Аз соли 1976 дар ш.Душанбе Шуъбаи осиёимиёнагии сексияи Шўрои байниидоравӣ оид ба сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар назди Раёсати АИ ИҶШС ба фаъолият шурўъ намуд.
Дар соли 1979 дар заминаи Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази минтақавӣ оид ба пешгўйии заминҷунбиҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон ташкил карда шуд, ки кўшишҳои муассисаҳои сейсмологиро ба ҳалли ин масъалаи муҳим муттаҳид менамуд. Дар Душанбе аз соли 1980 солномаи «Заминҷунбиҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон» ва аз соли 1982 – Маҷмуаи илмии умумииттифоқии «Пешгўйии заминҷунбиҳо» ба нашр оғоз намуд, ки шумораи якуми он ба таҳқиқотҳои пешгўйикунанда дар Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар шумораи сеюми он (соли 1983) ба ҳолати таҳқиқотҳои пешгўйикунанда дар Иттиҳоди Шўравӣ бо назардошти дастовардҳои нави ватанӣ ва хориҷӣ баҳодиҳӣ карда шуда, муқаррароти асосӣ оид ба таъсиси полигонҳои пешгўйикунанда ва усулҳои пешгўйии заминҷунбиҳои харобиовар оварда шуда буд.
Барои гузаронидани ноҳиябандии сейсмикӣ ва таҳқиқи зилзиланокӣ дар маҷрои миёна ва болои дарёи Вахш, ки дар он сохтани каскади НБО ба нақша гирифта шуда буд, шабакаи пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ амал мекунад ва васеъ мешавад. Аз соли 1979 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мушоҳидаҳои сейсмологӣ дар институт воҳиди махсусгардонидашуда – Дастаи (ё гурӯҳи) таҷрибавию методии сейсмологӣ таъсис дода шуда, он соли 1980 ба Экспедитсияи таҷрибавию методии геофизикӣ табдил дода шуд. Роҳбарони ин экспедитсия дар солҳои гуногун инҳо буданд: В.Л.Голубятников, В.И.Старков, В.М.Кулагин, Палсева Н.Д., Саломов Н.Г. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти реҷаи сейсмикӣ ва сейсмотектоника ноҳиябандии муфассали сейсмикии ҳавзаи дарёи Вахш ва водии Ҳисор гузаронида шуд, корҳо оид ба омўзиши реҷаи сейсмикӣ ва омори заминҷунбиҳо ба роҳ монда шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Институти физикаи Замини Академияи илмҳои Россия методикаи баҳодиҳии миқдории хатарнокии сейсмикӣ коркард шуд, методикаи ноҳиябандии сейсмикӣ хеле такмил дода шуд, ки он дар дигар ноҳияҳои сейсмофаъол татбиқ шуданд. Усулҳои таҳияшудаи коркарди маълумотҳои сейсмикӣ, омўзиши реҷаи сейсмикӣ, баҳодиҳии завминҷунбиҳои имконпазир, усулҳои зоҳиркунии акустикӣ ва сейсмикии ноҳияҳои сейсмофаъол ва монанди инҳо рушд карданд. Натиҷаҳои корҳое, ки дар ин самт аз тарафи А.В.Козлов, Л.А.Скорик, О.В.Соболева, Ю.А.Мамадалиев, Г.К.Почоҷонова, К.М.Мирзоев, А.А.Лукк, А.Я.Баринова, Т.Ф.Беликова, Г.П.Шкляр, Г.Н.Шокирҷонова, Г.Э.Благовещенская, М.В.Кулагина, М.Л.Белеловский, А.С.Маламуд, Р.С.Михайлова, И.А.Дадаҷонов ва дигарон иҷро шуданд, берун аз ҳудуди Тоҷикистон маълуманд.
