preloader

интизор шавед...

Барги сабз. “Нафт ва газ: аз пайдоиш то иктишоф”

  • 09-янв-2024
  • 252 дидани саҳифа

Муаллифони ин китоб  номзади илмҳои геология, ходими пешбари  Институти геология сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймсологияи АМИТ  Мавлонӣ Субҳонқул Раҳмонқулзода ва ходими илмии ҳамин Институт Фирӯз Раҳимов мебошанд.

Тавре дар муқаддимаи китоб муаллифон менависанд: Дар тараққиёти саноати нафту газ илми геологияи нафт нақши истисноӣ мебозад. Дуруст фаҳмидани хусусиятҳои сохти геологии ин ё он кон ба азхудкунии бомуваффақияти он – ҷустуҷӯ, пармакунӣ, ва омӯзиши минбаъда вобаста аст.

Дарки ин масъалаҳо ба донистани сохти бурришҳои геологӣ, навъи сохторҳои конҳои нафт, навъи қабатҳои нафтдор аҳмияти махсус дорад ва барои омӯзиши амиқтар бояд ба сохти геологии конҳои дар ҳолати истихроҷ қарордошта шинос шавем.

Донистани хусусиятҳои пайдоиш ва мавҷудияти захираҳои нафту газ зарурати омӯзиши васеъ ва махсуси сохтори геологӣ, рушди минқаҳои калон, мутаносибан донистани доираи васеи масъалҳои геологиро дар бораи шароити пайдошавии нафту газ, куч кардани карбогидратҳо ва марказҳои пайдошавии нафту газ ба минтақаҳои захирашавии онҳо, бо вуҷуд омадани минтақаҳои захиравии нафту газро тақозо менамояд.

Ҷустуҷӯи конҳои саноатии карбогидратҳо дар ҳама намуди домҳо ҳамон қадар бо муваффақият сурат мегирад, агар хусусиятҳои   сохтории қабатҳое, ки дар онҳо нафту газ захира мешаванд, пурратар омӯхта шаванд. Барои ин донистан лозим аст, ки дар куҷо ва кай шароитҳои мусоид барои ташаккули ин гуна конҳо ба вуҷуд омадаанд, хусусиятҳои ирсӣ ва шаклҳои геометрии онҳо чӣ дар бурриши геологӣ ва чӣ дар ҳудуди майдон чигунаанд.

Геологияи нафт, ҳамчун илми амалӣ, бо бисёр фанҳои ба ҳам алоқаманд рушд ёфтааст ва зимнан бисёр донишҳои иловагиро барои истифодаи саривақтии онҳо дар таҷрибаи корҳои ҷустуҷӯӣ истифода мебарад. Барои ин лозим аст, ки ҳар як кони карбогидратҳоро ҷиддӣ бо дигар системаҳои геологӣ дар пайваст биомӯзем.

Дар ин китоби дарсӣ андешаҳои мавҷуда дар бораи пайдоиши нафту газ, тавсифи геологии баъзе конҳои нафту гази Тоҷикистон, хусусиятҳои сохтори қабатҳои махзан, хосиятҳои таровиш ва масоманокии онҳо, нақши домҳои ғайрисохторӣ дар зиёд намудани бойгонии сохторҳои ояндадор, масъалаҳои куч кардани карбогидратҳо, тавсифи усулҳои мавҷуда ҷиҳати ҳисоб кардани захираҳои карбогидратҳо мухтасар баён шудаанд.

Ҳангоми тартиб додани ин китоби дарсӣ муаллифон аз дастурҳои таълимии гуногуни вабаста ба мавзуъ, монографияҳо ва адабиёти маълумотӣ, ки дар маҷаллаҳои  илмӣ чоп шудаанд, истифода кардаанд. Ғайр аз маъхазҳои адабӣ таҷрибаи ҷамъшудаи гузарондани лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ дар курсҳои «Литология қабатҳои нафту газ», «Геологияти умумӣ» ҷамъбаст карда шудааст.

  Китоби мазкур ҳамчун воситаи таълимӣ ва илмии ёрирасан барои донишҷӯёни гурӯҳи нафту газ, магистрантҳо ва муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод мешавад.

Муаллифон умед доранд, ки хонандаи азиз китобро ҳамчун «барги сабз» қабул хоҳад кард ва пешниҳодоти худро ҷиҳати беҳтар намудани матни он барои такмили минбаъда пешниҳод мекунанд.

 

   МУАРРИФӢ:

  Мавлонӣ Субҳонқул Раҳмонқулзода соли 1966 факултаи табиатшиносӣ (шуъбаи геологияи нафту газ)-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм кардааст. Муаллифи 67 навиштаҷоти илмӣ, аз ҷумла 2 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои  олӣ мебошад. Омӯзиши литологияи ҷинсҳои таҳшин ва махзанҳои нафту газро масири таҳқиқоти худ қарор додааст.

Номзади илмҳои геология ва минералогия, ходими пешбари илмии сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

 

   ФИРӮЗ РАҲИМОВ ходими Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.

   Соли 2010 факултаи геофизикаи Донишгоҳи давлатии нафту гази ба номи И.М. Губкини шаҳри Москавро хатм кардааст.

   Муаллифи 9 навиштаҷоти илмӣ буда, масири таҳқиқоташ ҷустуҷӯи конҳои нафту газ аст.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту