Ҷойи махсусро таҳқиқоти ба геологияи минтақавии Помир ва Тоҷикистони Марказӣ, стратиграфияи палеозойи болоии Қарамазор, стратиграфияи мезозойи Помири Ҷанубӣ ва ноҳияҳои ҳамшафати Афғонистон (М.М.Кухтиков, В.И.Дронов) ишғол менамоянд. Таҳшинҳои сурхранги мезозойи Тоҷикистон ва хусусиятҳои минералогии лёссҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ (С.М.Юсупова) омӯхта шуда, ҷадвали стратиграфии минтақави азҳамҷудошавии таҳшинҳои сурхранги неогени ҷануби кишвар пешниҳод карда шуд (В.Д.Босов).
Дар натиҷаи омӯзиши форматсияҳои флишӣ ва аспидии палеозойи Ҳисору Олой, ҳолати палеогеографии ташаккули ин таҳнишастҳо тавсиф карда шуда, рушди васеи флишҳо, олистолит ва олистостромҳо исбот карда шуд (И.Н.Черенков). Дар ташкилаҳои вулқонӣ-таҳшинии Помир, пошхӯрдаҳои титандор муайян ва қонунияти ҷойгиршавии зуҳуроти стратиформи мис ва самаранокии қабатҳои бодхӯрдашуда ошкор карда шуданд (В.П.Новиков).
Натиҷаҳои тадқиқотҳои геологияи минтасахт, палеонтологӣ ва стратиграфӣ ҳангоми тартиб додани харитаҳои муосири геологӣ ва ҳангоми пешбурди корҳои ҷустуҷӯӣ истифода бурда мешаванд.
Харитаи геологии Тоҷикистон
(Миқёс 1:1500000)
Омўзиши литологии пайдоишоти таҳшинӣ ва вулканогенӣ-таҳшинии синну соли мухталиф имкон дод, ки таркиби моддӣ, фатсиалӣ ва форматсияи онҳо, шароити ташаккул ва маҳсулнокии канданиҳои фоиданоки генезиси таҳшинӣ муайян карда шавад. Схемаҳои таносуби комплексҳои мезо-кайнозой, харитаҳои литологӣ-фатсиалӣ, палеогеографӣ ва форматсионӣ тартиб дода шуда, минтақаҳои ояндадор барои ҷустуҷўи конҳои нафту газ дар таҳшинҳои давраи бур-палеогени Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (С.И.Илин, К.В.Бабков, А.З.Сюндюков ва дигарон), уфуқҳои маҳсулнокии ангиштсанги синну солашон триаси боло, юра ва перм дар қаламрави нишебии ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор (Ш.К.Қобилов, В.А.Шестаков), Дарвози Ҷанубӣ-Ғарбӣ ва Помири Шимолӣ ҷудо карда шуданд.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 30 кони ашёи бентонитии хобида ё таҳмонда муайян карда шуда, доираи (зиёда аз 20) истифодаи амалии он дар соҳаҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва тиб муқаррар карда шуданд. Бори аввал истифодаи конҳои бентонит нисбат ба соҳаҳои мушаххаси истеҳсолоти хоҷагии халқ тартиб дода шуд (А.Р.Қориев, В.С.Бобоева). Бо тавсияи олимон, ҳоло бентонитҳо дар саноати истеҳсоли шароб, бофандагӣ, керамзит ва дар соҳаи кишоварзӣ дар равандҳои гуногуни технологӣ истифода мешаванд. Барои истифодаи бентонити кони Истимтав дар табобати шакли абсесси пародонт олимони соҳа патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти литологии институт дар шакли ин монографияҳои алоҳида ба табъ расидаанд: “Литология и условия образования меловых отложений восточной части Таджикской депрессии” (“Литология ва шароити ташаккули конҳо дар пастхамиҳои қисми шарқии Тоҷикистон”), “Геология и нефтегазоносность осадочных формаций мезозоя и кайнозоя Таджикистана” («Геология ва нефту гази кабатхои таҳшинии давраи мезозой ва кайнозойи Точикистон»), “Литология и стратиграфия нефтегазоносных толщ Таджикской депрессии” («Литология ва стратиграфияи кабатҳои нефту газдори пастхамиҳои Тоҷикистон”), “Верхнепалеозойская флишевая формация Гиссаро-Алая” (“Ташаккули флишии палеозойи болоии Ҳисору Олой»), “Основные этапы и итоги литологических исследований в Таджикистане и перспективы их дальнейшего развития” («Марҳила ва натиҷаҳои тадқиқоти литологии Точикистон ва дурнамои инкишофи минбаъдаи онҳо”), “Бентониты Таджикистана, их классификация, генезис и применение их в народном хозяйстве”(«Бетонитҳои Тоҷикистон. Таснифоти онҳо, генезис ва истифодабарии онҳо дар хоҷагии халқ») “Атлас карбонатных пород и породообразующих организмов верхнего сенона-палеоцена Таджикской депрессии” («Атласи ҷинсҳои карбонатй ва организмҳои чинссози давраи сенонй-палеосени болоии пастхамиҳои Тоҷикистон»), “Третичные континентальные отложения Таджикистана” («Таҳшинҳои хушкшудаи давраи тиршиёрии (Tertiaire) Тоҷикистон”.
Кормандони институт дар омўзиши сохтори тектоникии Тоҷикистон саҳми калон гузоштанд. Дар асоси пажўҳишҳо дар Осиёи Марказӣ, алалхусус дар Тоҷикистон, Б.Л.Личков навгонии бисёрро дар дарки қонунҳои ташаккули релефи кўҳӣ, баландшавии кўҳҳо ва дар ҳалли масъалаи муносибати ҳаракатҳои тектоникии амудӣ ва уфуқӣ ворид намуд. Гузашта аз ин, М.А.Охунов хусусиятҳои геологӣ, геоморфологӣ ва пиряхҳои Помири Шарқиро мавриди омўзиш қарор медиҳад.
Дар асарҳои С.А.Захаров дар бораи тектоникаи пастхамиҳои Тоҷикистон, таърихи рушди тектоникии минтақа ва хусусиятҳои механизми чинпайдошавӣ таҳлил карда шудаанд. Шарҳи генезиси системаҳои чинҳои пўшонанда пешниҳод ва таснифи нави генетикии чинҳо таҳия шудааст. Дар мисоли омўзиши тектоникаи Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамшафати он, фарзияи тектогенези минтақавӣ пешниҳод карда шудааст. Қонунҳои ошкоршудаи рушди тектоникӣ дар қаламрави ҷанубу ғарбии Осиё татбиқ карда шуданд ва баъдтар онҳо барои таҳияи фарзияи нави ташаккули Замин заминаи хуб фароҳам оварданд. Коркарди назариявӣ натиҷаҳои гирифташуда имкон дод, ки дар самти ҷустуҷўи геологӣ ва пармакунии нафту газ дар ҷануби Тоҷикистон тавсияҳо дода шаванд.
Масъалаҳои гуногуни тектоникаи минтақаҳои геосинклиналии Тоҷикистони Марказӣ ва Помир, инчунин Қарамазор дар асарҳои М.М.Кухтиков ва Г.П.Винниченко инъикос шудаанд. Ноҳиябандии тектоникии минтақаҳои чиндори номбурда гузаронида шуда, шикастаҳои бардавоми канорӣ омўхта шудаанд. Исбот карда шуд, ки бисёре аз онҳо дар давраҳои токембрий ба вуҷуд омадаанд ва аксарияти ҳаракатҳо дар кафишҳо амудӣ мебошанд. Минтақаҳои тектоникии Тоҷикистони Марказӣ ва Помир на танҳо аз рўйи намудҳои буришҳои стратиграфӣ, балки аз ҷиҳати табиати комплексҳои интрузивӣ ва хусусиятҳои металлогенӣ фарқ мекунанд. Нақши бартариятдоштаи ҳаракатҳои тектоникии амудӣ дар рушди ин минтақаҳои чиндоршуда асоснок карда шудааст.
Харитаи навини тектоники Тоҷикистон - заминаи ноҳиябандии сейсмикии қаламрави кишвар
Геотектонистҳои институт асарҳои пурқимати “Тектоника Центрального Памира”, “Важнейшие закономерности строения и развития складчатых геосинклинальных комплексов Памира”, “Зонный орогенез и сейсмичность”, “Важнейшие разломы Таджикистана и их систематика”, “Важнейшие сейсмогенные разломы Таджикистана и оценка сейсмической опасности горных территорий (на примере Таджикистана)”, “Внутригорные впадины Гиссаро-Алая на новейшем этапе геологического развития”-ро нашр намуданд.
Омўзиши петрологии равандҳои магматизм ва метаморфизм, хусусиятҳои зуҳури онҳо дар минтақаҳо ва ноҳияҳои гуногун ва робитаи онҳо бо равандҳои генезиси маъдан самти афзалиятноки таҳқиқот буданд ва боқӣ мемонанд. Тадқиқоти петрологӣ дар якҷоягӣ бо омўзиши конҳои канданиҳои фоиданок, ки ҳам аз ҷиҳати табиати генетикӣ ва ҳам аз ҷиҳати маъдан гуногун мебошанд, гузаронида шуд.
Дар Тоҷикистони Марказӣ таҳқиқот дар ин самт бо ибтикори асарҳои И.К.Никитин, ки тарҳи пайдарпайии синнусолии ташаккули комплексҳои магматикиро дар тамоми минтақа пешниҳод кардааст, оғоз шудааст. Дар солҳои минбаъда тарҳи муфассали пайдарпайии синну соли ташаккули маҷмааҳои магматикӣ дар саросари Тоҷикистон таҳия карда шуда, хусусиятҳои асосии магматизм ва металлогенияи эндогении он равшан карда шуданд. Тадқиқотҳо гуногунтаркибии амудии петрографии комплексҳои интрузивӣ ва минтақаҳои чиндоршудаи Ҳисору Олой ва Помирро муайян мекунанд, ки аҳамияти махсус доранд.
Аввалин корҳои таҳқиқотиро дар ҷинсҳои ишқории қаторкўҳҳои Ҳисор ва Зарафшон И.В.Белов гузаронидааст. Баъдтар, форматсияи ишқориро В.Д.Дусматов, Ф.Н.Абдусаломов, Г.К.Климов омўхтаанд. Дар тавсифи муфассали таркиби моддии ҷисмҳои магматикӣ ва пайдоишоти бо онҳо алоқаманд В.Д. Дусматов дар ҳамкорӣ бо дигар муҳаққиқон минералҳои нав - тёншонит, тоҷикит, дараипиёзит, баротовит, суғдионит ва ғайраҳоро кашф намуд.
Омўзиши маҷмааҳои интрузивии Қарамазор, ки дар тўли чандин солҳо аз ҷониби С.М.Бобохоҷаев, Г.Т.Тоҷибоев, Ю.Мамадҷонов, Т.Ҷўраев гузаронида шуданд, боиси таҳияи нақшаи нави хронологии магматизм, муайян кардани махсусияти геохимиявӣ ва металлогении ин комплексҳо, ба роҳ мондани робитаҳо бо намудҳои алоҳидаи маъданҳо шуданд. Дар солҳои охир тарҳи муфассали таҳаввулоти геодинамика ва магматизми минтақаи Қурамаи Тёншони Миёна таҳия шуда, хусусиятҳои петрохимиявӣ ва шароитҳои ҳароратии ташаккулёбии риолитҳои ултракалидори ноҳияи маъдании Адрасмон (Ю.Мамадҷонов) омўхта шуданд.
П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода
М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим,
номзади илмҳои геология ва минералогия