Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба ҷустуҷӯи конҳои нафту газ дар ҳудуди шимол (Фарғонаи Ғарбӣ) ва ҷануби кишвар (ҳавзаи афғону тоҷик) амалӣ мешавад. Масоҳати аввалӣ 5,2 ҳазор км2 ва дуввуми 29,4 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад. То ба ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 25 кони нафтиву газоконденсатӣ кашф шудааст, ки 12 адади он дар ҳудуди шимоли кишвар ва 13 адад дар ҷануби кишвар мебошад.
Аввалин кони нафт соли 1909 дар майдони Селроҳа (КИМ) аз жарфии 248 м (қабати Туркистон) бо зарфияти истихроҷи беш аз 30 тонна дар шабонарӯз кашф шуда буд.
Дар ҷануби кишвар аввалин кони гази табиӣ дар қаламрави имрӯзаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) дар майдони Сурхсимо (Қизилтумшуқ) бо иқтидори зиёда аз 3 млрд. м3 пайдо шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти 1033 млрд сузишвории шартӣ тахмин шудааст.
Дар сохтори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология гуруҳи нафт фаъолият мекунад, ки дар асоси назарсанҷиҳои ҳамаҷонибаи маводҳои геологӣ, ҳам ба ширкатҳои ватанӣ ва ҳам хориҷӣ, лоиҳаҳои сармоягузориро ҷиҳати кашфи захираҳои саноатии нафту газ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд. То ба ҳол панҷ пешниҳоди назариявӣ барои кашфи конҳои нафту газ дар ҳудуди майдонҳои ҳавзаи Душанбе, Гулдара дар ҳавзаи Кулоб, Соҳилӣ ва Айваҷ дар ҳавзаи Кофарниҳон ва Сурхсимо дар ҳавзаи Вахш ҷиҳати ироя намудан ба ширкатҳои соҳавӣ омода шудааст.
Субҳонқул РАҲМОНӢ, номзади илмҳои геология ва минералогия, ходими пешбари Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИ Тоҷикистон.
БАРОИ МАЪЛУМОТ: Захираҳои тасдиқшудаи нафт дар олам 1 016 041 миллион бушка (1 бушка 159 литр)-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 675 636 миллион бушка (66%) дар Ховари Миёна, 21 034 миллион (2%) бушка дар ИМА ва 4931 миллион бушка дар Канада ҷойгир шудааст.
Захираҳои тасдиқшудаи гази табиӣ 5179 трилион кубофутро ташкил медиҳад (1 куб.фут баробар ба 28,32 литр).
Аз ин миқдор 1749 трилион (34%) дар Ховари Миёна, 164 трилион (3%) дар ИМА ва 64 трилион (1%) дар Канада мебошад.
Иқтибос аз китоби “Нафт ва газ: Аз пайдоиш то иктишоф”, Душанбе, 2023. Муаллифон Субҳонқул Мавлонӣ ва Фирӯз Раҳимов.