30-уми ноябри соли 2023 як ҳайат аз Институти геологияи шаҳри Пекини Чин ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон ташриф овард
Меҳмонон аз ҷониби сарварон, мудирони лабораторияҳо ва дигар кормандону донишмандони Институт мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд.
Директори Институт Пӯлод Аминзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи таърихи Интитут, ҳамкориҳои байналмилалии он, лоиҳаҳои амалишаванда ва ғайра муфассал маълумот дод.
Зимни суҳбат намояндагони Донишгоҳи геологияи Пекин дар бораи доираи имконияту зарфиятҳои мавҷудаи ин ниҳоди илмиву пажӯҳишӣ, самтҳои фаъолият, дастовардҳои ахири он ва рушди ҳамкориҳо бо шарикони рушди байналмилалӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва дурнамои ин ҳамкориҳо изҳори назар карданд.
Баъдан меҳмононро бо фаъолияти имрӯзаи институт, лабораторияҳо ва самтҳои корҳои илмию тадқиқотӣ, ихтисосҳо ва пажӯҳишҳои анҷомшуда ва тарҳҳои таҳқиқоте, ки дар марҳилаи иҷро қарор доранд, аз наздик ошно сохта, дастоварду комёбиҳои аҳли коллективи меҳнатии институтро муаррифӣ намуданд.
Намояндагони Институти геология Пекин зимни суҳбат ҳадафи сафарашон ба Тоҷикистонро таҳкими робитаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфта, аз иштироки олимон дар барномаҳои ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд.
Меҳмонон дар охир хостори таҳким ва густариши ҳамкориҳо миёни ин ду ниҳоди илмиву пажӯҳишӣ шуданд.