preloader

интизор шавед...

Пайдоиш ва рушди геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар Тоҷикистон. Бахши сеюм

  • 01-мар-2024
  • 154 дидани саҳифа


Петрографҳои институт дар ҳалли масъалаҳои геологияи магматикии Помир саҳми назаррас гузоштанд. М.Ҳ.Ҳомидов яке аз аввалин схемаҳои хронологии магматизми интрузивии алпро дар Помири Ғарбӣ таҳия кардааст. Минтақанокии амудии интрузивҳо дар Помири Ғарбӣ (Р.Ҳ.Ҳасанов) омўхта шуда, таркиби маъдан ва қонуниятҳои паҳншавии маъданҳои аксессорӣ дар онҳо муқаррар карда шудааст (М.Б.Акрамов). Баъзе хусусиятҳои массивҳои гранитоидҳои минтақа тавсиф карда шудаанд (М. Халилов, О. Норметов). Маҷмааҳои вулқонӣ-плутонии Помири Марказӣ таҳқиқ карда шуда, дар як қатор ҳолатҳо табиати комагматикии онҳо асоснок карда шуд, гиреҳҳои маъданӣ-магматикӣ дар қаламрави Помири Ҷанубӣ муайян карда шуданд, ки имконияти ба тариқи нав тавзеҳ додани рушди таърихи геологии манбаъҳои магматикиро фароҳам овард (Х.С.Таҷиддинов). Ҷинсҳои ишқории марҳилаи субплатформаи Помири Шарқӣ тавсиф карда шуданд. Дар вобастагӣ ба ин, найчаҳои таркишӣ ошкор карда шуданд, ки имкон медиҳанд, оид ба сохт ва таркиби уфуқҳои амиқи қишри замин хулосабарорӣ кунем. Ноҳияи нави сангҳои қиматбаҳо дар Помири Марказӣ кашф карда шуд (Е.А.Дмитриев). Пегматитҳои металлҳои нодири Осиёи Миёна ва Марказӣ омўхта шуданд (Л.Н.Россовский, Ю.В.Скочилов). Ғояи мавҷудияти калонтарин дар ҷаҳон камарбанди пегматитӣ Ҳимолой бо металлҳои нодир ва сангҳои қиматбаҳо қад-қади сарҳади шимолии сипари Ҳиндустон асоснок карда шуд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти петрологии кормандони институт ба нашри монографияҳои калон асос шуданд: “Петрография Таджикистана” (дар ду ҷилд), “Эндогенные формации Памира”, “Метаморфические формации Таджикистана”, “Расчленение стратифицированных и интрузивных образований Таджикистана”, “Петрология и геохимия магматических формаций Таджикистана”, “Геодинамика и рудоносность шошонит-латитового магматизма Срединного Тянь-Шаня”, “Геологические очерки Памиро-Алая”, “Южно-Тянь-Шаньский пояс алмазоносных щелочных базитов” ва ғайра.

Таҳияи моделҳои петрологӣ ва геохимиявии қишри замин ва мантияи болоӣ (В.С. Лутков, В.В. Могаровский) имконияти ошкор кардани гуногунтаркибии геокимиёвии мантияро фароҳам оварданд. Метасоматизм ва магматизми мантияи Помир-Тёншон ҳамчун намунаи манбаъҳои амиқи маъдан ҳисобида мешаванд.

Табиати қабатҳои гузариши қишру мантиявӣ муайян гардида, дар равандҳои магматикии андерплейтингӣ ташаккулёбии қабати ғафси қишр дар Помир (то 75-80 км) бо далелҳо исбот шудаанд. Консентратсияи баланди як қатор унсурҳои нодири литофилӣ дар ҷинсҳои асосии ишқорӣ ва метасоматитҳои амиқ ошкор карда шуд, ки хусусияти мантиявии ин унсурҳоро нишон медиҳад. Кормандони лаборатория мавҷудияти ноҳияи алмоси техникии Тёншони Ҷанубиро исбот карданд, найчаҳои таркишӣ муайян гардиданд, ки дар асоси онҳо дар мавриди сохти дохили қишри замин хулоса баровардан мумкин аст, таркиби алмосдории базитҳои ишқории Помир ва Тёншони Ҷанубӣ ошкор гардид. Дар асоси омўзиши ҷинсҳои метаморфӣ ва ксенолитҳои қадим аз найчаҳои таркишӣ, бори аввал дар Осиёи Миёна моделҳои геологӣ ва петрологии қишри замин ва мантияи болоии Тоҷикистон сохта шуда (Р.Б.Баротов, В.С.Лутков, В.И.Буданов, В.В.Могаровский А.К.Мелниченко, Н.В.Шарапов), форматсияи монсонит-сиенити давраи перм дар Тоҷикистони Марказӣ ҷудо карда шуданд (А.К.Мелниченко). Маълумоти бадастомада метавонанд дар тартиб додани харитаҳои металлогенӣ, гузаронидани ноҳиябандии тектоникию сейсмотектоникӣ ва харитаҳои ҳаҷмии ноҳияҳои маъданӣ истифода шаванд.

Нақши афзояндаи саноати маъдан ва талаботи рўзафзуни иқтисоди ҷумҳуриро ба назар гирифта, лабораторияҳои нави омўзиши комплексҳои метаморфӣ, ашёи хоми худҷило ва равандҳои чуқури тавлиди маъдан ташкил карда шуданд. Дар муддати кўтоҳ оид ба таркиб ва сохтори комплексҳои метаморфии Тоҷикистон натиҷаҳои муҳим ба даст оварда шуда, таркиби потенсиалии тиллодории форматсияи варақсанги сабз муайян карда шуданд.

Метаморфизми қабатҳои токембрий ва фанерозойи Помир ва Ҳисору Олой омўхта шуданд, дурнамои ин минтақаҳо нисбат ба як қатор канданиҳои фоиданок муайян карда шуда, харитаи форматсияҳои метаморфии Тоҷикистон тартиб дода шудааст (В.И.Буданов, К.Т.Буданова, В.Е.Минаев, В.И.Киселев). Дар даҳсолаи охир оид ба модели петрографӣ-геокимиёвии форматсияи глаукофан-варақсанги сабзи тиллодор дар мисоли камарбанди метаморфикии Фон-Қаротегин натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд, инчунин қонунияти ташаккулёбии ҷисмҳои гранит-гнейсҳои метаморфогенӣ бо минерализатсияи сангҳои худҷило омўхта шуда, таҳлили таркиби потенсиалии тиллои сохтори Кеврон-Ҷафр анҷом дода шуд (В.Е.Минаев).

Натиҷаҳои корҳои илмии зиёд ва аҳамияти амалии онҳо ҳангоми омўзиши конҳои канданиҳои фоиданок ва мушкилоти минтақавии металлогенӣ ба даст омаданд. Тадқиқоти бунёдии олимони соҳа ба таҳияи стратегияи ҷустуҷўи конҳои металлҳои ранга, металлҳои нодир ва дигар канданиҳои фоиданок дар ҷумҳурӣ мусоидат карданд. Тадқиқот дар ин самт бо ташаббуси Э.Д.Карпова дар Қарамазор бо назардошти сохти геологӣ, таркиби минералӣ ва парагенезиси минералҳо дар скарн, ки минерализатсияи полиметаллӣ ва магнетитӣ бо он алоқаманд аст, шуруъ шуд. Дар ин замина скарнҳои волластонитии Ҷангалик омӯхта шуданд (М.3.Кантор). С.К.Арбузова таркиби минералии конҳои Конимансур, Кондара, Диамалик, Ёкунҷ ва Дарайсоро тавсиф кард. Ҳангоми омўзиши сохти майдонҳои маъданӣ ва шароити физикӣ-химиявии ташаккули маъданҳои намудҳои гуногуни генетикӣ натиҷаҳое ба даст оварда шуданд, ки барои кашфи конҳо ва ҷустуҷўи ҷисмҳои пинҳони маъдан аҳамияти калон доранд (В.Д.Сазонов, Б.А.Алидодов).

Ҷойгоҳи муҳим дар дастовардҳои институт ба таҳқиқоти минералогӣ ва минерагенӣ мансуб аст. Олимони институт хусусиятҳо ва қонуниятҳои паҳншавии фазоии минерализатсияи эндогении қаламрави ҷумҳуриро омўхтанд, хусусиятҳои минералогӣ, геокимиёявӣ ва генезиси тилло, нуқра-полиметаллҳо, флюорит, селестин, сурмаву симоб ва рагҳои кварсии дорои кристаллҳои баландсифат, параметрҳои физикӣ-химиявӣ ва ташаккулёбии онҳоро муайян карданд ва меъёрҳои ҷустуҷў, пешгўӣ ва арзёбии намудҳои гуногуни минерализатсияро коркард намуданд. Ноҳияи нави сангҳои қиматбаҳо дар Помири Марказӣ кашф ва мавҷудияти камарбанди минерагении Помир-Ҳимолой асоснок карда шуд, ки дар он зуҳуроти зиёди сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои нодир ба қайд гирифта шуданд. 

Харитаи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон

(Миқёс 1:1500000)

Асарҳои А.Р.Файзиев ба таҳқиқоти минералогия, геохимия, термобарогеохимия, қонунҳои паҳншавии конҳои флюорит дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Вай дар баробари флюорит, ба таҳқиқоти худ як қатор маъданҳои дигар - аксинит, ортит, галенит, сфалерит, антимонит, барит, шпинел ва ғайраро дохил кард. Ғайр аз ин, А.Р. Файзиев дар баҳодиҳии горизонтҳои амиқ ва паҳлўҳои яке аз калонтарин конҳои Замин – Конимансури Калон, инчунин дигар конҳои нуқра-полиметаллии Қарамазор саҳми назаррас гузоштааст. Ў аввалин бор карбонатитҳоро дар массивҳои ишқории Дункелдик (Помири Шарқӣ) ва Дараи Пиёз (Тоҷикистони Марказӣ) ошкор намуд ва онҳоро тавсиф кард. Дар яке аз онҳо, кони азими металлҳои нодирзамин-флюорит ва дар дуюм - беш аз си минералҳои нав кашф карда шуданд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти минерагенӣ дар маҷмўаи даврии “Минералогия Таджикистана”, дар “Труды Института геологии”, инчунин дар шакли монографияҳо “Минералогия, геохимия и условия образования золото-сульфидных месторождений в формации магнезиальных скарнов (Центральный Таджикистан)”, “Минералогия, геохимия и генезис некоторых эндогенных месторождений Таджикистана”, “Минералогия, генезис и закономерности размещения флюоритовых месторождений Центрального Таджикистана”, “Геолого-генетическая модель флюоритообразования (на примере месторождений Таджикистана)”, “Элементы-примеси как индикаторы генезиса флюоритов”, “Минералогия и условия образования многометального месторождения Большой Канимансур”, “Минералогические особенности и генезис Кухилалского месторождения благородной шпинели” ва ғайра нашр шудаанд.

Дар солҳои истиқлолият, институт таҳқиқи конҳои маъданиро бо усули термобарогеохимия таҳти роҳбарии бевоситаи А.Р.Файзиев рушд медиҳад. Дар натиҷаи пешбурди таҳқиқоти муфассал аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон (И.С.Оймаҳмадов, М.Л.Гадоев, М.Б.Самиев, Ф.А.Файзиев, С.А.Элназаров ва ғайра), шароити термобарогеохимиявии пайдоиши конҳои аметист, барит, нуқра-полиметаллҳо, мис-висмут, инчунин конҳои сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ошкор карда шуд. Умуман, олимони Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне мебошанд, ки дар миёнаи асри гузашта усулҳои термобарогеохимияро дар омўзиши конҳои маъдан истифода бурдаанд. Онҳо (В.Д.Сазонов, С.А.Морозов, А.Х.Ҳакимов, В.В.Могаровский, А.Р.Файзиев, А.М.Раҳманов, Б.А.Алидодов, Г.А.Ишаншо, Э.М.Григорева) саҳми арзандаи худро дар рушди илмӣ, методӣ ва техникии асосҳои термобарогеохимияи равандҳои эндогенӣ гузоштаанд.

 

П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода

М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим,

номзади илмҳои геология ва минералогия  

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту