Муаллифи ин мақола Х. Абдурауфов буда, тавре аз номаш пайдост, дар бораи мушоҳидаҳои сейсмометрии муҳандисӣ дар сарбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс мекунад.
Тавре муаллифи ин мақола менависад, барои азхуд кардани ҳамаҷонибаи захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки арзиши умумии онҳо зиёда аз 520 миллиард киловатт-соат аст, як қатор неругоҳҳои барқии обӣ бо сарбандҳои баландиашон аз 30 то 300 метр сохта ба истифода дода шуданд. Сарбандҳои Норак, Бойғозӣ, неругоҳҳои Сарбанд (собиқ Головной), Қайроқум ва Сангтӯда-1,2 аз ин қабиланд.
Азбаски ҳудуди Тоҷикистон зери хатари сейсмикии зиёд қарор дорад, масъалаҳои таъмини тобоварӣ ба заминларза ва эътимоднокии иншооти гидротехникии мавҷуда ва сохташаванда, пеш аз ҳама сарбандҳои онҳо ниҳоят муҳим аст, зеро чунин иншоотҳо манбаи хатарҳои зиёданд, аз ҷумла риоя нашудани ҳамаи қоидаҳои бинои сарбандҳо ва сари вақт насанҷидану таҳлилу баррасӣ накардани зилзилатобоварии онҳо метавонад оянда хатарҳоеро ба ҳамроҳ дошта бошад.
Муаллифи ин мақола ба ин назар аст, ки коҳиши хавфи вайрон шудани сарбанд назорати доимии ҳолати иншоотҳоро ҳангоми истифодабарии онҳо талаб мекунад. Яке аз бахши муҳими ин назорат гузарондани мушоҳидаҳои доимии муҳандисиву сейсмометрии сарбандҳо дар вақти заминҷунбй мебошад.
Ба андешаи муаллиф ҳадафҳои аслии ин мушоҳидаҳо иборатанд аз:
- назорати ҳолати иншоотҳо ҳангоми заминвунбй ва огоҳ намудан аз инкишофи эҳтимолии деформатсияҳои хавфнок дар онҳо;
- гирдоварии маводҳои воқеъӣ ва дақиқ дар мавриди рафтори иншоотҳо ва унсурҳои дара ҳангоми зилзилаҳои шиддатнокиашон гуногун.
Холо дар ду сарбанд — сарбанди 300-метраи НОБ-и Норак ва 30-метраи неругоҳи барқии обии обии Сарбанд мушоҳидаҳои муҳандисию сейсмометрй гузаронда мешаванд.
Мақолаи Х.Абдурауфов “Натиҷаҳои асосии мушоҳидаҳои сейсмометрии муҳандисӣ дар сарбандҳои Тоҷикистон”-ро ба забони русӣ ин ҷо бихонед - муфассал...