Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз 28. 12.2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба масъалаи хеле муҳим, яъне ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар, минҷумла баланд бардоштани фаъолияти мутахассисони соҳаи геология ба сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои ба истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои сарватҳои табиӣ, чӣ дар соҳаи маъданшиносӣ ва чӣ соҳаи нафту газ, ки ба ба пешрафти иқтисодёти миллӣ мусоидат мекунанд, диққати махсус ва аввалиндараҷа дода шудааст.
Вобаста ба масъалаҳои зикргардида Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои соҳавӣ вазифадор карда шудаанд, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахшҳои воқеии иқтисодиёт, бо назардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар сохтори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология лабораторияи канданиҳои фоиданок фаъолият менамояд, ки кормандони он ҷиҳати кашфи конҳои маъдан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар ва ҳамчунин муайян намудани майдонҳои аз лиҳози мавҷудияти захираҳои саноатии нафту газ ояндадор, ба таҳқиқоти илмӣ-озмоишӣ машғул мебошанд. Бо саъю кӯшиши кормандони ин гурӯҳ дар кишвар якчанд минералҳои нав аз қабили файзиевит, ғармит, фалғарит, бадахшонит, крейтерит, шахдараит, ҳасановит, сарводаит кашф шудаанд ва таркиби химиявиву морфогенезиси онҳо аз тарафи олимони соҳаи минералогия тасдиқ гардидаанд.
Ҳамчунин мутахассисони лаборатория доир ба мавҷудияти сохторҳои нафту газдор дар ҳудуди сохторҳои тектоникии Кофарниҳон, Вахш ва Кӯлоб якчанд майдонҳоро, аз ҷумла Соҳилӣ, Айваҷ, Гулдара, муайян карданд, ки дар ҳудуди онҳо мавҷудияти захираҳои саноатии нафту газ пешгуӣ шудааст.
Дар ҳудуди сохтори тектоникии Душанбе, дар масири ҷойгиршавии тарқиши Элок, мавҷудияти теъдоди муайяни конҳои гази табиӣ пешгуӣ шудааст, ки маҳалли ҷойгиршавии онҳо бо гузаронидани корҳои сейсмоиктишофӣ аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ мушаххас хоҳад шуд. Пешниҳод мешавад, ки барои ҳавасманд намудани сармоягузорони хориҷӣ, ки ҷиҳати гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, сейсмоиктишофӣ, парма намудани чоҳҳои жарфашон зиёд фаъолият доранд, то гирифтани фоидаи молиявӣ аз бонуси обунавӣ озод карда шаванд.
Чӣ тавре дар Паём омадааст, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз қабили омадани сел, фаромадани тарма ва ярч мушоҳида мешаванд, ки ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд мерасонанд. Дар робита ба ин дар сохтори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология гурӯҳи технологияи геоиттилоотӣ ва зондкунии дистансионӣ фаъолият менамояд, ки бо истифода аз усулҳои муосир таҳқиқоти илмӣ-муҳандисӣ минтақаҳое, ки зери таъсири равандҳои хатарноки табиӣ ҷой доранд, мавриди омӯзиш қарор дода, роҳи ҳалли мушкилотро назарсанҷӣ менамоянд.
Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ҷиҳати пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намуданро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироа гардидааст, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои амалӣ намудани самтҳои марбутаи он тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳад намуд.
Мавлонӣ С.Р.
Ходими пешбари илмии Институти
геология, сохтмони ба заминҷунбӣ
тобовар ва сейсмология