Барфи шадид на танҳо ноҳияҳои кӯҳӣ, балки пойтахти нозанини мо - шаҳри Душанберо ҳам ба домонаш фаро гирифт. Дирӯз, 1-уми март, ки алакай дар тақвим аввалин рӯзи баҳор аст, ончунон барф борид, ки роҳҳову гулгаштҳову хиёбонҳоро пур кард. Гаштугузор ба мушкил рӯбарӯ шуд. Ва на танҳо роҳҳо, балки дарахтони чун сарв ба боло қадкашида аз вазнинии барф сар ба замин хам карданд.
Дар чунин лаҳза ин инсонҳоянд, ки бояд ҳам дар ғами амнияту бехатарии худ бошанд ва ҳам бехатарии табиатро таъмин кунанд.
Аз сари субҳ кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ якдилона ба кор ҳозир шуданд ва даст ба поккориҳо заданд
Онҳо роҳҳои атрофи Институтро аз барф тоза карданд, дарахтонро низ аз барф холӣ карданд ва сари хамшудаи шохаҳои навбарро дубора ба осмон боло карданд.
Кормандони Институт хуб мефаҳманд, ки барфи шадид дар ин айёми сол метавонад ба табиат ва бахусус дарахтон вазнинӣ орад. Шохаҳои шикаста дигар қад намекашанд ва ин дар солҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳатто аз тағйири иқлим бонги хатар мезанад, дар айёме, ки сарвари донишманди ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба дархатшинониву кабудизоркунӣ ташвиқ мекунанд, табиатро хароб мекунад.
Кори пурзаҳмати кормандони Институт то нимирӯзӣ идома кард ва ҳоло кулли дарахтони атроф ва кӯчаҳо, роҳҳои наздик ба бинои Институт пурра аз барфу барфтӯда тоза карда шуданд.
Аксҳои аз ҷараёни ҳамин поккориҳо, ки ҳамкорамон Расул Каримов ирсол кард.