preloader

интизор шавед...

Сохти геологӣ, тектоника ва эҳтимоли мавҷудияти нафту газ дар майдони Қараултеппа

  • 25-фев-2024
  • 197 дидани саҳифа

Муаллифони ин мақолаи пажӯҳишӣ кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва  сейсмологияи АМИТ С.Р. Мавлонӣ, Ф.А. Раҳимов мебошанд. Мақола дар нашри ҳафтуми  “Асарҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология” (соли 2023) чоп шудааст.

Дар мақола маводи геологию геофизикии мавҷуда дар мавзеи Қараултеппа (минтақаи сохторию тектоникии Вахш) бо мақсади ошкор намудани объектҳои мавриди таваҷҷуҳ аз нуқтаи назари гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ дар онҳо аз нав таҳлил ва дида баромада шудаанд. Арзёбии муқоисавии сифати тайёр кардани сохтори Қараултеппа барои пармакунии чуқур оварда шудааст.

Дар мақола масъалаи сабабҳои эхтимолии ба вуҷуд омадани фишорҳои ғайримуқаррарии баланди қабатӣ (ФҒБҚ), махсусан дар ҳаҷми таҳшинҳои давраи табошир, аз нуқтаи назари ҷудошавии гравитатсионӣ барарсӣ шудааст.  

Муаллифон навиштаанд, ки он қисмат аз қаламрави водии Вахш, ки аз ғарб бо минтақаҳои антиклинали (анг.  Anticlineтоқдис ё антиклиналяк истилоҳи заминшиносӣ ба маънои чине, ки маъмулан ба табақот ё лояҳои замин, ки ду самти он рӯ ба поин бошад. Лояҳои қадимӣ дар маркази антиклинал қарор доранд) Кофарниҳон, аз шарқ Оби Гарм ҳаммарз мебошанд, аз ҳашт як ҳиссаи майдони заминҳои ояндадорро ташкил дода баробар ба 3700 километри мураббаъ мебошад. Дараҷаи иктишоф дар километри мураббаъ барои як ҷойи иктишофӣ 31,1 км мураббаъ, барои чоҳи параметрӣ 370,0, дараҷаи иктишоф дар метри мураббаъ – 64,9 аст.     

Ин мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ масъалаҳои зиёдеро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст ва мутахассисон метавонад бо матни комили он ин ҷо шинос шаванд: муфассалтар...

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту