preloader

интизор шавед...

Аз рӯзгори донишмандони мо. Профессор Абдулҳақ Файзиев

  • 03-фев-2024
  • 175 дидани саҳифа

Абдулҳақ Раҷабович Файзиев – геологи маъруф, мутахассис дар соҳаи минералогия, кристаллография, геохимия ва канданиҳои фоиданок, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи аврупоии илмҳои табиӣ, профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои геология ва минералогия мебошад. Вай 15 марти соли 1938 дар деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар хонаводаи марди рӯҳонӣ бо номи Қорӣ Файзӣ Раҷабзода дида ба олам кушуд.

Соли 1944, замоне, ки ҳамагӣ 6 сол дошт, ба мактаби ҳафтсолаи деҳа дохил шуд ва соли 1951 таҳсилро дар интернати шаҳри Панҷакент идома дод. Соли 1954 онро бо баҳои аъло хатм намуд.  

Дар он солҳо геология яке аз тахассусҳои муътабар маҳсуб мешуд ва бисёре аз ҷавонон орзу доштанд ин касбро азхуд кунанд. Илова бар ин ба интихоби Абдулҳақ Файзиев бародараш Рауф, ки он замон дар факултети геология таҳсил мекард, таъсир расонд. Ин буд, ки соли 1954 вай шомили шуъбаи геологияи факултети фанҳои табиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуд. Дар аёми таҳсил барояш шунидани лексияҳои донишмандони соҳа, академики АИ Тоҷикистон, профессор С.М. Юсупова, дотсентон О.К.Чедий, Д.М. Кухтикова дигарон ҷолибу омӯзанда ва таҳрикдиҳанда ба интихоби ояндаи роҳи ҳаёт буд. 

Қадамҳои нахустинашро дар геология таҳти сарпарастии олими машҳури соҳа О.К.Чедия гузошт. Кор бо ин донишманди маъруф  ва муҳаққиқи хастагинопазир, ҳамчунин ҳамкорӣ бо муҳаққиқи геологияи Тян-Шон М.М. Кухтиков, ки аз соли 1957 ҳамроҳаш ба кор оғоз намуд, як дарси дигари омӯзишӣ буд. Онҳо муддате дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон корҳои пажӯҳишӣ гузарониданд. 

А.Р. Файзиев замони таҳсил дар донишгоҳ ҳамзамон ба варзиш машғул мешуд ва ба бозии шамшерзанӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Ҳамин шавқу завқ буд, ки дар як муддати кӯтоҳ ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қаламрави Осиёи Марказӣ чун шамшербози хуб шинохтанд.

Соли 1956 вай дар аввалин Спартакиада халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москав мегузашт, иштирок кард. Дар ин спартакиада шарафи парчами Тоҷикистонро барафроштан насиби ӯ шуда буд. Дар умум вай муддати 20 сол ба ин намуди варзиш машғул шуд ва шарафи Тоҷикистонро дар бисёре аз мусобиқоти варзишии кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои дигар баргузор мешуданд, ҳимоя карда буд. 

Соли 1960 баъди хатми донишгоҳ ва як соли фаъолияти корӣ бо даъвати мудири кафедраи минерология ва петрографияи факултети илмҳои табиӣ, академики АИ Тоҷикистон М.Юсупова ба кори муаллимӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҷалб шуд.  Ҳамзамон вай ҷустуҷӯҳои геологии мухталифи Раёсати геология ширкат мекард.  

 

А.Р. Файзиев муаллифи бештар аз 550 кори илмӣ, аз ҷумла 9 монография ва 10 дастури омӯзишӣ оид ба минералогия ва кристаллография мебошад. Вай ҳамчунин аввалин касест, ки ба забони тоҷикӣ китоби дарсӣ дар бораи минералогия навишт.

Баъзе аз таҳқиқоту корҳои илмии ӯ дар Булғористон, Португалия, ИМА, Италия, Канада, Олмон, Чин, Испания ва дигар кишварҳо чоп шудаанд...

Ин як пора аз мақолаи муфассал дар бораи донишманди варзида Абдулҳақ Файзиев буд, ки мутолиа кардед. Шакли пурраву комили ин мақола дар нашри 7-уми “Асарҳои Институи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология" чоп шудааст. Онро метавонед аз ин ҷо бихонед: муфассал...

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту