Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ субҳи рӯзи 01.02.2024 вохӯрии мутақобила бо миссияи Бонки Осиёии Рушд оид ба амалигардонии лоиҳаи “Баланд бардоштани фаҳмиши хатарҳои офатҳои табиӣ ва устуворӣ” дар минтақаи кӯҳистони кишвар сурат гирифт. Дар кори он мутахассисони соҳавии муассиса иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии мулоқот табодули афкор, таҷриба ва пешниҳоди таклифҳо барои дар сатҳи лозима ба иҷро расонидани лоиҳа ва дар ин замина омода намудани харитаи роҳ, дастурҳо, коркарди меъёрҳои зарурӣ оид ба устувории манзилҳои истиқоматию ҷамъиятӣ дар мисоли ноҳияҳои муайяншудаи минтақаи кӯҳсори Тоҷикистон иборат буд. Намояндагони Бонки Осиёии Рушд қайд намуданд, ки ин лоиҳаи озмоишӣ буда, мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда ҳамин гуна вохӯрию мулоқотҳо бо идораю ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ то сатҳи ҷамоъатҳо баргузор карда мешаванд. Ва ҳама гуна маълумот ва таклифу пешниҳодҳо барои пешбурди кор дар доираи лоиҳаи мазкур ва зиёда аз он барои татбиқ дар лоиҳаҳои оянда ба назар гирифта мешаванд.
Мутахассисони Институт доир ба ҳар як нуқтаи лоиҳаи болозикр фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, аз таҷрибаи доштаи худ оид ба арзёбии офатҳои табиӣ дар манотиқи кӯҳсор факту далелҳои мушаххас оварданд, ки ин мулоқоти мазкурро басо рангину гуворо ва диққатҷалбкунанда гардонид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва фаъолшавии офатҳои табиӣ низ дахл карданд. Умуман, вохӯрии мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид.