солҳои пеш муваффақ буданд. Маҳз натиҷаи пурсамари кори геологҳо, кашфиётҳои онҳост, ки фаъолиятҳо дар ин самт самарабахшанд. 


Ҳамасола бо заҳмату талошҳои пурсамари геологҳои кишвар захираҳои иловагии маъданҳо кашф мешаванд ва баъди омӯзишҳои илмиву таҳқиқоту пажӯҳишҳои фарогир баҳри истифода аз онҳо барои рушди саноату иқтисоди кишвар тасмимҳо гирифта мешавад.  


Натиҷаи фаъолияти геологҳо мебошад, ки имрӯз дар қаламрави кишвар корхонаҳои калонтарин ба истеҳсоли тилло, нуқра, сурма, мис, сурб, нафту газ ва масолеҳи бинокорӣ машғул мебошанд ва бунёди корхонаҳои нави соҳа идома дорад.


Як бори дигар геологҳои кишварро ба иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно мекунад. 


Идатон муборак, ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту