preloader

интизор шавед...

Ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

  • 12-дек-2023
  • 130 дидани саҳифа

  Имсол ҳамкориҳои байналмилалии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология бо донишгоҳҳо, институтҳо ва марказҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷи дуру наздик бо дастгирии бевоситаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон густариш ёфтанд.

  Дар ин замина, санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ ҳайати баландпояи Донишгоҳи Чинии илмҳо оид ба Замин бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштараки илмию таълимӣ, амалӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи геология байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқи Хитой ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ташриф оварданд.

  Ба ҳайати меҳмонон бо роҳбарии муовини ректори Донишгоҳи Чинии илмҳо оид ба Замин Xiong Wu ва роҳбарони раёсатҳои ин донишгоҳ Nengxiong XU, Qisheng Zhang, Wanjing Luo ва Ni Kang дохил буданд.

  Роҳбарияти институт ҳайати меҳмононро ба хушӣ пешвоз гирифта бо иштироки мудирон ва олимону кормандони ҷавон мизу мудаввар барпо намуданд.

  Сароғоз директори Институт, Аминзода Пулод меҳмононро ба институт хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои ташриф овардан ва ташаббуси ҳамкорӣ намудан изҳори сипос намуданд. Сипас, меҳмононро бо фаъолияти илмию ташкилии имрӯзаи институт, лабораторияҳо ва самти корҳои илмию тадқиқотӣ, ихтисосҳо аз наздик шинос намуда, дастоварду комёбиҳои аҳли коллективи меҳнатии муассисаро муаррифӣ карданд. 

  Ҳайати меҳмонон, зимни сӯҳбат доираи имкониятҳои мавҷудаи Донишгоҳи Чинии илмҳо оид ба Замин, аз ҷумла раёсатҳо, шуъбаҳо, лабораторияҳо, ихтисосу самти фаъолият ва ҳамкориҳои муштараки хориҷӣ, лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳро муаррифӣ карда, барои барпо намудани ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои мавҷуда байни ҳарду муассиса, таклифҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, қайд намуданд, ки айни замон як нафар корманди институт дар Донишгоҳи Чинии илмҳо оид ба Замин, дар риштаи магистратура таҳсил менамояд. Ва  вобаста ба ин, барои  саҳми худро дар тарбияи мутахассисони баландпоя ва ривоҷ додани мубодилаи илмию амалӣ муштарак гузоштан, изҳори омодагӣ намуданд. Дар ин замина байни меҳмонон ва мутахасисини соҳа сӯҳбатҳо, мубодилаи афкор сурат гирифт.

  Маъмурияти институт бори дигар меҳмононро хушомадед гуфта, барои дидан намудан аз осорхонаи геологӣ ва дигар лабораторияҳо даъват намуданд. Дар ин асно ҳам байни иштирокчиён гуфтугӯҳо, муҳокимарониҳо, мубодилаи илмӣ ва таклифҳои ҷолиб баргузор гардид.

  Дар фарҷом намояндагони Донишгоҳи Чинии илмҳо оид ба Замин, ки ҳадафи сафарашон аз роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба байни муассисаҳо иборат буд аз меҳмоннавозии самимона ва иштироки васеи олимон дар ин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, лоиҳаи созишномаи муштараки ҳамкориро ба маъмурияти институт пешниҳод карданд.

  Роҳбарияти муассиса, дар навбати худ ба иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Донишгоҳи Чинии илмҳо оид ба Заминро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тарафайн ва ба роҳ мондани табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ баҳои баланд дода, ин ташаббусро саривақтӣ ҳисобида, дар ин ҷода ба онҳо муваффақиятҳои нав ба нав орзу намуданд.

 

Мустафо Гадоев,

Ибодулло Қараев

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту