preloader

интизор шавед...

Парчам - яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ

  • 21-ноя-2023
  • 73 дидани саҳифа


  Парчам, ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ дар таърихи тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои мавҷуда ин суннати ачдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад. Ниёгони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти гузаштаю пурғановати мо он бо номи дирафш ёд мешавад.

  Дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба муқобили беадолатии душманон мубориза бурд, ба расмият ворид шуд. Дар ин бора дар асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад.

  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се раҳи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайнҷойи парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Дар умум ин рамзи соҳибистиқлолӣ – таҷассумгари таърихи тамаддун ва ояндаи дурахшони ватани азизамон мебошад.

  Соли 2008 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ, гиромидошту арҷгузории ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчам эълон гардид. Таҷлили Рӯзи Парчам дар замири ҳар як фард эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад.

  Боиси ифтихор аст, ки дар таърихи навини кишвари маҳбубумон тарҳрезии майдони парчам ва сутуни он бо гулгаштҳои васеъ, кӯли сунъӣ, фаввораҳо, муҷассамаҳои қаҳрамонони таърихӣ дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 оғоз гардида буданд. Барои лоиҳакашӣ ва сохтмони сутуни парчами миллӣ дар қатори ширкатҳои ватанӣ ширкати америкоии Trident Support, ки ба сохтани сутунҳои парчам дар саросари ҷаҳон бо таҷрибаи бой худ машҳур буд, ҷалб гардид. Дар он вақт баландтарин сутуни парчам бо баландии 163 метр дар Бокуи Озарбойҷон сохта шуда буд. Ҳамин тавр, сохтмони сутуни парчам 24 ноябри соли 2010 дар рӯзи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз шуд. Ифтитоҳи расмии он 30-юми августи соли 2011 баргузор шуда, ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар ин вақт, сутуни парчами Тоҷикистон ҳамчун баландтарин сутуни парчам дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид  шуда то моҳи сентябри соли 2014, то замони насби сутуни парчами навбатӣ бо баландии 170 метр дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ боқӣ монд.

  Мавриди зикр аст, ки мутахассисони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар корҳои сохтмонии сутуни парчам аз рӯзи оғоз то ифтитоҳи расмии он фаъолона иштирок намуданд. Ҳоло ҳам дар ҳамкории муштарак бо ширкати Talco Management Ltd. дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши ҳолати техникии пайвастагиҳои конструксияҳои металлии сутуни Парчами давлатӣ гузаронида мешаванд.

Расм. Боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти сохташаванда дар майдони Парчам, ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2010.

  Имсол аз оғози таҷлили "Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон" 15 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат дар маркази ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар майдони ин рамзи асосии давлатдории тоҷикон бо услубҳои хоси меъморӣ бунёд шуда он ба яке аз маконҳои асосии сайру гашт ва истироҳати шаҳрвандони ватани азизамон табдил ёфтаст.

  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибиҳтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми ҳуд равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

  Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтиҳор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.


Аминзода П., Гадоев М.Л., Ғафуров Ф.Г.

Институти геология, сохтмони ба

заминҷунбӣ тобовар ва

сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту