Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шароити басо мураккаби таърихи созмон додани сохторҳо ва барқарор кардани сулҳу суботи сартосарии кишвар кори осон набуд. Тарафҳои манфиатдор лаҳза ба лаҳза вазъиятро мураккабтар менамуданд. Роҳбарони онвақтаи кишвар натавонистанд, ки вазъияти сиёсии кишварро таъмин намуда ба халқ зиндагии шоистаро кафолат диҳанд. Дар ҳамин вазъияти ҳасос ва бениҳоят мураккаб интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин худ ҳадяи тақдири миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Халқи тоҷик дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллатро медиданд. Суханҳое, ки аз минбарҳо баромад мекард ҳама самимӣ ва сидқан буд. Ҳамаи ҳамин самимият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат оварда расонид. Халқи тоҷик дар симои шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии халқ дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Барои арҷгузори ва эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои халқ ва ташкилдиҳии мактаби давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат, оромию якдилӣ, сарҷамъии мардуми Тоҷикистони азиз ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи байналмилалӣ, ки ба фаъолият ва сиёсати муваффақонаи босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории амалкунандаи кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста, ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо ба сиёсати пешгирифта, ҳимояи ҳуқуқҳои халқ дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар сиёсати давлатдорӣ ва тарози дунявии тафаккур ҳадафҳои муаррифии миллат ва густариш додани иқтидори рӯзафзуни империяи хеш, болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, дурандешу фозил ва хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Лозим ба ёдовари аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 32-соли истиқлолияти давлати сафарҳо ба кишварҳои хориҷ, баромад аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи миллати куҳанбунёди тоҷик талошҳои зиёде кардааст.
Халқи тоҷик дар баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор зиндагии осударо паси сар намудаистодаанд. Ҳамчунин дастовардҳои безаволи фарҳангиро бо беҳтарин бозёфтҳои таърихӣ, ки нишон аз қадима будани миллатро шаҳодат медиҳад ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намуда аз онҳо пуштибонӣ менамояд.
Вобаста ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус нишон дода Тољикистонро, њамчун мамлакати ташаббускор муаррифӣ намуда, панҷ ташаббуси муњими марбут ба об ба Ассамблеяи Генералии СММ пешнињод кардааст: аз ҷумла; Эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003; Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт», солњои 2005-2015; соли 2013- соли байналмилалии њамкорињо дар соњаи об ва Дањсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028»; эълон гардидани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо.
Дар доираи ин ташаббусҳо вобаста ба масъалаи обу иқлим хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи пешниҳоди Президенти Тољикистон, муҳтарам Эмомалї Рањмон оид ба эълон кардани соли ҳифзи пиряхҳо 14-уми декабри соли 2022 СММ қабули қатъномаро бо мазмуни зайл қабул кард:
- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Дар заминаи ин қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид маълум карда шуд, ки соли 2025 пас аз оғози рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, солҳои қаблӣ рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз натиҷаҳои бадастомадаи таҳқиқотҳои гузаронидашудаи экспедитсияҳо, корҳои илмию таҳқиқӣ, мониторинги доимӣ дар самти пиряхҳо, тамоми ҷаҳон натиҷагирӣ карда шуда ба сатҳи ҷаҳониён пешниҳод карда мешавад.
Ҳолати имрӯзаи пиряхҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дар соли 2025 таҳлил карда шуда, мушкилоти аҳолии сайёра аз нарасидани оби ошомиданӣ мушаххас карда мешавад. Барои пиряхҳои боқимонда роҳҳои ҳифзи онҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим пешниҳод карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки яке аз сабабҳои обшавии пиряхҳо ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво, инчунин тағйир ёфтани иқлим ин аз ҳисоби истеҳсоли газҳои гулхонаӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар тамоми гушаву канори кишвари азизамон Рӯзи Президент бо як шукуҳи хоса, бо таври тоҷикона дар қатори дигар ҷашну маросимҳои аҷдодӣ бо ташкил намудани конференсияҳо, ҳаммоишҳо, мизи мудаввар, консертҳо ва шеъру сурудхонӣ, бо дастовардҳои навин зери осмони соф, ваҳдату якпорчагӣ ҷашн гирифта мешавад.
Аминзода П., Гадоев М.Л., Давлатов Ф.С.