preloader

интизор шавед...

Термобарогеохимия чист ва асосгузори мактаби илмии он дар Тоҷикистон кист?

  • 29-янв-2024
  • 153 дидани саҳифа

Термобарогеохимия – илмест дар бораи омӯзиши ҳолати физикӣ-кимиёвии муҳити минералҳосилшавӣ, ки аз рӯйи ғуншавии таркибҳои флюидӣ дар раванди сабзиши онҳо омӯхта мешавад, баҳс мекунад. Таркибҳои флюидӣ, ки дар дохили минералҳо вуҷуд доранд, маълумоти васеъ ва муфассали геокимиёвиро оид ба равандҳои магматикӣ, баъдимагматикии минералҳосилшавӣ, доир ба азнавҳосилшавии метаморфикӣ ва инчунин дар хусуси  равандҳои диагенезӣ ба мо дастрас менамоянд.

Гузашта аз он, термобарогеохимия дар навбати худ-ин ҷамъи усулҳоест, ки ба омӯзиши параметрҳои асосии физикӣ-кимиёвии (ҳарорат, фишор, таркиби маҳлулҳои муҳит ва ғ.) равандҳои минералҳосилшавии эндогенӣ машғул аст, ки дар асоси омӯзиши реликтҳои муҳити минералҳосилшавӣ дар минералҳо ба миён меояд.

Ба аҳли илми геология аён аст, ки усулҳои асосии баҳо додани ҳарорат ва фишор - ин усулҳои гомогенизатсия, криометрия ва декрепитатсия ба ҳисоб мераванд. Имрӯз илми термобарогеохимия яке аз самтҳои тараққикардаи илми геология дар Тоҷикистон аст. Маҳз ин самти илмиро академики Академияи аврупоии илмҳои табиатшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Файзиев Абдулҳақ Раҷабович нахустин шуда, дар амалияи корҳои таҳқиқотӣ дар кишвар ба роҳ монданд. Ин равияи илмӣ аз ҷониби ин шахсияти бузурги илми тоҷик ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта рӯйи кор омада буд ва дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳодаву ба сатҳи баланди худ омада расид. Бояд зикр кард, ки дар ин мактаби илмӣ имрӯз даҳҳо нафар тарбият ёфтаву ба шоҳроҳҳои мухталифи илми муосири геология раҳсипар гардидаанд, ки ҳар яке дар пешбурду нумуъи илм ва соҳаи геология пурсамар фаъолият доранд ва дар соҳибистиқлол гардидани иқтисодиёти кишвар гомҳои устувори худро гузошта истодаанд. Олимони тоҷик аз зумраи он олимон мебошанд, ки усулҳои термобарогеокимиёвиро аз аввалинҳо шуда, ҳангоми омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок пиёда намудаанд.

 Онҳо саҳми бевосита назарраси худро дар як сатҳи муайян дар коркарди асосҳои илмӣ, методӣ ва техникии термобарогеокимиёи равандҳои эндогении минералҳосилшавӣ гузоштаанд. Дар охири солҳои 50- ум ва ибтидои солҳои 60- уми қарни гузашта, вақто ки ин соҳаи илми геология қадамҳои нахустини худро боз кард, олимони тоҷик таҳқиқоти худро дар термокамераҳо, ки тавассути қувваи худ (В.Д. Сазонов, С.А. Морозов, А.Х. Ҳакимов, В.В. Могоровский А.Р. Файзиев, А.М. Раҳмонов) гирд оварда буданд, мегузарониданд. Ғайр аз ин олимон, инчунин, усулҳои термобарогеокимиёвиро дар корҳои илмии олимони дигари соҳа Б.А. Алидодов, Г.А. Ишонов, Э.М. Григорева ва Ф.Ш. Искандаров низ васеъ истифода бурдаанд. Солҳои баъдӣ ва хусусан солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон нахустин дастпарварони ин мактаби илмии профессор А.Р. Файзиев бо истифода аз усулҳои мазкур корҳои илмии худро навиштанд.

Дар ин самт фаъолияти илмии олимони соҳа М.М. Фозилов, Ф.Г. Ғафуров, Ш.С. Соҳибов, Ф.А. Малахов, И.С. Оймуҳаммадзода, М.Л. Гадоев, Ш.О. Худобахшова, Н.С. Сафаралиев, Ф.А. Файзиев, С.А. Элназаров, Н.Ф. Набиев, А.Ғ. Маҳмадалиев, А.Т. Мутавалиев, С.Б. Ятимов, Б.Н. Шарифов ва дигаронро метавон зикр кард, ки бештари онҳо имрӯз аз пешбарандагони илму соҳаи геологияи тоҷиканд, маҳз нозукиҳои ин илми соҳавиро аз мактаби илмии профессор Файзиев А.Р. ба даст овардаанд.

Муфассалтар дар бораи хидматҳои арзишманд ва пажӯҳишҳои имлмии ин олими пуркори тоҷик шумо метавонед аз мақолаи “А.Р. Файзиев - асосгузори мактаби илмии термобарогеохимия дар Тоҷикистон” маълумот дарёфт намоед.

 Муаллифони ин мақолаи пурбор кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ М.Л. Гадоев,  Ф.Г. Ғафуров, Ф.А. Малахов, Ш.А. Одинаев,  Ф.А. Файзиев буда, он дар нашри 7-уми “Асарҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология” шудааст.

Дар ин нашрия шумо ҳамчунин бо мақолоти зиёди дигари пажӯҳишии соҳаҳои мухталифи пажӯҳишии геология, сохтмонҳои ба заминларза тобовар ва сесмология ошно хоҳед шуд.

Онро аз ин ҷо метавонед пайдо кунед муфассал...

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту