preloader

интизор шавед...

Геология дар Тоҷикистон: гузашта ва имрӯз

  • 11-фев-2024
  • 161 дидани саҳифа

Мақолаи устоди Донишкадаи кўҳию-металлургии Тоҷикистон Ш.Раҳимова бо номи “Таърихи омӯзиш ва рушди соҳаи геология дар Тоҷикистон”, ки дар нашри чоруми “Асарҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ чоп шудааст, ба гузаштаи омӯзиш ва рушди саноати кӯҳкории Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф менависад, ки дар бораи омӯзиши корхонаҳои саноатӣ ва маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон зиёд гуфтаву навиштаанд, вале ҳамеша ин навиштаҳо фарогири ҳамаи ҷанбаҳои ин самти илми кишвар нестанд.

Дар давоми солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ, Тоҷикистон аз як минтақаи қафомондаи аграрӣ ба як ҷумҳурии калони аграрӣ-саноатии дорои саноати тараққикардаи маъдан ва кимиё табдил ёфт. Кашфиёти геологҳо  ҷумҳуриро ба яке аз пойгоҳҳои маъдании Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дод. Захираҳои кашфшудаи сурб, руҳ, молибден, тилло, нуқра ва баъзе намудҳои дигари канданиҳои фоиданок ҳиссаи назарраси захираҳои умумииттифоқии сарватҳои зеризаминиро ташкил медиҳанд. 

Аммо муаллифи мақола чун аз рушди илми геология сухан мекунад, гузаштаи онро пеши назар меоварад ва мегӯяд ниёкони донишманди мо ҳанӯз дар асрҳои миёна ба омӯзиши геология чун илм пардохта буданд. Вай аз асарҳои Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ ёд мекунад. Ибни Сино аввалин касе дар олами Шарқ буд, ки таснифоти ҷисмҳои минералиро тартиб дод. Коре, ки Синои бузург дар асри 10 анҷом дод, Аврупо онро дар асри 18 қабул кард.

Абурайҳони Берунӣ шояд якумин шахсест, ки масъалаи эволютсияи геологиро ба таври ҷиддӣ мавриди муҳокима қарор дода буд. Пайдоиши кўҳҳо ҷунбиши қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳру хушкӣ аз доираи тафаккури ў берун намондааст. Берунӣ менависад, ки тағйиротҳои бузурги геологӣ пеш аз пайдоиши инсон ба вуҷуд омадаанд ва онҳо чунон суст мегузаранд, ки одамон онҳоро пай бурда наметавонанд. Дар амал он ҷое, ки имрўз баҳр аст, як замон хушкӣ ва дар ҷойи хушкии имрўза баҳр будааст.  Ақидаҳои Берунӣ дар бораи таърихи геологии ҳавзаи дарёи Омў ва ҳавзаи дарёи Ганг ба ақидаи имрўзаи мо хеле наздиканд. Берунӣ муайян кард, ки дарёи Омў як вақтҳо ба баҳри Хазар (Каспий) мерехтааст. Вай қонуни вобаста бо суръати ҷараён паси ҳам таҳнишиншавии ҷинсҳои гуногунвазнро муайян кард. 

Берунӣ усули муайян кардани вазни хоси минералҳоро муҳайё карда, бо ин усул вазни хоси якчанд сангҳои қиматбаҳоро хеле саҳеҳ таъин кардааст. Таърифу тавсифи муфассали сангҳои қиматбаҳое, ки дар он замон маълум шуд, ба қалами Берунӣ тааллуқ дорад.

Ба андешаи муаллифи мақола асарҳои таърихию географии муаллифони асримиёнагии мусулмон ҳамчун сарчашмаи пурарзиши Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ хидмат карда метавонанд. Ба географҳо, ҷаҳонгардон, муаррихон, ҷомеашиносони Осиёи Марказӣ муяссар шуда буд дар кашфиётҳои худ дар самти геология ва заминшиносӣ низ пеш раванд.

Яке аз онҳо Ибни Хурдодбеҳ (Абулқосим Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Хурдодбеҳ - гардишгар, ҷуғрофиёдон, мусиқидон, насабшинос ва муаррихи арабизабони форс-тоҷик, яке аз аввалин тарҷумонҳои «Ҷуғрофиё»-и олими Юнон Клавдиус Птолемей), – муаллифи “Китоб-ал-масолик ва-л-мамолик” буд.

 Дигар аз ин олимон ал-Муқаддасӣ (Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Мақдисӣ ё Муқаддасӣ ҷуғрофиёдон, тоҷир ва сайёҳӣ қарни даҳуми мелодӣ), муаллифи китоби машҳури “Аҳсан ат-тақосим фи маърифат ал-иқлим” мебошад. Муҳаммад бинни Аҳмад Шамсиддин ал Муқаддасӣ ин китоби худро бештар илми ҷуғрофия навиштааст ва роҷеъ ба сарзаминҳои гуногуне маълумотҳои басо ҷолиб додааст. Китоби ӯ дар мавриди шаҳрҳои исломӣ аз кишвари Испания то Туркистон ва Синд иттилооти ҷуғрофиёии фаровоне дорад.

Дар мақола аз Ибни Ҳавқал (Абулқосим Муҳаммад ибни Ҳавқали Насибӣ-бозаргон, сайёҳ ва ҷуғрофидони араб) ва асари ӯ “Сурату-л-арз”, Истахрӣ (Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Истахрӣ) ва китоби ӯ «Масолику-л-мамолик», Абузайди Балхӣ (Абузайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ – ҷуғрофидон, ахтаршинос, пизишк ва забоншиноси форс-тоҷик, шогирди Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ) ва китоби ӯ «Сувару-л-ақолим» ёд шудааст.

Шакли комили мақолаи мазкурро ин ҷо метавонед мутолиа кунед: муфассалтар...

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту