Донишмандони Ҷумҳурии Маҷористон, ки муддати ду ҳафтаи охир дар як омӯзиши муштарак бо ҳамтоёни тоҷики худ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд, мегӯянд аз роҳандозии пажӯҳишҳои амалӣ ду тараф суд мебаранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки табодули назарҳо дар илм ва матраҳ кардани масъалаҳои гуногуни илмӣ байни олимон самаранокии корро боз ҳам зиёдтар мекунад. Маҳс ба хотири табуддули афкор ва дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз 31-уми август то 12-уми сентябри соли 2023 омӯзиши суфаҳои дарёҳо якҷоя дар доираи корҳои саҳроии муштараки олимони Тоҷикистону Маҷористон ба роҳ монда шуд.
Дар ин корҳо Ҷумҳурии Маҷористонро се нафар профессорон ва як нафар донишҷӯи факултети геоинформатика, физика ва географияи муҳити атрофи Донишгоҳи Сзегед намояндагӣ намуданд.
Мақсади асосии гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ин муайян кардани синну соли суфаҳои дарёҳо ба ҳисоб мерафт. Ғайр аз муайян кардани синну соли суфаҳо натиҷаҳо барои арзёбии суръати афзоиши пайдоиши кӯҳҳо кумак мерасонанд.
Ҷараёни корҳодарсаҳро
Аз минтақаи омӯзишӣ мувофиқи нақша зиёда аз сад намуна барои гузаронидани таҳлилҳо гирифта шуданд. Натиҷаи корҳои муштарак дар маҷаллаҳои бонуфузи дохил ва хориҷӣ кишвар чоп мешавад.
Намояндагони Ҷумҳурии Маҷористон қайд карданд, ки роҳандозии корҳои муштарак ба фоидаи ҳарду тараф мебошад ва дар оянда мо якчанд ин гуна корҳои илмӣ-таҳқиқотии якҷояро ба роҳ хоҳем монд, ки онҳо самтҳои гуногуни илми геологияро дарбар мегиранд.
Дар корҳои саҳроии муштарак олимони зерин иштирок намуданд:
1. Файзуллоев Шаҳнавоз - ходими калони илмии Институт;
2. Нарзиев Ҷамшед - муҳандиси Институт;
3. Сипос Гиорги - профессори Донишгоҳи Сзегед;
4. Барта Кароли - профессори Донишгоҳи Сзегед;
5. Угрин Питер - профессори Донишгоҳи Сзегед;
6. Акос Винс - профессори Донишгоҳи Сзегед;
Ш. Файзуллоев