Рушди назарияи сарбориҳои сейсмикӣ ба биною иншоот боиси коркарди методикаи нави таҳқиқи зилзилабардорӣ гардид, ки он ба имитатсияи пурраи таъсироти сейсмикӣ ба иншоот имкон дод. Аз рўйи натиҷаҳои таҳқиқотҳои анҷомдодаи кормандони институт - А.И.Золотарев, С.В.Кожаринов, А.И.Белолипесткий, В.Г.Гавриков ва дигарон пешниҳодҳо оид ба мукаммалсозии конструксияҳои биноҳои дар ҳудуди Тоҷикистон сохташаванда ва тавсияномаҳо оид ба ҳисоби онҳо дар таъсироти сейсмикӣ зимни тартиб додани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ истифода шуданд.
Дар як қатор ноҳияҳои шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии С.В.Кожаринов шиносномадиҳии биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ бо мақсади арзёбии осебпазирии онҳо ҳангоми заминҷунбиҳои қавӣ ва қабули чорабиниҳои зарурӣ барои паст кардани хатари сейсмикӣ гузаронида шуд.
Аз соли 1972 дар чаҳорчўби Созишномаи шўравӣ-амрикоии ҳифзи муҳити зист, институт ҳамкориро бо муассисаҳои илмии Амрико оид ба таҳқиқи зилзиланокии ангехта дар ноҳияи обанбори Норак, ҳаракатҳои қавӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон амалӣ кард. Аз ҷониби С.Ҳ.Неъматуллоев, К.М.Мирзоев, Д.Симпсон, Т.Козинский, О.В.Соболева таъсири бо об пур шудани обанбори Норак ба тағйирёбии ноҳияи сейсмикӣ ошкор ва омўхта шуд.
Зилзилахез будани ноҳияи НБО-и Норак то ва баъди бо об пур кардани обанбор
Дар ибтидои солҳои 80-ум дар заминаи маркази ҳисоббарории институт якҷо бо Институти физикаи Замини АИ ИҶШС, Институти мошинҳои электронии идорашавандаи Вазорати асбобсозии ИҶШС бори нахуст дар Иттиҳоди Шўравӣ системаи автоматикардашудаи пешгўйии заминҷунбиҳо таъсис дода шуд, ки он дар ш. Душанбе дар соли 1982 ба кор шурўъ намуд. Саҳми калонро дар таъсиси ин система М.А.Садовский, С.Ҳ.Неъматуллоев, П.В.Кевлишвили, С.Н.Хрушев, Б.В.Костров, И.Л.Нерсесов, Д.Г.Бибарсова гузоштанд.
Маълумотҳои таҷрибавии ҷамъоваришуда оид ба хусусияти зуҳури заминҷунбиҳо ва таъсироти онҳо ба биною иншоот барои таҳқиқот дар соҳаи сохтмони зилзилабардор аҳамияти муҳим доранд ва ҳангоми ҳалли масъалаҳои таъмини зилзилабардории сарбанди НБО-и Норак ва асосноккунии зилзилабардории сарбанди НБО-и Роғун зарурат доштанд. Маҷмуи таҳқиқот оид ба микроноҳиябандии сейсмикии шаҳру шаҳракҳои аҳолинишин, ҳамчунин корҳо оид ба микроноҳиябандии сейсмикӣ ва ноҳиябандии муфассали сейсмикӣ якҷо бо воҳидҳои сохтмони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомувафаққият гузаронида шуданд ва имкон доданд, ки ҳолати муҳандисию сейсмологӣ барои шаҳру маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ муқаррар карда шавад, тавсияномаҳо оид ба таъмини зилзилабардории сохтмони чунин объектҳои гидроэнергетикӣ ва саноати, мисли гидрогиреҳҳои Нораку Роғун, Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотии Вахш, Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, Корхонаи электрохимиявии Ёвон, Корхонаи содабарории Конибодом, Корхонаи маъдантозакунии Анзоб пешниҳод карда шуданд. Дар оғози солҳои 90-ум барои бештар аз 20 шаҳри ҷумҳурӣ харитаҳои микроноҳиябандӣ тартиб дода шуданд, ки барои сохтани биною иншоот бо назардошти хатарнокии сейсмикӣ имкон доданд. Ин харитаҳо аҳамияти муҳими амалӣ барои лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳо доштанд.
Аз соли 1976 дар Душанбе як силсила корҳои олимони шўравию амрикоӣ дар мавриди пешгўйии заминҷунбиҳо ва сохтмонҳои ба зилзила тобовар чоп мешуданд. Сейсмологҳои ҷумҳурӣ корҳоро оид ба ноҳиябандии сейсмикӣ ва микроноҳиябандӣ дар Куба, дар шимоли Афғонистон бомувафаққият пеш бурданд. Робитаи наздик ҳамчунин бо муассисаҳои илмии Чин, Ҳиндустон, Фаронса ва ғайра амалӣ карда шуданд.
Дар замони ноустувории сиёсии солҳои 1992-1993 қисми зиёди заминаи таҷрибавии институт, шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ, геофизикӣ ва пойгоҳҳои муҳандисию сейсмометрии он аз кор монданд. Мутахассисон берун аз ҷумҳурӣ рафтанд ва робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ қариб пурра канда шуданд.
Бо барқарор шудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, сайю кўшиши асосии кормандон ба барқарорсозии шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ дар Тоҷикистон, пойгоҳҳои таҷрибавии институт, азнаварзёбӣ ва таҳлили натиҷаҳои қаблан ба даст овардашуда дар партави фарзияҳои нав ва усулҳои ҷадиди тадқиқот бо истифода аз технологияҳои нав равона карда шуд.
Дар Институти сейсмология тадқиқот оид ба арзёбии хатари сейсмикӣ ва хавфи сейсмикӣ дар асоси методологияи нав бо роҳбарии С.Ҳ.Неъматуллоев ва А.Р.Ишук дар ҳамкории зич бо Институти геологияи АИ ҶТ, ИФЗ АИР, маркази мониторинг ва пешгўии ҳолатҳои фавқулодда дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Россия гузаронида шуданд. Натиҷаи тадқиқот дар ин самт сохтани маҷмўи харитаҳои минтақабандии умумии сейсмикии Авруосиёи Шимолӣ (OСР-97) буд.
Проблемаи таъсири фаъолияти инсон ба тағйироти муҳити зист ҳангоми сохтмони обанборҳои калон аз мавқеи нав дар мисоли минтақаи Норак-Роғун таҳқиқ карда шуд. Дар ин таҳқиқот ҳамкасбони канадагӣ бо сарварии Т. Владут кўмаки калон расонданд.
Натиҷаҳои тадқиқот оид ба муайян кардани соҳаи татбиқи усули имитатсияи заминҷунбӣ бо тарқишҳо, ки соли 1998 якҷоя бо мутахассисони амрикоӣ - М.Трифунак, В.Ли ва М.Тодоровский гузаронида шуда буданд, имкони истифодаи усули такрори (имитатсияи) заминҷунбиро бо таркиш барои санҷиши иншоотҳои мураккаби муҳандисӣ, аз ҷумла пулҳои дарозиашон калон, ки дар ИСЗТС коркард шуда буд, нишон доданд. Дар ин самт, институт гузаронидани таҷрибаи калонмиқёсро дар озмоишгоҳи "Лоҳур" аз сохтани объектҳои санҷишӣ то вайрон шуданашон ба нақша гирифт. Озмоиш дар ин ҳолат, ки гузаронидани он имрўз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, имкон медиҳад, ки фаъолияти иншоот дар марҳилаи аз даст додани қобилияти бардоштабарии ҳам унсурҳои алоҳидаи он ва ҳам иншоот дар маҷмўъ ҳангоми ҳаракатҳои бузурги замин омўхта шавад ва ба инкишофи минбаъдаи усулҳои ғайрихаттии ҳисоббарорӣ, назария ва амалияи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар такон медиҳад.
Спектрҳои лаппиши хок, ки дар полигони «Лоҳур» тавассути таркишҳои сейсмикӣ ангехта шудаанд, дар муқоиса бо спектрҳои воқеии заминҷунбиҳо ва микросейсҳо.
П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода
М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои геология ва минералогия